(Аз ҷараёни конференсияи байналмилалӣ 19-20 октябри соли 2018)

Санаҳои 19-20 октябри соли равон дар кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Истифодаи маводи кишваршиносӣ ҳамчун воситаи тарбияи ифтихори миллӣ – ватандӯстӣ зимни таҳқиқу омӯзиши фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ» ҳамзамон ҷашни миллии Меҳргон баргузор гардид. Дар робита ба ин, аз ҷониби донишҷӯёну устодони факултаҳои донишгоҳ намоиши намунаи ҳунарҳои дастӣ, кандакорӣ, гулдӯзӣ, анвои мухталифи сабзавоту меваҳо ва хӯрокҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

 

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ профессор М.С. Шодиён оѓоз намуд. Зимни суханронӣ иброз гардид, ки ба шуъбаи илми донишгоҳ дар доираи масъалаҳои баррасишавандаи конференсия мақолаҳои зиёди илмӣ аз Донишгоҳи давлатии ба номи М. Авезови шаҳри Шимкенти кишвари Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ѓафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Данѓара, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ аз ҷониби муаллифони ватанию хориҷӣ ворид гардида, донишмандону мутахассисони соҳа ба он даъват гардидаанд. Шодиён М.С. ҳамчунин зикр намуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва алалхусус бо ҳидояту роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо даст дода, сулҳу ваҳдати сартосарӣ дар кишвар фароҳам омадааст ва мардум орому осуда умр ба сар мебаранд. Дар воқеъ, халқи тоҷик табиатан озодидӯст, тамаддунофар, ваҳдатпараст, сулҳпарвар ва фарҳангдӯсту бунёдкор мебошад ва ҳамин воситаҳо имрӯз омили ба ҳам омадани мо дар конференсияи байналмилалӣ гардидааст.

Сипас, профессор Ҳасани Муродиён дар мавзӯи «Кишваршиносии адабӣ ва моҳияти он» бо маърӯза баромад намуд. Мавсуф ёдовар гардид, ки меҳри зодгоҳ аз кӯдакӣ дар қалби ҳар як фарди бошуур ошён дошта, он як ҷузъи Ватан аст ва бо ҳама каму кост зодгоҳ барои инсон беҳтарин макон ва мукаррамтарин мавзеъ аст. Ин аст, ки халқ танҳо хушбахтии худро дар Ватанаш дидааст. Агар ба таърихи таҳаввули кишваршиносии тоҷик назар андозем, огоҳ хоҳем шуд, ки дар рушду нумӯи он устод С. Айнӣ хизмати арзанда кардааст. Дар воқеъ, муҳимтарин вазифаи имрӯзаи ҳамватанони мо ин ҳимояи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ба он танҳо тавассути меҳанпарастӣ ва ваҳдат метавон ноил гашт.


Баъдан, конференсияи илмӣ-амалӣ кори худро дар бахшҳо идома дод. Бахши аввал бо унвони «фанҳои филологӣ, педагогикаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоию томактабӣ» таҳти роҳбарии профессор И. Икромов ва дотсент И. Абдуллоев дар синфхонаи компютерии факултети филология доир гардид. Дар бахши номбурда, ки аз ду қисмат иборат буд, зиёда аз 40 мақолаи илмӣ пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бахши дуюм «таъриху ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ» ном гирифта, зери роҳбарии профессор А.И. Раҳимов ва доктори илмҳои таърих, профессор А. Гадозода ҷараён гирифт. Ба ин бахш аз ҷониби муаллифон 18 мақолаи илмӣ пешниҳод ва баррасӣ гардид.
Бахши сеюми конференсия, ки мавзӯи «фанҳои табиӣ ва риёзӣ»-ро дар бар мегирифт бо роҳбарии профессор Ҷ. Шарипов ва доктори илмҳои педагогӣ, профессор А. Э. Саторров дар толори фарҳангии донишгоҳ баргузор гардид. Ба ин бахш 23 мақолаи илмӣ пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар хотимаи кори конференсия беҳтарин мақолаҳои илмӣ муайн ва қадрдонӣ гардиданд.