Тағойбобои Абдуалими Шукурзод 10 феврали соли 1954 дар деҳаи Экизаки ноҳияи Балҷувон дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Баъди муҳоҷир шудани падараш (Шукуров Абдуалим) ба деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ ҳаёти бачагӣ ва мактабии ӯ дар ин деҳа сипарӣ шудааст. Тағойбобои Шукурзод баъди хатми мактаби ҳаштсолаи №16-и деҳаи Кафтархона мактаби миёнаи № 3 деҳаи «Садвинсовхоз»-и ноҳияи Восеъро соли 1971 хатм намуда, дар ҳамин сол ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб дохил шуда, онро соли 1976 аз рӯи ихтисоси физика ва математика тамом кардааст. Фаъолияти омӯзгории ӯ ба ҳайси муаллими физика ва математика аз мактабҳои миёнаи № 3 ноҳияи Панҷ (солҳои 1976 – 1978) ва № 22 ноҳияи Восеъ (солҳои 1978 – 1979) оғоз гаштааст. Тағойбобои Шукурзод солҳои 1979 – 1994 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар вазифаҳои сарлаборанти кафедраи физикаи умумӣ, ассистент, омӯзгор, саромӯзгори кафедраи усули таълими физика, муовини декани факултаи физика кор кардааст. Ӯ солҳои 1986-1988 аспиранти таҳсили рӯзонаи кафедраи усули таълими физикаи Донишкадаи давлатии педагогии Киеви Ҷумҳурии Украина буда, моҳи апрели соли 1991 дар ҳамин донишкада рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1991-1994 мудирии кафедраи физикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бар уҳда дошт. Соли 1993 соҳиби унвони дотсентӣ гардидааст.
Тағойбобои Шукурзод аз соли 1994 то соли 2000 вазифаи декании факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппаро бар уҳда дошт. Аз соли 1997 узви вобаста ва аз соли 2006 узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия интихоб гардидааст. Солҳои 2000–2003 ба таври интиқол ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовин, сипас муовини аввали сардори идораи аттестатсия ва аккредитатсияи назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гузашта, соли 2003 рисолаи доктории худро дифоъ намудааст.
Ӯ моҳи феврали соли 2003 бо тавсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи ректори Донишгоҳи гуманитарии байналмилалии Тоҷикистон таъин шудааст. Декабри соли 2004 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври гузариш аз вазифаи ректори Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа гузаронида шуд. Номбурда аз натиҷаҳои тадқиқоти худ бо маърӯзаҳои ҷолиби диққат дар конфронсҳои байналмилалӣ солҳои 2005, 2006 дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, соли 2006 дар Донишгоҳи Монтанаи ИМА гузориш додааст. Тағойбобои Шукурзод муаллифи китоби дарсии «Физика» барои синфи 10 ва зиёда аз 70 китоб, дастур, мақолаҳои илмӣ буда, дар 46 конфронсҳои илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзидааст. Мақолаҳо ва маърӯзаҳои ӯ ба раванди сифатан беҳтаршавии усули таълими физика равона гардида, барои тайёр намудани мутахассисони ҷавони соҳаи физика кӯмаки беандоза мерасонад.
Дар пешбурди тадқиқот таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ аспирантон ва докторантони зиёде корҳои илмии худро иҷро намуда, то имрӯз зиёда аз 15 нафар шогирдонаш рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи номзади илмҳои омӯзгорӣ ноил гаштаанд. Тағойбобои Шукурзод барои хизматҳояш бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон (1997), медалҳои ҷашнии «60 – солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945» (2005), «70–солагии Қувваҳои Мусалаҳи СССР» (2006), нишони «20–солагии садамаи истгоҳи атомии Чернобил» ва бо медали Жуков, медали ҷашни 10–солагии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои нишондиҳандаҳои баланд дар ҷамъбасти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба унвони «Олими сол» сарфароз гардидааст.
Маҳз дар давраи ректории Тағойбобои Шукурзод (солҳои 2004-2012) дар донишгоҳ баъзе факултаву шӯъбаҳои нав таъсис ёфта, донишгоҳ ба узвияти Ассосиатсияи донишгоҳҳои Авроосиё пазируфта шуд. Ҳамчунин маҳз дар давраи ректории Тағойбобои Шукурзод (соли 2008) аввалин маротиба дар таърихи донишгоҳ Шӯрои дифои рисолаҳои илмӣ аз рӯи ихтисосҳои педагогикаи умумӣ (13.00.01) ва усули таълими физика (13.00.02) кушода шуд