ИЗҲОРОТ ДАР МАВРИДИ ВАЗЪИ БАДАХШОН

Дар асоси конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демоктарӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон карда шудааст. Баъзе аз шаҳрвандон шукри тинҷиву оромии кишвар накарда ба гуруҳҳои мухолифин дохил шуда зидди сохтори конститутсиноии кишвар ба амалҳои террористӣ иштирок карда истодаанд.

Дар суханронии худ оид ба вазъи Бадахшон собиқ генерали амнияти давлатӣ Давлат Мамадризобеков қайд намудаанд, ки аз кор гирифтани раиси ВМКБ кори дуруст аст, зеро ӯ хатоҳои зиёд дошт ва тағйиротҳои кадрие, ки дар вақтҳои охир Президенти кишварамон кардаанд, саривақтӣ аст.  Ба андешаи вай кас, дар Бадахшон сафи кормандони сохторҳои қудратӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ афзоиш ёбад, зеро нафароне, ки аз дигар минтақаҳо меоянд, то дараҷаи зарурӣ наметавонанд бо мардуми маҳаллӣ забон ёбанд. Президенти мамлакат Э.Раҳмон чандин маротиба ба он ҷо сафар карда буданд. Дар лаҳзаҳои душвортарин ҳам он кас ба Бадахшон ҷасурона сафар намуда, бевосита бо одамон сӯҳбатҳо гузаронидаанд, ки натиҷаи хуб додааст.

Ба ақидаи Генерал Давлат Мамадризобеков, ҲНИ, ки дар Тоҷикистон фаъолияташ манъ карда шудааст бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи алоқа ба мафкураи одамон таъсир расонида истодааст, ки ин антипропаганда мебошад. Мо бояд бо сӯҳбатҳои таъсирбахш ва бо далелҳо асоси андешаи онҳоро фош намуд. Бояд бо роҳи гуфтушунид барои баргардонидани фирефташудагонро аз хориҷи кишвар, ки ба Сурия ва Ироқ гӯё барои ҷиҳод рафтаанд пеш гирифт. Аксари фирефташудагонро ҷавонон ташкил медиҳад, ки онҳоро тариқи интернет ба ин ҳолат оварда ба амалҳои терористӣ таҳрик менамоянд, ки хатарнок мебошад. Чуноне ки ҷавонони раҳгумзада дар Данғара сайёҳонро террор карда, хостанд номи Тоҷикистонро бад кунанд. Ба муқобили чунин ашхос бояд ҷазои вазнинтарро татбиқ намуд. На ҳамаи шахсон ба чунин амалҳо даст мезананд, он шахсоне ба чунин амлҳо ҷалб карда мешаванд, ки онҳо донишҳи кофӣ надоранд. Агар чунин шахсон ислоҳшаванда бошанду аз кори кардаи худ пушаймон шаванд, онҳоро аз роҳи бад баргардонидан лозим аст ва чунин шахсонро зери назорати махсуси давлат гирифта шаванд. Воситаҳои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо ин гузаронидани корҳои пешгирӣ ва профилактикӣ ба ҳисоб меравад. Сари ин масъала сохторҳои давлатӣ кор карда истодаанд.

 

Ҳайати омӯзгорони ДДҚ ба номи Н. Хусрав