(тав. 10. 01.1941, д. Зардахами н. Балҷувони вил. Хатлон), доктори илмҳои таърих (1992), проф. (1993), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон(1999), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2000). Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии ш. Кулоб (1960) ва факултети таърихи УДТ ба номи Владимир Илич Ленин (ҳоло ДМТ, 1966). Омӯзгори кафедраи таърихи ҲКИШ ва иқтисоди сиёсии ИДТТ(ҳоло ДДТТ) ба номи Абуалӣ ибни Сино (1966–1968), аспирант (1968–1971) ва муаллими калони кафедраи таърихи ҲКИШ-и ИДТТ (1971–1976), докторанти Донишгоҳи давлатии педагогии Маскав (1986–1988), дотсент (1988–1993) ва мудири кафедраи таърихи фарҳанги халқи тоҷик ва асосҳои назарияи иқтисодии ИДТТ (1993–1996), мудири кафедраи илмҳои ҷомеашиносии ДСРТ (1996–1998). Декани факултети таърих ва ҳуқуқ (2001–2007), мудири кафедраи таърихи умумӣ (2007–2008), мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ (2008–2012) ва аз соли 2012 проф. кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав. Муаллифи ду монография, 3 дастур, 100 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ. Соли 2012 бо ордени Шараф (дараҷаи 2)