Сабзаев Саидқул Миралиевич 31 декабри соли 1947 дар деҳаи Лархобии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Солҳои 1954-1962 дар мактаби ҳаштсолаи рақами 27-и ноҳияи Восеъ таҳсил кардааст. Соли 1962 ба ҳунаристони рақами 32-и шаҳри Кӯлоб дохил шуда, хамзамон муҳассили мактаби шабонаи коргарҷавонони рақами 3 мегардад. Соли 1964 ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба номи Рудакӣ дохил шуда, онро соли 1968 хатм менамояд ва чун донишҷӯи аълохон дар донишкадаи азизаш ба кори доимӣ ба сифати омӯзгор мононда мешавад. Солҳои 1968-1969 дар хизмати сарбозӣ буд. Аз соли 1969 боз дар кафедраи забони тоҷикӣ ҳамчун омӯзгор пазируфта мешавад. Соли 1971 ба унвони саромӯзгор шарафёб гардида, соли 1982 рисолаи илмӣ ҳимоя менамояд ва соҳиби дараҷаи номзади илми филология, аз соли 1991 дорои унвони дотсентӣ мегардад. Аз соли 1989 мудири кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб интихоб мешавад. Аз моҳи августи соли 1993 ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа гузашта, то соли 1998 ба ҳайси декани факултаи филология кор мекунад. Аз моҳи сентябри соли 1998 дар Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон ба сифати сарходими илмӣ кор кардааст. Соли 1999 вазифаи сармутахассис, муовини мудири шуъбаи ахбор, тарҷума ва таҳияи асноди қонунгузории Дастгоҳи иҷроияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи июни соли 1999 вазифаи мудири шуъбаи тарҷумонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро мекунад. 30 марти соли 2000 ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав таъин мегардад.

Саидқул Миралиевич олими сермаҳсул буда, ба қалами ӯ рисолаҳои илмии «Тасаввуф ва баъзе масъалаҳои таълими забон ва адабиёти тоҷик» (Кӯлоб,1989, 32с., бо ҳаммуалифӣ), «Бидъат ва илҳод дар адабиёти тоҷик» (Кӯлоб, 1989, 22с., бо ҳаммуаллифӣ), «Системный анализ некоторых полисемичных имён существительных, обозначающих части головы человека в русском и таджикском языках» ( в историческом освещении, Кӯлоб, 1990, бо ҳаммуаллифӣ), «Забон ва услуби шоирони маорифпарвар» (Душанбе: Маориф,1991, 80 с.), «Барномаи таърихи забони адабии тоҷик» (барои факултаҳои забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳҳои омӯзгорӣ). -Душанбе, 1991, 15 с. – 1994, 13 с. (бо ҳаммуаллифӣ), «Саволҳои имтихонҳои тестӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик» барои дохилшавандагони мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус. (Қӯрғонтеппа, 2000, 120 с.), «Забон ва услуби Ҷалолуддини Румӣ» (Душанбе, 2015) ва зиёда аз 200 мақолаҳои илмию методӣ мансуб аст. Сабзаев С. шоири ширинкалом ва драматурги соҳибзавқ аст, бештар аз ҳашт маҷмуаи шеърҳо ва асарҳои драмавиаш аз дасти чоп баромадаанд. Шеърҳои ӯ пайваста саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриро зеб медиҳанд.

Ҷашнҳои 1000-солагии Носири Хусрав, 25- солагии таъсиси донишгоҳ, нашри таърихи донишгоҳ бо номи «Фурӯғи ирфони Вахшонзамин», кушодани пайкараи Носири Хусрав ба ҳамин муносибат маҳз бо кӯшишҳои С. Сабзаев амалӣ гардиданд.