Раёсати таълим  аз рӯзи ташкилёбии донишгоҳ аз соли 1978 фаъолияти худро оғоз намуд. Пешрафти таҳсилу тадрис ва баланд бардоштани сатҳи сифати таълим яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаи муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, он дар радифи сохторҳои дигари марбут ба маорифи кишвар ҳамчунин тавассути муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, танзим ва амалӣ сохта мешавад. 

Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бинобар мавҷудият ва таъминоташон бо захираҳои зеҳнӣ ва имконоти мусоид дар густариш ва ташаккули самтҳои муайян ноил шудан ба тайёр намудани мутахассисони соҳибмаълумоту пуртаҷриба чун зинаи муҳими кошиф ва бахши муассири амалисозандаи дастовардҳои навини илму техника дар соҳаҳои хоҷагии халқ, баромад мекунанд.

Аз сабаби он ки донишгоҳ ҳамчун муассисаҳои олии таълимӣ ва таълимгоҳ ба шумор меравад, раёсати таълим ҳамчун воҳиди асосии сохтори донишгоҳ ҳисобида мешавад.

Раёсати таълим омили ташкилкунанда, танзимкунанда ва таҳлилкунандаи ҷараёни таҳсил дар донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Пиёда кардани талаботи стандартҳои таълимии давлатӣ, риояи иҷроиши талаботи нақшаҳои таълимии шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона, амалишавии барномаҳои таълимиро ташкил ва натиҷабардорӣ менамояд.

Ташкилу танзими дуруст ба роҳ мондани ҷараёни таҳсил ва раванди таълим дар миқёси донишгоҳ, истифода ва дуруст ба роҳ мондани низоми кредитии таҳсилот, тибқи дастовардҳои муосири тарзу усулҳои таълим, техникаю технология, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои самти таълим байни муассисаҳои таълимии дохилӣ ва хориҷро тақозо мекунад, ки дар сохтори мактаби олӣ раёсати таълим ҳамчун маҳзани ҷараёни таҳсилоту раванди таълим пурсамар фаъолият намояд.

Вазифа ва ҳадафҳои раёсати таълим ба ташкили мақсадноки ҷараёни таълим дар донишгоҳ бо муайян кардани самтҳо, зинаҳои асосӣ, муаммоҳои таълим ва барои ноил шудан ба сатҳи баланди сифати таълим нигаронида шудаанд. Инчунин диққати асосӣ ба такмил додан ва дар амал татбиқ намудани усулҳои нави таълим вобаста ба таҷрибаҳои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ оиди пурра ворид гардидан ба низоми кредитии таҳсилот нигаронида шудааст.

Нақшаҳои таълимии донишгоҳро барои соли таҳсил ва нимсола ба нақша гирифта, иҷроиши онро назорат мекунад. Аз тарафи факултетҳо иҷро намудани нақшаҳои таълимии ҷорӣ, ҷадвалҳои ҷараёни таълим, нақшаҳои инфиродӣ ва барномаҳои кории омӯзгорони кафедраҳо мунтазам таҳти назорати масъулини Раёсат қарор мегиранд. Иҷроиши фармону мактуботи дастуроти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар ҳуҷҷатҳо оид ба масоили корҳои таълимӣ ва таълимию методӣ сармашқи кори раёсатанд. Тартиб додани ҷадвали дарсҳо, имтиҳонот, лоиҳаҳо, фармонҳо, дастурҳо, тавсияҳо ва маслиҳатҳои маъмурияти донишгоҳ доир ба тамоми корҳои таълимӣ ва таълимию методиро низ кормандони раёсат назорат менамоянд. Вазифаҳои дигари муҳиме, ки ба Раёсати таълим вогузор шудаанд, инҳоянд:

  • гузаронидани санҷиши сифати тамоми шаклҳои машғулиятҳоитаълимӣ ва ҷамъбаст намудани натиҷаҳои онҳо;
  • омода намудани имтиҳоноти сессия, имтиҳоноти давлатӣ, ва ташкилнамудани ҳимояи рисолаҳои дипломии донишҷӯён;
  • назорат намудани синфхонаҳои таълимӣ, лабораторияҳо, кабинетҳо вабиноҳои дигари таълимӣ;
  • тибқи нақшаи корӣ омода намудани маводҳои зарурӣ оид ба масълаҳои таълимӣ вобаста ба дастуру супоришхои ректор ва ноиби ректор оид ба корҳои таълим ба ҷаласаи Шӯрои илмӣ ва Раёсати донишгоҳ;
  • ҷамъбаст намудани фаъолияти кисми таълим ва талаб намудани ҳисоботҳо аз шӯъбаҳо ва бахшҳои зертобеъ;
  • дар як сол як маротиба тибқи дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Призеденти ҶТ пешниход намудани ҳисоботи оморӣ;
  • назрат намудани фаъолияти деканҳои факултетҳо ва кафедраҳо, оид ба баланд бардоштани сифати ҷараёни таълим.

