(18. 03. 1962, д. Хоҷаҳои н. Ғончӣ), номзади илмҳои таърих (1991), доктори илмҳои физика ва математика (2000), проф. (2010), проф. фахрии 7 донишгоҳи хориҷию ватанӣ, узви вобастаи АИ педагогӣ ва иҷтимоии ФР (2007), академики АИ педагогӣ ва иҷтимоии ФР (2009), узви ИЖ ҶТ (2009), узви вобастаи академики Академияи муҳандисии ҶТ (2011), академики Академияи муҳандисии ҶТ (2021). Хатмкардаи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Василевич Ломоносов (1986). «Олими сол – 2005», Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2012). Лаборанти калони шуъбаи таърихи илм ва техникаи АИ ҶТ (1986–1988), ҳамзамон, муҳассили шуъбаи арабии факултети шарқшиносии УДТ ба номи Владимр Илич Ленин (ҳоло ДМТ), коромӯзи Ин-ти таърихи табиатшиносӣ ва техникаи АИ СССР (1988–1991), ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ ва мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи АИ ҶТ (1991–1997), докторанти факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Василевич Ломоносов (1997–2000), ходими пешбар, сарходими илмӣ, мудири шуъбаи таърихи илму техника, муовини Саркотиби илмӣ ва и. в. Саркотиби илмии АИ ҶТ (2000–2005). Мудири кафедраи фанҳои умумитехникии ДДҚ (ҳоло ДДБ) ба номи Носири Хусрав
(2005–2006), ноиби ректор оид ба корҳои байналмилалӣ (2006–2017), ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия (2017–2019), ноиби ректор оид ба корҳои байналмилалӣ (2019–2020) ва аз 2020 директори Ин-ти таҳқиқоти илмии таърихи илмҳои табииётшиносӣ ва техникаи назди ҳамин донишгоҳ.
Таъсисдиҳандаи мактаби илмӣ дар соҳаи таърихи илмҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими физика дар Тоҷикистон. Муаллифи 59 рисола ва 360 мақола оид ба физикаи плазма, нуршиносӣ, натурфалсафа, методология ва таърихи илмҳои риёзию табиатшиносӣ, таърих, забону адабиёти форсии дарӣ (тоҷикӣ) ва таърихи шоҳмот. Таҳти роҳбарии ӯ то имрӯз 27 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 2 нафар (Сатторов А.Э., Ғуломов И.) рисолаи докторӣ ҳимоя намудаанд. Намунаи ашъораш берун аз Тоҷикистон дар Руссия, Ӯзбекистон ва Эрон чоп шудаанд. Тоҷикистонро дар чандин ҳамоишу конференсияи байналмилалӣ (Англия, Банғола, Белгия, ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Полша, Руссия, Сербия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, Ҳиндустон, Эрон) муаррифӣ кардааст. Китоб ва мақолаҳояш берун аз Тоҷикистон дар кишварҳои зикршуда нашр шудаанд. Узви ҳайати таҳририя ва ё аъзои Шӯрои машваратӣ дар ЭМТ, Донишномаи Рӯдакӣ, маҷаллаҳои «Масъалаҳои равоншиносӣ ва омӯзгорӣ» (солҳои 2008-2012), «Паёми ДДБ ба номи Носири Хусрав», «Маорифи Тоҷикистон» (то соли 2020), «Мактаб» (соли 2014), «Маърифати омӯзгор» (то ҳол), «Наука и образование» (ФР, то ҳол). Аъзои шӯроҳои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13. 00. 08 – Назария ва методикаи маълумоти касбӣ дар назди ДМТ, 6D.KOA-035 дар назди ДДБ Бохтар ба номи Носири Хусрав, аз рӯи ихтисоси 13. 00. 02 – методикаи таълими физика ва математика, раиси Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-046 дар назди ДДБ ба номи Носири Хусрав, аз рӯи ихтисоси 07. 00. 10 – таърихи илм ва техника, инчунин собиқ аъзои шӯроҳои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисоси 13. 00. 01; 13. 00. 02 дар назди ДДҚ ба номи Носири Хусрав (котиби шӯро) ва аъзои Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисоси 047. 019. 02 дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А .Баҳоуддинови АИ ҶТ.
Насабномааш тибқи сарчашмаҳои мавҷуда то ба Сайид Абдурраҳим (мулаққаб ба Суфиидхоҷа) ибни Сайид Абдурраҳмон ва Хоҷа Аҳмади Косонӣ (мулаққаб ба Махдуми Аъзами Даҳбедӣ) ва тавассути эшон ба Имом Ҳусайн ибни Алӣ (р.а.) мерасад.
Бо медалҳои «120-солагии И. В. Сталин» (Москва, 1998); «Ном дар илм» (The name of Science, Оксфорд, Англия, 2010); «Шӯҳрат» (Laurels of Fame, Англия, 2010); «Ба номи Лука Почоли» (Вена, Австрия, 2011); «Зеҳни миллат» (Москва, 2011); «Ваҳдат» (Чимкент, Қазоқистон, 2013); «Хизмати шоиста» (Душанбе, 2011), нишони тиллоии сарисинагӣ «Барои хониши аъло» (Москва, 1982); Ҷоиза ва дипломи АИ ҶТ (1991; 1997) сарфароз гардидаст.
