ШОДИЁН Муҳаммад Султонзода (Шодиев Маҳмад Султонович) 28 феврали соли 1965 дар деҳаи Гирдоби деҳшӯрои Себистони ноҳияи Данғара дар оилаи кишоварз таваллуд шудааст. Соли 1982 баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 14-и шаҳри Норак ба факултаи математикаи шуъбаи (филиали) қӯрғонтеппагии Донишгоҳи давлатии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) бо ихтисоси математика-физика дохил шуда, соли 1989 таълимгоҳи номбурдаро бомуваффақият ба итмом мерасонад. Дар ин миён тӯли солҳои 1984 – 1986 хизмати ҳарбиро дар ҳайати қушунҳои хушкигарди округи ҳарбии Киеви Ҷумҳурии Украина адо менамояд. Дар давоми хизмат дар ҳайати артиш бо медали «Барои хизмати шоёни ҳарбӣ» (соли 1986) қадршиносӣ шудааст.

Баъди хатми таълимгоҳ ҳамчун мутахассиси болаёқату ташкилотчии моҳир бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи геометрия ва усули таълими математикаи донишкада ба ҳайси омӯзгор мононда мешавад. Бо мақсади такмили дониш ва идомаи корҳои илмӣ моҳи январи соли 1994 ба коромӯзии яксола ба кафедраи муодилаҳои дифференсиалӣ ва таҳлили функсионалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сабти ном мегардад ва баъдан ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, корҳои илмиашро таҳти роҳбарии яке аз олимони намоёни ҷумҳурӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Бойматов ривоҷ медиҳад. Баъди хатми аспирантура ба кафедраи алгебра ва геометрияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргашта, корро ба ҳайси омӯзгор идома медиҳад. 24 ноябри соли 2000 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҷудошавандагии операторҳои Штурм–Лиувил ва Шрёдингер дар фазои векторфунксияҳои бовазнинтегронидашаванда» бомуваффақият дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физика-математика мушарраф мегардад.

Моҳи январи соли 2005 декани факултаи математика ва технологияи донишгоҳи мазкур таъин гардида, аз моҳи феврали соли 2008 ба вазифаи директори маркази компютерӣ гузаронида мешавад. Маҳорати роҳбарӣ ва кордониашро ба ҳисоб гирифта, охири соли 2008 ба вазифаи ноиби ректор оид ба иқтисод таъин мегардад. Солҳои 2009-2012 дар вазифаи директори маркази таҳсилоти ғоибона кор кардааст. Аз моҳи майи соли 2012 то ин ҷониб дар мансаби ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.07.2018, № 362 Донишгоҳи давлатии Бохтар) ба номи Носири Хусрав адои вазифа менамояд.

Шодиён М.С. 27 апрели соли 2016 дар мавзӯи «Тарбияи ахлоқии хонандагон дар ҷараёни омӯзиши таърих ва методикаи таълими математика дар партави ғояҳои донишмандони асримиёнагии форсу тоҷик» таҳти машварати, доктори илмҳои физикаву математика, академики Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод Қодир аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – методикаи таълими математика рисолаи докторӣ дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи доктори илмҳои педагогӣ мушарраф гардид. Аз соли 2017 ба ҳайси профессори кафедраи методикаи таълими математика пазируфта шудааст.

Шодиён М.С. аз рӯзҳои аввали вазифаи ректори донишгоҳро ба уҳдааш гузоштан низоми корро ба таври куллӣ дигаргун сохт. Дар сохторҳои роҳбарикунандаи донишгоҳ ислоҳоти кадриро роҳандозӣ намуда, тамоми кӯшишу ғайрати ҳайати профессорон ва устодонро барои самаранокии низоми таълиму тарбия ва илм равона намуд. Дар як муддати кӯтоҳ муносибати ҳайати устодон ва кормандони донишгоҳ ба кор ва донишҷӯён ба таҳсил дигаргун гардида, тадриҷан донишгоҳ ба сафи муассисаҳои пешқадами таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ворид гардид. Маоши кормандон дар ин муддат аз ҳисоби маблағҳои шартномавӣ чор баробар афзуд, суратҳисоби донишгоҳ панҷ маротиба рӯ ба зиёдӣ овард. Ҳукумати электронӣ дар донишгоҳ пурра роҳандозӣ гардид: тамоми сохторҳо бо компютер, дастгоҳҳои чопкунӣ ва нусхаафзоӣ таъмин ва ба 60 нуқтаи интернет пайваст карда шуданд. Дар донишгоҳ кулли озмоишгоҳҳо таҷдиди назар шуда, синфхонаи лингофонӣ, студияи хурди сабт, парки технологӣ ба кор оғоз намуданд. Ҳамчунин китобхонаи электронӣ таъсис ёфта, дар қатори бинои асосӣ факултетҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ ба интернети бесим пайваст гардиданд. Дар аксарияти дарсхонаҳои факултетҳо тахтаҳои электронӣ насб карда шуда, факултетҳо ва сохторҳои умумидонишгоҳӣ пурра бо таҷҳизоти хониш таъмин карда шуданд. Маҳз бо кӯшишу ғайрати роҳбари донишгоҳ барномаи давлатии гузариш ба низоми кредитии таҳсилот пурра роҳандозӣ гардид.

Дар тӯли роҳбарии Шодиён М.С. симои донишгоҳ ба куллӣ дигаргун гардид. Бинои асосӣ ва кулли биноҳои таълимии донишгоҳ хушсифат таъмир ва ҳавлиҳои донишгоҳ пурра кошинкорӣ карда шуданд. Аввалин бор атрофи ҳудуди донишгоҳ панҷарабандӣ ё девор карда шуданд. Дар кӯчаи Дӯстии халқҳо ду бинои таълимии чорошёна ба истифода дода шуд. Ҳамчунин дар ин мавзеъ алҳол сохтмони майдони варзишӣ босуръат идома дорад. Дар ҳудуди бинои асосии донишгоҳ мошинсаро бунёд гардида, сохтмони бинои чорошёна дар ҳудуди бинои асосии донишгоҳ низ идома дорад.

Шодиён М.С. муаллифи панҷ китоби дарсӣ, 20 адад дастуру васоити таълимӣ ва зиёда аз 100 адад мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ мебошад. Барои хизматҳои шоиста ва саҳми арзандааш дар таълиму тарбияи ҷавонон бо мукофоти давлатии медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) ва мукофотҳои соҳавии нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2003), «Ифтихорнома»-и Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ифтихорнома»-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ифтихорнома»-и Раёсати ҲХДТ қадршиносӣ гардидааст. Аз соли 2003 узви ҲХДТ ва узви раёсати ҲХДТ дар вилояти Хатлон мебошад.

Шодиён М.С. дар байни ҳайати кормандони донишгоҳ обрӯ ва эътибори хосса дорад, зеро вай тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ як коллективи тинҷу тифоқ ва муттаҳидро ташкил намояд.

Шодиён М.С. мунтазам бо гузоришу маърӯзаҳои пурмуҳтаво тавассути ВАО сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ ва тарғибу ташвиқ менамояд.