Кисми таълим тамоми кӯшишро ба татбиқи фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ва Барномаи давлатии дар асоси он қабул шуда, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи мутахассисони забондон равона намуда истодааст. Дар ин самт аллакай якқатор чорабиниҳоро ба иҷро расонида шуданд.

Диққати асосӣ дар ин давра асосан ба такмили шакл ва мундариҷаи таълим, баланд бардоштани сатҳи дониши таълимгирандагон равона шуда буд. Ба ин мақсад дарсҳои омӯзгорон мунтазам мавриди назорат ва таҳлил қарор гирифта, мундариҷа ва тартиби гузаронидани аттестатсияи ҷории сатҳи дониши таълимгирандагон ба куллӣ дигаргун карда шуд. Гузаронидани машғулиятҳои фардӣ, назорати саривақтӣ аз болои иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён ва иштироки онҳо ба дарсҳо имкон доданд, ки масъулияти донишҷӯён нисбати таълим беҳтар карда шавад.

     АШӮРОВ Наимҷон Амонқулович

Сардори раёсати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав

*аз 1 сентябри соли 2022 дар вазифаи сардори раёсати таҳсилоти Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор мекунад.

 

*Соли таваллуд: 3 феврали соли 1982                *Ҷои таваллуд: н.Кушониён

*Миллат: тоҷик                                                      *Таҳсилот: олӣ

*Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусравро (рўзона) хатм кардааст.

*Ихтисос: омўзгори фанни химия

*Унвони илмӣ: номзади илмҳои техникӣ, дотсент

*Кадом забонҳои хориҷиро медонед: русӣ, англисӣ бо луғат

*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не

*Бо мукофотњои давлати сарфароз гардонида шудааст ё не: соли 2013 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои техникӣ ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сазовор дониста шуд.

*Вазъи оилавӣ: оиладор соҳиби чор фарзанд

*Суроға: шаҳри Бохтар, кучаи Ваҳдат 148а, ҳуҷраи 27.

*Телефон: 93 407 82 82

*Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2004 – 2005 Ассистенти кафедраи химияи умумии Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Солҳои 2006 – 2008 Аспиранти Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2009 – 2012 Мудири кафедраи фанҳои техникии Донишгоҳи давлатии Ќўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Солҳои 2012 – 2015 Мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии Ќўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Солҳои 2015 – 2015 Муовини декан оид ба таълими факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Ќўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Солҳои 2015 – 2017 Декани факултети техникӣ ва технологии Донишгоҳи давлатии Ќўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Солҳои 2017 – 2022 Декани факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Аз сентябри соли 2022 то ҳол Сардори раёсати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

ИЗЗАТУЛЛОЕВ Фируз Достиевич: 20-уми сентябри соли 1979 дар Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Таҳсилро солҳои (1986-1994) дар мактаби миёнаи №26 ва солҳои 1994-1996 дар мактаби миёнаи №7 ноҳияи Данғара гирифтааст.

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (1996-2001) мебошад. Солҳои 2002-2006-ум омӯзгори фанни математика ва ҳамзамон ҷонишини директор оид ба тарбия (2002-2003) ва таълим (2003-2006) дар Мактаб-парваришгоҳи ба номи Ю.Н. Логинови шаҳри Бохтар.  Аз соли 2006 то инҷониб омӯзгори кафедраи информатика соли 2006 – омӯзгори фанни математика дар гимназияи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав, Солҳои 2007 – 2008-ум котиб-оператор ва танзимгари шӯъбаи ғоибона, соли 2008-оператори маркази имтиҳонгири компютерӣ дар ДДБ ба номи Носири Хусрав, солҳои 2009-2012-ум мушовир-оператори маркази таҳсилоти ғоибонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав, солҳои 2013-2016-ум ҷонишини декан оид ба таълим дар факултети информатика, солҳои 2016- 2019-ум мутахассиси Раёсати таҳсилоти ДДҚ ба номи Носири Хусрав кор намудааст.

