МИРЗОЗОДА КИБРИЁ ҚАРА

 

 

декани факултети Физика

тел: +992-882-22-20-38

 

МИРЗОЗОДА Кибриё Қара (тав. 18. 10. 1969, н. Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён)-и вил. Хатлон), номзади илмҳои педагогӣ (2010). Хатмкардаи факултети физика ва математикаи ДДҚ (ҳоло ДДБ) ба номи Носири Хусрав (1991). Фаъолияти меҳнатии худро дар мактаби миёнаи № 3-и н. Шаҳритус ба ҳайси омӯзгори фанҳои физика ва математика оғоз намудааст. Сипас фаъолияти меҳнатии худро дар Муассисаи автомобилии № 4-и ш. Қӯрғонтеппа ба ҳайси сариқтисодчӣ давом доддааст. Аз соли 2001 ба ҳайси ассистент, омӯзгор ва муаллими калони «Кафедраи фанҳои риёзӣ-табиӣ», муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷи политехникии ш. Қӯрғонтеппа дар назди ДТТ ба номи Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ кор кардааст. Ҳамзамон аз соли 2006 то соли 2009 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ДДҚ ба номи Носири Хусрав аз рӯи ихтисоси 13.00.02 – назария ва методикаи таълим (физика) дохил шуда, бо роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шукуров Тағайбобо Абдуалимович дар мавзуи «Технология построения физической модели ситуации при изучении физики в средних школах» кори илмӣ бурда, 6-уми марти соли 2010 рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.

 

Муалифи зиёда аз 100 мақола ва 6 дастури методӣ.