РАҶАБОВ Холмурод Ашӯрович

30-юми марти соли 1967 дар қишлоқи Кодараи ноҳияи Ҳамадонӣ (собиқ Москва), вилояти Хатлон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи № 3-и н. Ҳамадониро соли 1984 хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, факултети забон ва адабиёти рус супорида, баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ, сазовори номи донишҷӯӣ гаштааст. Солҳои 1985-1987 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ адои хизмат намуда, пас аз он ба донишгоҳи номбурда баргашта таҳсилро давом дода, онро соли 1991 хатм кард. Соли 1991 ӯро бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ҳайси омӯзгори кафедраи педагогика ва психология ба кор таъин намуданд, ки то имрӯз кор ва фаъолият намуда истодааст. Мавсуф дар вазифаҳои омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (1991-1993), ҷонишини декани факултаи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (1993-1994), иҷрокунандаи вазифаи декани факултаи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (1994-1995), аспиранти шуъбаи ғоибонаи пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995), омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав (1995-2002), саромӯзгори кафедраи педагогика ва психология, раиси Шӯрои кураторони факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2002-2005), роҳбари таҷрибаи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2005-2007), ҷонишини сардори шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2007-2008), ҷонишини аввали декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2008-2009), декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2009-2011), декани факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2011-2016), дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2016-2017) фаъолият кардааст,
9-уми июни соли 2007 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Такмили тайёрии касбии донишҷӯёни донишгоҳҳои олии омӯзгорӣ дар ҷараёни таҷрибаи педагогӣ» дифоъ намуд. Дар мактаби олӣ 28 соли собиқаи корӣ дошта, аз 26.08.2017 ноиби ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ба уҳда дорад.