Аз соли 2020 то ба ҳол дар вазифаи муовини сардори Раёсати таълими ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад

ҲАСАНОВ Шуҳратҷон Раҳматулоевич, нип, дотсент, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ.
Маълумот:  ҲАСАНОВ Шуҳратҷон Раҳматулоевич (тав. 11.03.1986, деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Бохтар (Кушониён), вилояти Хатлон, аз хонадони зиёӣ). Хатмкардаи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2009). Таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Бохтар (1993-1999), таҳсил дар литсейи №1 ноҳияи Бохтар (1999-2004), донишҷӯ дар Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав (2004-2009), ассистенти кафедраи таърихи умумии ДДҚ ба номи Носири Хусрав (28.08.2009-24.09.2009), эдвайзери маркази бақайдгирии низоми кредитии таҳсилоти ДДҚ ба номи Носири Хусрав (2009-2015), мутахассиси бахши бақайдгирӣ (Офиси №2) дар маркази бақайдгирӣ ва машварати донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2015-2018), мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ (2018-2019), сардори маркази тестии донишгоҳ (2019-2022), сардори шуъбаи  идоракунии сифати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав (2022-2023) кор кардааст.

Мавсуф аз 01.09.2023 то ба имрӯз дар вазифаи мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад.

Ҳасанов Шуҳратҷон соли 2019 дар мавзӯи «Формирование профессионально-гуманистических убеждений будущих учителей в условиях модульной организации педагогической практики (на примере подготовки учителей истории)» рисолаи номзадии худро дифоъ кардааст. Муаллифи 28 номгуи таълифот, аз ҷумла 14 мақолаи илмӣ, 3 дастури методӣ ва 1 монографияи илмӣ мебошад. Бо ифтихорномаи кумитаи мутаҳидаи иттифоқи касабаи ДДБ ба номи Носири Хусрав (2018), ифтихорномаи ректори донишгоҳ (2020) ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022) сарфароз гардонида шудааст.

Ос.: Критерии оценивания в кредитной системе обучения (Методическое пособие). Курган-Тюбе, 2013; Теоретические основы профессионально-гуманистических убеждений будущих учителей в процессе педагогической практики. (Методическое пособие). Курган-Тюбе, 2013; Содержание и технология формирования профессионально-гуманистических убеждений будущих учителей в процессе модульной организации педагогической практики. (Методическое пособие). Курган-Тюбе, 2014; Педагогическая практика и гуманистическая убеждённость будущих учителей. (Монография). Бохтар, 2018.

Инчунин муаллифи мақолаҳои зиёди илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

(+992) 918-72-07-01

*Холматов Саид Нурматович

*Аз  солҳои  1975  то  1979 донишҷӯи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров (собиқ  Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров)   дар  ш.Хуҷанд, ихтисоси  забон  ва  адабиёти  ӯзбек  буд.

* Соли таваллуд: 30-юми июни соли  1958* Ҷои таваллуд: н.Данғара

* Миллат: ӯзбек                                       * Таҳсилот: олӣ

*Соли  1979  Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Кировро (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров ) хатм кардааст.

*Ихтисос: забон  ва  адабиёти  ӯзбек

*Унвони илмӣ: надорад

*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ

*Вакили Маҷлиси вакилони халқ хаст ё не: не

*Бо мукофотҳои давлати сарфароз гардонида шудааст ё не: Аълочии маорифи ҶТ, соли 1987.

*Вазъи оилавӣ: оиладор

*Суроға: н.Кӯшониён,ҷамоати “Меҳнатобод”, деҳаи Ганҷина, хонаи 52.

*Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои  1975-1979 донишҷӯи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров (пешина Иниститути давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров)   дар  ш.Хуҷанд, ихтисоси  забон  ва  адабиёти  ӯзбек
Солҳои  1979-1991 Омӯзгори  фанни  забон  ва  адабиёти  ӯзбек,ҷонишини директор оид ба таълим  МТМУ  №2-и  н.Кӯшониён
Соли 1987 Вакили съезди VII-уми муаллимони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои  1991 то 2005 Саромӯзгорӣ кафедраи Методикаи таълими ибтидоии ДДБ ба номи Н.Хусрав
Солҳои  2005-2007 Саромӯзгорӣ кафедраи забони тоҷикии ДДБ ба номи Носири Хусрав
Аз  соли 2007-2010 Роҳбари таҷрибаи омӯзгории  фанҳои гуманитарии ДДБ ба номи Носири Хусрав
Солҳои  2010-2011 Ҷонишини сардори назорати сатҳи сифати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав
Аз  соли 2011  то  инҷониб Роҳбари  таҷрибаомӯзии  ихтисосҳои омӯзгории  ДДБ  ба  номи  Носири  Хусрав

 

        

НАҶМИДДИНОВ   Давлатмурод   Исломидинович

* аз 1 – сентябри  соли 2013  дар  мансаби  омӯзгори  кафедраи  нақлиёти  автомобилии  Муассисаи  давлатии  таълимии  “ Донишгоҳи  давлатии  Бохтар  ба  номи  Носири  Хусрав”  кор  мекунад.

