Хайрзода Ашўралӣ Гургак

Сардори раёсати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав

 hayrov-64@mail.ru

Хайрзода Ашўралӣ Гургак (тав. 01.07. 1964, ҷамоати Навободи деҳоти ба номи Пушкини ноҳ. Ҷалолиддини Балхӣ, вил. Хатлон, аз хонадони хизматчӣ) номзади илмҳои химия (2000). Хатмкардаи факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1986). Таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 ноҳ. Ҷалолиддини Балхӣ (1971-1981), донишҷў (1981-1986), ҷонишини директор оид ба таълим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 ноҳ. Ҷалолиддини Балхӣ (1988-1995), саромӯзгори кафедраи химияи умумии ДДБ ба номи Носири Хусрав (1995-2003), унвонҷӯи кафедраи химияи умумии факултети химия ва биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав (1997-2000), ҷонишини декани факултети химия ва биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав (2000-2001), мудири кафедраи химияи умумӣ (аз соли 2001 то 2005), декани факултети химия ва биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав (2005-2007), сардори шуъбаи назорати сатҳи сифати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав (2007-2008), сардори маркази сабти низоми кредитии таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав (2008-2012), сардори раёсати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав (2012-2014), ноиби ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон (аз 7.02.2014 то 30.11.2014), сардори маркази бақайдгирӣ ва машварат дар ДДБ ба номи Носири Хусрав (2014-2017), сардори маркази тестӣ дар ДДБ ба номи Носири Хусрав (2018-2019).

Аз  10.05.2019 то ин ҷониб дар вазифаи сардори Раёсати таълими ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият мекунад.

Дар мавзўи «Комплексные соединение железа (II) с полиэдрическими клозоборатными анионами» (2000, Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 73 мақолаи илмӣ, 2 китоб ва як монография мебошад. Бо ифтихорномаи Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вилояти Хатлон (2001) ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002), «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2003) сарфароз гардонида шудааст.

Муаллифи мақолаи зиёди илмӣ ва оммавӣ мебошад.