КИБОРИЁН Бобоҷон Киборзода

9 апрели соли 1966 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (аз январи соли 2005). Таҳсилро аз соли 1973 дар мактаби миёнаи № 1-и ноҳияи Данғара сар кардааст.
Баъди синфи панҷум таҳсилро дар мактаби миёнаи № 56-и ноҳияи номбурда давом дода, соли 1983 онро бомуваффақият хатм намудааст. Пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ супорида, баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ҳамчун донишҷӯи курси якуми факултети математика таҳсилро дар донишгоҳи мазкур давом дод. Баъди ба итмомрасии курси дуввум ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуд. Соли 1988 пас азадои хизмати ҳарбӣ таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав давом дода, онро соли 1992 хатм намуд. Пас аз хатми донишгоҳ ҳамчун омӯзгори фанни математика дар мактаби миёнаи № 15-и ноҳияи Данғара ба кор шурӯъ кард. Моҳи январи соли 1993 бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ӯро ба ҳайси омӯзгори кафедраи таҳлили математикӣ ба кор қабул намуданд.
Солҳои 1994-1995 дар вазифаи ҷонишини декани факултаи математика кор кардааст. Соли 1996 аз тарафи донишгоҳ ӯро ба муҳлати як сол ба сифати коромӯз ба Пажӯҳишгоҳи математикаи АФ ҶТ ба шаҳри Душанбе равон намуданд. Баъд ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи ДДО Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дохил шуд. Соли 2001 таҳсилро дар аспирантура ба охир расонида, ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргашта, ба ҳайси саромӯзгори кафедраи информатика ва ТҲ ба кор шурӯъ намуд. Соли 2002 таҳти роҳбарии доктори илмҳои физика-математика, узви вобастаи АУ ҶТ Қурбонов Икром рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Тадқиқоти аналитикии системаи муодилаҳои ғайрихаттии барқӣ-магнитии чандирӣ» дифоъ намуд. Дар баробари кор ва фаъолият намудан дар кафедраи номбурда, инчунин вазифаи раиси олимони ҷавони донишгоҳро ба уҳда дошт. Ӯро 3.01.2005 ба вазифаи сардори раёсати таҳсилоти донишгоҳ таъин намуданд. Дар ин вазифа то 15.05.2006 кор кард. Аз 15.05.2006 бо пешниҳоди ректори донишгоҳ ва фармони ВМ ҶТ, таҳти № 442 ба вазифаи ноиби ректор оид ба таҳсилоти ғоибона гузаронида шуд.
Аз соли 2009 то моҳи сентябри соли 2015 дар вазифаи декани факултаи информатика кор кардааст. Ҳоло дар вазифаи ноиби ректор оид ба иқтисод фаъолият дорад. Кибориён Б.К. соли 2012 бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2014 бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикстон» сарфароз гардонида шудааст.
К