*Соли  таваллуд:  01.05.1987                              *Ҷои таваллуд:  ноҳияи  Вахш

*Миллат:  тоҷик                                                    *Таҳсилот: олӣ

* Соли 2013 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ  (рўзона)  хатм  кардааст.

*Ихтисос:  Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ

*Унвони илмї: омӯзгор

*Кадом забонњои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ бо луғат

*Вакили Маҷлиси  вакилони  халқ ҳаст ё не: не

*Бо мукофотњои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не

*Вазъи  оилавӣ: оиладор соҳиби 3 фарзанд.

*Суроға:  ноҳияи  Вахш, ҷамоати шаҳраки Вахш кўчаи И.Сомонӣ, хонаи 65/1.

*Кор  ва  фаъолияти  собиқа:

2008-2013 Донишҷўи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ
Солҳои 2013-2015     Омўзгори  кафедр Омўзгори кафедраи “Ташкили ҳаракати автомобилӣ ва идоракунии сохтмон”-и Донишгоҳи давлатии Ќўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Солҳои 2016-2017       Мутахассиси пешбари шўъбаи истеҳсолию техникии Муассисаи давлатии

“Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”- и минтақаи Қўрғонтеппа.

Солҳои 2017-2019  Омӯзгори кафедраи нақлиёти автомобилии Муассисаи давлатии таълимии

“Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав”

Аз феврали соли 2019 то ноябри соли 2019 Ҷонишини декан оид ба таълими факултети техникӣ ва технологӣ
Аз декабри соли 2019 то августи соли 2023 Омӯзгори кафедраи нақлиёти автомобилии Муассисаи давлатии таълимии

“Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав”

Аз сентябри соли 2023 то инҷониб Роҳбари таҷрибаомӯзии истеҳсолии Муассисаи давлатии таълимии

“Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав”

* ИБОДОВ Мурод Хушвахтулоевич

* аз 14-уми октябри соли 2022 ба ҳайси мутахассиси омори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор мекунам.

*Соли таваллуд: 6 октябри  соли 1985.     *Ҷои таваллуд: шаҳри Қӯрғонтеппа

*Миллат: тоҷик                                             *Таҳсилот: олӣ

* Соли 2010 Донишгоҳи  давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав (рӯзона)-ро   хатм  кардааст.

* Ихтисос: информатика.

* Унвони илмӣ: надорад.

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, узбекӣ ва англисӣ бо луғат

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ё не: не.

* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не.

* Вазъи оилавӣ: оиладор.

* Сӯроға: шаҳри Бохтар кӯчаи Зоя Космодемянская хонаи 57.

* Телефон: 917-66-60-61, 918-87-12-44

* Кор ва фаъолияти собиқа:

Соли 2005-2010 Донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Соли 2009-2013 Омӯзгори фанни информатика дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  № 3-и  шаҳри Қӯрғонтеппа.
Соли 2013-2015 Омӯзгори кафедраи Информатика ва методикаи таълими информатикаи Донишгоҳи Давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Соли 2015-2018 Ҷонишини декан-эдвайзери факултаи информатикаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
аз 18-апрели соли 2018 то 2022 Сармушовири маркази таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
аз 1-феврали соли 2022 Омӯзгори кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатикаи Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
аз 14-октябри соли 2022 то ҳол Мутахассиси омори Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

ГУЛОВ Маҳманаим Ятимович 25. 03. 1972 дар оилаи деҳқон, дар участкаи Пахтақайнари колхози Ленини ноҳияи Кушониён (пештара Бохтар) ба дунё омадааст. Таҳсили миёнаро аз соли 1979 то соли 1987 дар мактаби миёнаи №12-и ноҳияи Вахш гузаронида, соли 1989 мактаби миёнаи №50-и ноҳияи мазкурро хатм намудааст. Ҷавониашро дар ҷамоати деҳоти Машъали ҳамин ноҳия гузаронида аз соли 1989 то соли 1994 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти ихтисоси омӯзгори фанни математика таҳсил намудааст.

