АБДУРАҲИМЗОДА Қудратулло Саид (тав. 10 августи соли 1958 дар ноҳияи Қӯрғонтеппа, (ҳозира н. Кӯшониён) дар оилаи коргар, доктори илмҳои педагогӣ, профессор (Москва, 2010). узви вобастаи АИ педагогӣ ва иҷтимоии ФР (Москва, 2008), узви пайвастаи АИ педагогӣ ва иҷтимоии ФР (Москва, 2010). Таҳсил дар мактаби миёнаи №8 ноҳияи Қӯрғонтеппа (н. Кӯшониён) (1965-1975). Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченкои шаҳри Бохтар (1980-1985), ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи филиали Донишкадаи давлатии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко дар шаҳри Бохтар (1985 – 1990), саромӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (1990 – 1993), мудири кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (1993 – 1994), декани факултаи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (1994 – 1997), ноиби ректор оид ба корҳои таълим ва тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (1997-2000). Аз ҳавзаи интихобии №27 ноҳияи Бохтар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2005), ноиби ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 2005 – 2012. Аз соли 2012 ноиби ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.

Аввалин маротиба ақидаҳои педагогии Мир Сайид Алии Ҳамадониро таҳқиқ карда, мавриди баррасӣ қарор додааст. Таҳти роҳбарии ӯ 5 нафар оид ба фанни педагогика рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд. Барои хизматҳои шоёнаш дар соҳаи маориф ва илм бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998) ва ордени «Шараф», дараҷаи II (2014) мукофотонида шудааст.

Осор: «Тарбияи маънавӣ аз нигоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» (1995), «Афкори педагогии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» (2006), «Ақидаҳои ахлоқӣ дар осори Шоҳи Ҳамадон» (Қӯрғонтеппа, 1996), «Боргоҳи маърифат дар Вахшонзамин» (Душанбе, 1998), «Системаи маориф дар давлатҳои тарақӣ ва рӯ ба тарақинамуда» (Васоити таълимӣ, Душанбе, 1998), «Ақидаҳои педагогии Мир СайидАлии Ҳамадонӣ» (Душанбе, 2003) «Дар шоҳроҳи зиндагӣ» (Душанбе, 2004), «Таълимоти ахлоқии Носири Хусрав» (Душанбе, 2007), «Ахлоқ ва намудҳои назариявӣ ва амалии он дар таълимоти Имоми Аъзам» (Қӯрғонтеппа, 2009), «Шоҳи Ҳамадон – ҳидоятгари саодати инсон» (Қӯрғонтеппа, 2009), «Тарбият чист?» (Қӯрғонтеппа, 2010), «Муқаддимаи касби омӯзгорӣ» (Душанбе, 2010, 2011, 2012, 2013, 2014), «Назария ва мундариҷаи тарбия» (Қӯрғонтеппа, 2011, 2012, 2013, 2014. 225), «Таърихи педагогика» (Қӯрғонтеппа, 2012, 2013, 2014, 2015), «Таҷрибаи омӯзгорӣ» (Васоити методӣ, Душанбе, 2012), «Назарияи таълим» (Душанбе, 2012, 2013, 2014, 2015), «Ахлоқи Хусравӣ» (Душанбе, 2013, 2014) «Асосҳои таҳқиқоти илмӣ» (Қӯрғонтеппа, 2013).