[тав. 15. 08. 1964, ш. Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар)-и вил. Хатлон], доктори илмҳои химия (2018). Таҳсил дар МТМУ –и № 19 ба номи М. В. Ломоносов (1971–1981). Хатмкардаи факултети химияи УДТ номи Владимир Илич Ленин (ҳоло ДМТ, 1986). Омӯзгори МТМУ-и № 19-и н. Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён, 1986–1993), омӯзгори фанни химия ва мудири «Кафедраи умумитиббӣ», ҷонишини декан (1995–2001), декани факултети химия (2007–2011), ноиби ректор оид ба корҳои ғоибона (2004–2006), ноиби ректор оид ба таълим (2006–2007)-и ДДБ ба номи Носири Хусрпв (1993–2011), мудири «Кафедраи биохимия»-и ДДТТба номи Абуалӣ ибни Сино(2011–2015), муовини ректори Дошгоҳи давлатии тибби Хатлон оид ба таълим (2015–2018), дотсенти «Кафедраи химияи умумӣ»и донишгоҳ (2018–2019) ва аз соли 2019 мудири «Кафедраи химияи органикӣ ва биология»-и ДДБ ба номи Носири Хусрав. Дар мавзӯи «Синтез, хосиятҳои термикӣ ва термодинамикии борогидриди металлҳои IIA» рисолаи номзадӣ (2007) ва дар мавзӯи «Синтез, хосиятҳои термикӣ ва термодинамикии боро- ва алюмогидридҳои металлҳои ишқорӣ, ишқорзаминӣ ва нодир» рисолаи докторӣ (2018) ҳимоя кардааст.
Муаллифи 2 монография, 112 мақолаи илмӣ, як патенти хурд, 12 дастури методию таълимӣ. Таҳти роҳбари ӯ 2 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.