Соли 1995-1997 ба сифати бухгалтери калон дар Омори вилояти Хатлон, соли 1997-1999 дар вазифаи хазинадори Автобазаи №21-и шаҳри Бохтар фаъолият намудааст. Аз соли 1999-2005 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба сифати диспетчери Шуъбаи таълими донишгоҳ, аз соли 2005-2008 дар вазифаи ҷонишини декан оид ба таҳсилоти ғоибонаи факултети физика-математика ва информатика, аз соли 2008-2009 дар вазифаи методисти шъбаи ғоибонаи факултети иқтисодӣ фаъолият намуда ва аз соли 2009 то 2020 дар вазифаи мутахассис-оператори Маркази таҳсилоти ғоибона кору фаъолият намуда истодааст. Аз соли 2020 то 2022 дар вазифаи нозири шӯбаи идоракунии сифати таҳсилот ва аз 1-уми сентиябри соли 2022 то ҳол дар раёсати таҳсилот дар вазифаи мутахассиси раёсат кору фаъолият намуда истодаат.

Самиев  Усмонали  Абубакрович,  25  ноябри  соли  1998  дар  Ҷ/д  Навобод  деҳаи  Камсамоли  ноҳияи  Колхозобод  (ҳозира  Ҷалолиддини Балхӣ) дар  оилаи  коргар  чашм ба олами ҳасти кӯшодам. Миллатам тоҷик, таҳсилотам олӣ (зинаҳои бакалаврият ва магистратура).  Соли  2005  ба  синфи  1-ум  дар  муассисаи таълимии таҳсилоти  миёнаи  умумии  №35-и  ноҳияи  номбурда  қадам  гузоштам ва соли 2016 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии номбурдаро бо баҳои хубу аъло  ба итмом расонида ва  худи  ҳамон  сол  барои  идомаи  таҳсил  ба  тариқи  ММТ  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  факултети  сиёсат  ва  идораи  давлатӣ,  шуъбаи  рӯзонаи  ихтисоси  сиёсат  ва  идораи  давлатии  Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба  номи  Носири  Хусрав  дохил  шудам. Хушбахтона 8-уми майи соли 2020 донишгоҳи номбурдаро бо дипломи аъло хатм намуда соҳиби касби сиёсатшинос-ҳуқуқшинос гардидам. Сипас худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳоямро барои идомаи таҳсили магистратура дар факултет ва донишгоҳи дар боло зикргардида супоридаму моҳи майи соли 2022 зинаи магистратураро ҳам бо дипломи аъло бо касби сиёсатшинос ба итмом расонидам.

Фаъолияти кориамро ман аз соли 2019 аз даврони донишҷӯиям оғоз намудам.

Соли 2019 ба ҳайси корманди муваққатии  ММТНП ҶТ  дар  ш.Бохтар  дар  вазифаи  Бақайдгирандаи  МИ, соли 2020 ба ҳайси корманди муваққатии  ММТНП ҶТ  дар  ш.Бохтар  дар  вазифаи  Маъмури  калони  МИ, аз  28.08 соли 2020 то охири соли хониши  2021 дар  ДДБ  ба  номи  Носири  Хусрав  ба  сифати оператори  раёсати  таҳсилот, соли 2021 ба ҳайси  корманди муваққатии  ММТНП ҶТ  дар  ш.Бохтар  дар  вазифаи  Маъмури  имтиҳони  МИ, аз  01.03 соли 2021 то 14.08.2021 дар вазифаи омӯзгори фанни ҳуқуқ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, аз  14.08 соли 2021 то 06.05.2022 дар вазифаи омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, аз  01.09 соли 2021 то 06.05.2022  дар  ДДБ  ба  номи  Носири  Хусрав  ба  сифати эдвайзери факултети сиёсат ва идораи давлатӣ.

Бо хоҳиши худам 06.05.2022 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардидам ва аз 11.05.2022 то 24.04.2023  дар взводи таъминотии баталёни 33-юми қисми ҳарбии 07017-В-и Қушунҳои хӯшкигарди ВМ ҶТ сарбаландона бо рутбаи старшина адои хизмат намудам.

Аз санаи 01.09.2023 то ин ҷониб дар вазифаи муттахасиси раёсати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав кору фаъолият намуда истодаам.