[тав. 12. 08. 1943, д. Хоҷағалтони н. Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳини)-и вил. Хатлон], адабиётшинос, доктори илми филология (1992), проф. (1999). «Кафедраи адабиёти тоҷик»-и ДДБ ба номи Носири Хусрав. Хатмкардаи мактаби миёна (1991). Хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ дар Олмон (1962–1965). Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Ин-ти давлатии омӯзгории Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1968) бо дипломи аъло. Омӯзгори «Кафедраи адабиёти тоҷик»-и ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ . Дар мавзӯи «Ҳаёт ва эҷодиёти Абдулфараҷи Рунӣ» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Мақоми Анварӣ дар таърих ва инкишофи жанри қасида» зери роҳбарии доктори илми филология, проф. Расул Ҳодизода рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Аз соли 2000-ум декани факултети филологияи ДДҚ (ҳоло ДДБ) ба номи Носири Хусрав. И. аз адабиётшиносони шинохтаи ҷумҳурӣ буда, дар тайёр намудани номзадҳо ва докторҳои илм саҳми арзанда дорад. Муаллифи зиёда аз 180 рисолаю мақолаҳои илмию методӣ. Дар рисолаҳои ӯ «Абулфараҷи Рунӣ ва баъзе масъалаҳои сабки ироқӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик» (1991), «Мақоми Анварӣ дар таърих ва инкишофи жанри қасида» (1992), «Масъалаҳои филологияи тоҷик» (бо ҳамқаламии А. Алиев ва М. Раҳимов, 1995), «Зеҳнпораҳо» (1996), «Шоирони Роғ» (1998) ва амсоли инҳо бисёр қазияҳои торик ва ҳалнашудаи адабиёти классикии тоҷику форс ва намояндагони барҷастаи он бо покизакорӣ ва мӯшикофона тадқиқ шудаанд. Проф. И. Икромов дар илми санъатшиносии
тоҷик низ бо таълифи рисолаи «Одина Ҳошим» (2001) саҳми босазо гузоштааст. Ӯ дар ин рисола ҳаёту фаъолият, фоҷиаи рӯзгор ва мактаби ҳунарии Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, овозхони нотакрор Одина Ҳошимро хеле хуб ва боварибахш таҳлил кардааст.