Хужаев Умедҷон,
декани факултети педагогика ва варзиш
Хужаев Умедҷон Шарофович 14-уми июни соли 1983, дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Кӯшониён) қабул шуда, онро соли 2000-ум хатм намудааст. Баъди хатми мактаб соли 2001 ба факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав дохил шуда, онро соли 2008 аз рӯи ихтисоси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ бо муваффақият хатм кардааст. Солҳои 2009- 2010 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 –и ноҳияи Вахш ба сифати омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ва солҳои 2011-2012 дар Мактаби варзишии шаҳри Бохтар кору фаъолият намудааст. Инчунин, фаъолияти кории худро аз моҳи сентябри соли 2013 ба сифати омўзгори кафедраи варзиши факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав оғоз намудааст. Ҳамзамон солҳои 2015 -2016 эдвайзери маркази тестӣ дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав. Солҳои 2016 -2020 бақайдгирандаи маркази тестӣ дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав. Солҳои 2021 – 2024 дар вазифаи мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор кардааст. Аз таърихи 27-уми марти 2024 бо фармоиши ректори МДТ «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ба вазифаи иҷрокунандаи декани факултети педагогика ва варзиши донишгоҳ таъин гардидааст.
Муаллифи беш аз 18 мақолаи илмӣ ва илмӣ – метод, 8 барномаи таълимӣ, 2 дастури таълимӣ ва 1 монография мебошад.