Гулов Қурбоналӣ Муртазоевич

декани факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

  905-30-57-57
  ddb.mi-01@mail.ru

ГУЛОВ Қурбоналӣ Муртазоевич (тав. 2. 02. 1971, н. Вахши вил Хатлон), номзади илмҳои педагогӣ (2020). Хатмкардаи факултети педагогика (1993) ва факултети таърих ва ҳуқуқ (2003)-и ДДБ Ба номи Носири Хусрав. Омӯзгори МТМУ–и № 22 ва № 26-и н. Вахш (1993–1999). Соли 2000 сардори шуъбаи кадрҳои Коллеҷи омӯзгории ба номи Абдураҳмони Ҷомии ш. Қӯрғогтеппа (ҳодо Бохтар) буд. Омӯзгори «Кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ» (2000–2020) ва аз соли 2020 и. в. декани факултаи педагогика ва варзиши донишгоҳ. Дар мавзӯи «Вижагиҳои  омодасозии педагогҳо доир ба ҷорисозии Консепсияи миллии тарбия дар фаъолияти муассисаи таълимӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Муаллифи 1 монография ва 19 мақолаи илмӣ-методӣ.

Факултети педагогика ва варзиш

Факултети педагогика ва варзиш ҳамқадами Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав мебошад. Ин факултет дар радифи дигар факултетҳо аз рӯзҳои нахустини таъсиси шуъбаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа арзи вуҷуд намудааст. Факултет дар аввал дорои ду ихтисос – методикаи таълими ибтидоӣ (соли таъсис 1978), педагогика ва психологияи томактабӣ (соли 1990) буд.

Дар факултет гурӯҳҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ амал менамуданд. Гурӯҳҳои русӣ бо сабаби надоштани довталаб аз соли 1994 барҳам хӯрданд. Факултет барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои водии Вахш ва дигар минтақаҳои кишвар омӯзгорони синфҳои ибтидоиро тайёр менамояд. То ба имрӯз факултет ин вазифаи хешро сарбаландона иҷро карда истодааст.
Дар факултети педагогика ва варзиш аввалин кафедрае, ки баробари донишгоҳу факултет арзи вуҷуд намудааст, кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ бо иловаи забони русӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир сарварии кафедраро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ниёзов А. бар уҳда доранд.

Фаъолияти илмию таълимӣ ва тарбиявии кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ хеле доманадор буда, он дар доираи фанҳои забони модарӣ, методикаи таълими ибтидоии забони модарӣ, математика, методикаи таълими математика, ҳалли масъалаҳои типӣ, адабиёти бачагона, хониши ифоданок, асосҳои санъати тасвирӣ ва методикаи таълими санъати тасвирӣ, меҳнат ва методикаи таълими меҳнат, назария ва амалияи мусиқӣ, амал менамояд.
Маҳз дар кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ устодон Давлатназаров Д., Раҳимова Ш., Кабиров М., Каримова X., Мусаввиров Ш., Ҷалилова М., Ниёзов А. рисолаҳои илмии хешро дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм шарафёб гардидаанд.

Дар соли хониши 1990-1991 барои таълими мутахассисон ва мураббиёни соҳибимаълумоти муассисаҳои томактабӣ дар назди факултет ихтисоси педагогика ва психологияи томактабӣ кушода шуд. Бо беҳбудии ҷараёни таълиму тадрис ва хизмат ба ихтисоси навтаъсис кафедраи тарбияи томактабӣ ва мусиқӣ созмон ёфт, ки сарварии онро нип, дотсент Кошонова М., бар уҳда дошт. Аз рӯзҳои нахустини таъсиси кафедра 11 нафар устод ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ намуданд, ки аз онҳо як нафар номзади илм, дотсент, як нафар саромӯзгор, се нафар омӯзгор ва 6 нафар ассистент буданд. Дар кафедра асосан тадқиқотҳои илмӣ ва нақшаҳои таълимии фанҳои омӯзгорӣ, равоншиносии томактабӣ, назария ва амалияи мусиқӣ татбиқ мешуданд. Баъдтар кафедраи мазкур барҳам дода шуда, танҳо аз моҳи сентябри соли 1993 ба унвони кафедраи равоншиносӣ таҳти роҳбарии номзади илмҳои равоншиносӣ, дотсент Югай А. Х. эҳё гардид. Дар ин вақт дар кафедра 8 нафар омӯзгор кор мекарданд. Бо пешниҳодҳои факултет ва қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ва фармоиши ректори донишгоҳ (№236 аз 24.07.1992) кафедра номи омӯзгорӣ ва равоншиносии таълими ибтидоиро гирифт.
Аз соли 1997 то соли 2006 сарварии ин кафедраро саромӯзгор Атабаева Ҳ. ба уҳда дошт. Ӯ дастпарвардаи ҳамин факултет буда, аз фанни педагогика дарс медиҳад. Айни замон ба кафедра номзади илмҳои педагогӣ Ҳалимов З. сарварӣ менамояд.
Яке аз бахшҳои муҳимми кори устодони кафедра ин корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дар сурати лозима додани машваратҳои равоншиносӣ ба ашхоси ниёзманд ва ниҳодҳои қудратии минтақа мебошад.

