САДРИДДИНОВ Насриддин Талбакович – доктори имлҳои иқтисодӣ, профессор, академикӣ Академияи имлҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Руссия, академики Академияи илмҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1949 дар деҳшӯрои Лоҷики ноҳияи Сангвор дар оилаи  шахси номдор, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, собиқ раиси хоҷагӣ ба номи Ломоносови ноҳияи н. Шаҳритус Талбак Садриддинов чашм ба олами ҳасти кушода аст. Ӯ хислатҳои хоксорӣ меҳнатдӯстӣ, дидадорӣ, сахтгирӣ ва таҳаммулпазириро маҳз аз падари бузургвор ва деҳқонзодааш мерос гирифтааст. Соли 1966 мактаби миёнаро хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро солли 1970-ум бо муваффақият ба итмом расонид. Соли 1979 рисолаи номзадиашро оид ба мавзӯи «Даромади миллӣ, тақсим ва истифодабарии он (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» дар шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Санкт – Петербург ба номи А.А. Жданов дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ мегардад.

Соли 2009 оид ба мавзӯи «Проблемаҳои сотсилаию иқтисодӣ ва иҷтимоии таъсис додани системаи бисёрукладагӣ дар сектори аграрии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи доктори илмх иқтисодӣ мегардад.  Соли 2000 бо нишони сарисинагии аълочии Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 бо нишони фахрии ҷамъияти «Дониш»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кори шоён (Душанбе) сазовор дониста шудааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.08.2014 №245, бо Ордени Шараф дараҷаи 2 мукофотонида шудааст.

Мавсуф муаллифи 21 монографияи илмии таълимӣ ва 207 мақолаи илмӣ ва методӣ мебошад. Кор ва фаолияти собиқа: Аз 17.09.1970 – 09.03.1971нозири шуъбаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. аз 09.03.1971 – 15.10.1972 омӯзгори кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи педагогии ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло С. Айнӣ). Аз 15.10.1972- 15.11.1975 аспиранти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоло Санкт Петербург)  ба номи А.А.Жданов. аз 15.11.1975-28.03.1979 – номзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори кафедраи иқтисодӣ-сиёсии донишгоҳои педагогии Т.Г. Шевченко (ҳоло С.Айни). Аз 28.03.1979-10.12.1983 саромӯзгори кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи педагогии Т.Г. Шевченко (ҳоло С. Айнӣ). Аз 10.12.1983 – 11.05.1985 саромӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятии филиали Донишгоҳи омӯзгории С.Айнӣ дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав). Аз 30.03.1989 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи иқтисоди сиёсии таърихи сиёсии асрҳоои ХХ донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. Аз 30.03.1989 – 4.01.1993 мудири кафедраи иқтисоди сиёсӣ ва таърихи сиёсии асрҳои ХХ Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. Аз 10.04.1997 – 01.09.1999 иҷрокунандаи мудири кафедраи назарияи иқтисоди ДДБ ба номи Носири Хусрав. Аз 1.09.1999 – 10.05.2005 мудири кафедраи назарияи иқтисоди ДДБ ба номи Носири Хусрав. Аз 10.05.2005 – 1.02.2008 декани факултети менеҷмент ва маркетинги ДДБ ба номи Носири Хусрав. 1.02.2008 -10.01.2011 – мудири кафедраи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит ва назарияи иктисод» – и ДДБ ба номи Носири Хусрав. 10.01.2011 – 3.01.2013 – декани факултети иқтисодӣ ДДБ ба номи Носири Хусрав. Аз 2013 то инҷониб профессори кафедраи назарияи иқтисод.