ҲАКИМОВ Саъдулло Тағоймуродович, декани факултети филологияи тоҷик

5-уми июни соли 1978 дар  деҳаи  Чорбоғи ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст.

Таҳсил дар МТМУ-и № 23-и н. Балҷувон (1985–1989), МТМУ-и №4 4-и н. Вахш (1989-1994), МТМУ-и № 26-и н. Бохтар (ҳоло Кӯшониён, 1994–1995), Хатмкардаи факултети филологияиДДБ ба номи Носири Хусрав бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик (1995–2000). Муаллими МТМУ-и № 44-и н. Вахш (2000–2002), муаллими калони «Кафедраи адабиёти тоҷик»-и ДДБ ба номи Носири Хусрав (2002 то 2022.
Муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмӣ.

   

                      Факултети филологияи тоҷик
Факултети филологияи тоҷик аз солҳои аввали таъсиси донишгоҳ амал менамояд. Дар факултет чор кафедра: адабиёти тоҷик, забони тоҷикӣ, рӯзноманигорӣ, методика ва таълими забон ва адабиёти тоҷик мавҷуд буда, донишҷӯён аз рӯйи 6 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз ҷумла забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти ӯзбек, филологияи шарқ, фарҳанги миллӣ ва фолклори ватанӣ, рӯзноманигорӣ, журналист-тарҷумон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар факултет шуъбаҳои магистратура аз рӯи ихтисосҳои журналистика, забон ва адабиёти тоҷик ва доктор РhD аз рӯи ду ихтисос: адабиётшиносӣ, забон ва адабиёти тоҷик фаъолият менамоянд. Ба донишҷӯёни ихтисосу шуъбаҳои мазкур мутахассисони варзида ва олимону донишмандон, ки аз оно 4 нафар докторони илм, профессорон, 10 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 5 нафар саромӯзгорон ва зиёда аз 35 нафар омӯзгорон мебошанд, таълим медиҳанд.

Шароити таълим дар факултет дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи илму маориф роҳандозӣ шуда, машғулиятҳо дар синфхонаҳои васеъву замонавӣ бо истифодаи техника ва технологияи муосир баргузор мегарданд.
Раванди машғулиятҳо дар асоси низоми таҳсили кредитӣ ҷараён гирифта, муҳассилини факултет дар зинаҳои бакалавр, магистр ва доктор РnD таҳсил менамоянд.
Масъулони маркази бақайдгирӣ ва машварат дар факултет раванди баргузории машғулиятҳоро тибқи низомномаи таҳсили кредитӣ пеш мебаранд.

Дар назди кафедраи рӯзноманигорӣ студияи хурди таълимӣ – таҷрибавӣ амал мекунад, ки барои ташкил ва гузаронидани дарсҳои амалӣ ва озмоишӣ аз он васеъ истифода бурда мешавад. Устодон ва донишҷӯён дар мавридҳои зарурӣ аз техникаҳои дар студия мавҷудбуда самаранок истифода намуда, баҳри сабту танзим, нигоҳдорӣ ва пахши ҷараёни машғулиятҳо, баргузории чорабиниву вохӯриҳо дар факултет ва донишгоҳ саҳм мегузоранд.

Ҳаводорону довталабони ихтисосҳои факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа хеле зиёд аст.
Довталаби азиз, имрӯзро муайян ва фардоро бо мо бунёд намо!