Кафедраи варзиш ва омодагии дифои ҳарбӣ ҳамсоли таълимгоҳ буда, соли 1978 таъсис ёфтааст. Дар аввал ҳамчун кафедраи варзиш фаъолият мекард, бо роҳандозӣ шудани ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ.Омодагии дифои ҳарбӣ номи кафедра таѓйир карда, ҳоло номи кафедраи варзиш ва омодагии дифои ҳарбиро гирифтааст. Варзиш қисмати таркибии таълиму тарбия буда, ифтитоҳи кафедра тақозои давру замон ва Низомномаи мактаби олӣ буд. Аввалин мудири кафедраи мазкур устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, дотсент Нодиров Т. буда, ( ҳоло профессор) ва устодони варзиши Тоҷикистон Ҳакимов З. ва Тағоев Э. яке аз аввалин омӯзгорони кафедра буданд.
Баътар бо пазируфтани ихтисосҳои нав ва афзоиши теъдоди донишҷӯён шумораи устодони кафедра низ рӯ ба афзоиш ниҳод.
Дастовардҳои кафедра хеле зиёд аст. Имрӯзҳо хатмкардагони донишгоҳ дар мусобиқоти варзишии зинаҳои гуногун иштирок намуда, ба гирифтани унвонҳои баланди варзишӣ мушарраф гардидаанд. Назаров Т., Давлатов Э., Шайхов С., Нуралиев, Сатторов С., Сияков С., Мардонов Т., Забиров А., Раҷабов А., Абдуҷҷаборов А., Мирзоев А., Сатторов Р., Зарифов Н., Алиев Н., Мӯсоев 3., Ҳакимов Қ., Бахтибеков Б., Шукронаев Т., Бодомаев Д., Ғуломов, Бобохонов Д., Қосимов Р. ва даҳҳо нафарони дигар маҳз дар айёми донишҷӯияшон устодони варзиши Тоҷикистон шуданд.
Ҳамчунин дар назди кафедра бахшҳои варзиш оид ба гӯштини самбо, дзю-до, гӯштини миллӣ, баскетбол ва футбол созмон ёфтааст, ки онҳо зиёда аз 115 нафар аъзо доранд ва ба маҳфилҳо устодони варзидаю соҳибунвони кафедра сарварӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки баъди ҳамроҳ намудани ихтисоси варзиш ба факултет (соли 2008) теъдоди донишҷӯёни факултет яку якбора хеле зиёд шуда наздик ба 980 нафар расидааст.
Дар айни ҳол дар факултет ихтисосҳои зерин амал мекунанд: методикаи таълими ибтидоӣ,таълими ибтидоӣ. санъати мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи ҷисмонӣ.омодагии дифои ҳарбӣ, дефектология, педагогика ва психологияи томактабӣ.
Дар зимн бояд қайд кард, ки аз моҳи сентябри соли таҳсили 2017-2018 факултет ба бинои нави таълимии чорошёна, ки дар кӯчаи Дӯстии халқҳои шаҳри Бохтар қарор дорад, кӯчидааст. Ин бино ба тамоми шароитҳои таълимӣ таъмин буда, аксари синфхонаҳояш бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар зимн дар бинои таълимӣ кабинетҳои фаннӣ аз қабили синфхонаи компютерӣ бо 22 адад компютери замонавӣ, синфхонаи ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаи методикаи таълими ибтидоии забони модарӣ, синфхонаи санъати мусиқӣ мавҷуд мебошанд.

Таълими ибтидоӣ ва варзиш яке аз шаҳсутунҳое мебошанд, ки ояндаи миллату давлатро муайян мекунанд. Ин ду ришта, яке миллатро ба донишмандӣ ва дигаре ба саломатии комил мебаранд. Миллатҳое, ки дар дунё ба ин ду риштаи аслӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, бешак муваффақтарин миллатҳои рӯйи дунё маҳсуб мешаванд.
Аз ин рӯ, садорати факултет тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона намудааст, ки сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои дар амал татбиқ намудани он тамоми чораҳои заруриро биандешанд.