Ос.: Физическая часть трактата Ибн Сины «Курозаи табииёт». Д., 1990; Худомӯзи алифбои форсӣ. Д., 1991 (ҳаммуаллиф); Камонабрӯ. Д., 1995; Чашмаи илҳом. Д., 1995; Гулбуни умед. Д., 1996; Равзаи Ноҳид. Д., 1997; Падарнома. М., 1998; Модарнома. М., 1998; Рози гардун. М., 1998; Ҳасрати миллат. М., 1998; Моти Легал. М., 1998; Гамбити Домиано. М., 1998; Барфӣ ё Бӯсанома. М., 1998; Д., 2002; Д., 2007; Физика ар-Рази и Ибн Сины. М., 1999; Муштарии меҳр. М., 2000; Эквивалентные формулы определения скорости
света. М., 1999; Особенности расширения релятивистского электронного пучка в мощных СВЧ приборах. М., 2000; Учебные материалы для изучения физики в средних школах. Пособие для учителя. Д., 2003 (ҳаммуаллиф); Дастури методӣ оид ба Ms Access. Д., 2003 (ҳаммуаллиф); Физика Авиценны. Нашри 2 .Д., 2005; 2013; Из истории физики Средней Азии в IХ–ХIII вв. Д., 2005; О физическом наследии Ибн Сино (Авиценны). Д., 2005 (ҳаммуаллиф; О математическом наследии Ибн Сино (Авиценны). Д., 2005 (ҳаммуаллиф); Ибн Сина и его трактат «Рассуждение о причинах грома». Д., 2005; Ибни Сино дар ойинаи муҳаққиқон. Д., 2005; Воспитание молодёжи в литературной памяти таджикского народа. М., 2006 (ҳаммуаллиф); Файсоғурас (Пифагор). Ннашри 2. Д., 2006; 2007; Леонард Эйлер. Қӯрғонтеппа, 2007; Асрори адади π. Нашри 3. Д., 2002; 2004; 2008; Софизми риёзӣ. Нашри 2. Д., 2008; 2017; Луғати мухтасари тафсирӣ оид ба таърихи мусиқии Шарқ. Д., 2008; Аз таърихи қадимаи Шарқи Наздику Миёна. Нашри 2. Д., 2008; 2018; Илм дар замони Рӯдакӣ. Д., 2008 (ҳаммуаллиф); 30 соли Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав. Д., 2008 (ҳаммуаллиф); Луғати мухтасари риёзиёти Шарқи исломӣ. Д., 2009; Формирование исследовательских умений и технология подготовки студентов к научной работе. Курган-Тюбе, 2009 (ҳаммуаллиф); Технология решения задач по геометрии. Курган-Тюбе, 2009 (ҳаммуаллиф); Методика и техника решения задач по планиметрии и стереометрии (Учебное пособие). Курган-Тюбе, 2009 (ҳаммуаллиф); Технология решения задач по геометрии (Учебное пособие). Курган-Тюбе, 2009 (ҳаммуаллифӣ); Примеры решения задач по планиметрии и стереометрии. Д.., 2010 (ҳаммуаллиф); Усули истифода аз масоили таърихӣ дар дарсҳои физика ва риёзиёт. Теҳрон, 1388 (бо ҳуруфи форсӣ); Намунаи ҳалли масъалаҳо аз физикаи мактабӣ. Д., 2010 (ҳаммуаллиф); Завқи мухаммас. Д., 2012; Дурҷи муҳаббат. Х., 2012; Физика Абу Бакра ар-Рази. М., 2014; Зиндагиномаи Муҳаммад Закариёи Розӣ. Д., 2016; Закариёи Розӣ ва «Тарозуи физикӣ»-и ӯ. Д., 2016; Физикаи Ависенна (ба забони қирғизӣ). Бохтар, 2017; Таърих чист? Д., 2018; Калиди риёзиёт. Д., 2018; Сӯфиидхоҷа кист? Д., 2019; Технологияи бозиҳои педагогӣ дар рушди салоҳиятҳои хонандагон дар ҷараёни таълими системаҳои ҳисоб (Дастури таълимии иловагӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ барои хонандагони синфи 11). Д., 2019 (ҳаммуаллиф); Гений, перешагнувший века. Д., 2020; Бӯалинома. Д., 2020; Форобинома. Д., 2020; Розинома. Д., 2021; Андар ҳайатшиносии Абуалӣ ибни Сино. Д., 2021 (ҳаммуаллиф); Мавлононома. Д., 2021; Муҳаммад Закариёи Розӣ ва осори тиббии ӯ. Д., 2021 (ҳаммуаллиф); Шамс ва Мавлоно дар оинаи муштоқон. Д., 2021.
Ад.: Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI.. Ҷ. I (А). Д., 2018 ;