[тав. 10. 08. 1958, н. Бохтар (ҳоло Кушониён)-и вил. Хатлон)], доктори илмҳои педагогӣ (2010), проф. (2012). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1998), Узви вобастаи АИ педагогӣ ва иҷтимоии ФР (2008), академики АИ педагогӣ ва иҷтимоии ФР (2010). Солҳои 200‒2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб шудааст. Таҳсил дар МТМУ-и № 8-и н. Қӯрғонтеппа (1965–1975). Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти руси филиали ИДПД ба номи Тарас Григоревич Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) дар ш. Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар, 1985). Ассистенти «Кафедраи педагогика ва психология»-и ҳамин филиал (1985–1990), муаллими калони(1990–1993) ва мудири «Кафедраи педагогика ва психология» (1993–1994), декани факултети педагогика (1994–1997), ноиби ректор оид ба корҳои таълим ва тарбия (1997–2000), ноиби ректор оид ба илм (2005–2012) ва аз соли 2012 ноиби ректор оид ба таълими ДДБ ба номи Носири Хусрав. Таҳти роҳбарии ӯ 10 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд. Муаллифи 31 китоб ва 100 мақолаи илмӣ ва илмию методӣ. Бо ордени Шараф (дараҷаи 2) сарароз гардидааст. Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021).
Ос.: Тарбияи маънавӣ аз нигоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Қӯрғонтеппа. (1995); Афкори педагогии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Қӯрғонтеппа. (2006); Ақидаҳои ахлоқӣ дар
осори Шоҳи Ҳамадон. Қӯрғонтеппа, 1996; Боргоҳи маърифат дар Вахшонзамин. Д., 1998; Системаи маориф дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ ва тарақинамуда. (Воситаи таълимӣ). Д., 1998; Ақидаҳои педагогии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Д., 2003; Дар шоҳроҳи зиндагӣ. Д., 2004; Таълимоти ахлоқии Носири Хусрав. Д., 2007; Ахлоқ ва намудҳои назариявӣ ва амалии он дар таълимоти Имоми Аъзам. Қӯрғонтеппа, 2009; Шоҳи Ҳамадон – ҳидоятгари саодати инсон. Қӯрғонтеппа, 2009; Тарбият чист? Қӯрғонтеппа, 2010; Муқаддимаи касби омӯзгорӣ. Д., 2010, 2011, 2012, 2013, 2014; Назария ва мундариҷаи тарбия. Қӯрғонтеппа, 2011, 2012, 2013, 2014. 225; Таърихи педагогика. Қӯрғонтеппа. 2012, 2013, 2014, 2015; Назарияи таълим. Д., 2012, 2013, 2014, 2015; Ахлоқи Хусравӣ. Д., 2013, 2014; Асосҳои таҳқиқоти илмӣ. Қӯрғонтеппа, 2013; Роҳнамои таҷрибаомӯзии педагогӣ. Қӯрғонтеппа, 2014; Педагогика. Барномаи таълимӣ барои ихтисосҳои омӯзгории таҳсилоти кредитӣ. Қӯрғонтеппа, 2014; Ахлоқ – беҳтарин роҳи зистан. Қӯрғонтеппа, 2014; Техналогияи таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият. Қӯрғонтеппа, 2014; Мир Сайид Алии Ҳамадон