ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Таърих гувоҳ аст, ки замоне масъалаи соҳибӣ кардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини якпорчагии қаламрави он хусусияти ниҳоят буҳронӣ касб карда буд, ҳатто хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон берун афтодан ба номи кишвари мо таҳдид мекард. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта ваќте афтодани пардаи оҳанини низоми сиёсию идеологии Иттиҳоди Шӯравӣ наздик шудан гирифт, ҷумҳуриҳои миллӣ яке паси дигар ба қабули эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии кишварҳои худ оғоз карданд.

Ин рӯйдоди муҳим барои аксар

и ҷумҳуриҳо асосан ба нимаи дуюми соли 1991 мувофиқ омад ва барои давлатҳои тоза ба истиқлол расида давраи пурмасъулият – марҳалаи гузариш фаро расид, вале дар як муддати муайяни таърихӣ ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар ин субъектҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлате идора карда мешуд, ки аллакай аз саҳнаи сиёсӣ хориҷ шуда буд. Ин вазъият то андозае боиси сар задани нооромӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ гардид, зеро қонунҳои куҳна ба талаботи шароити нави сиёсӣ созгор намеафтоданд ва ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ тани танҳо дар муқобили мушкилоти сершумори худ монданд. Ҳамин воқеият ва далелҳои дигар таҳрик ёфтани низоъҳои сиёсӣ ва қудратхоҳиро дар дохили кишварҳои алоҳида ва гоҳо дар миёни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ба вуҷуд овард. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки кишвари азизи мо дар зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вале муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рӯзи ваҳдату якдилии саросарӣ ва сапедадами ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» расонид. Ақли солим бар тафаккури золим ғолиб омад; ягонагӣ устувор шуд ва ҷудоӣ барканор шуд, низоми давлатдории миллӣ ва тоҷикӣ рӯйи кор омад. Хушбахтона, ҷанги шаҳрвандӣ сабаби порашавӣ ва тағйиротҳои ҳудудию марзӣ нагардид, баръакс миллатро муттаҳид кард. Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид. Дар як муддати кӯтоҳ мушкилоти мављудаи кишвар паси сар шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми тоҷик мардумест, ки ҷангро намехоҳад, мардуми сулҳдӯсту сулҳпараст мебошад. Ин созишномаи сулҳе, ки ба имзо расид, пеш аз ҳама натиҷаи хираду ақлу заковати азалии мардуми тоҷик буд. Дар баробари ин дӯстони русу эронӣ, афғону қазоқу дигар, барои муваффақ шудан ба ин сулҳ ба мо кумак карданд. Ин ҷо хидмати онҳоро мо низ бояд нодида нагирем. Яъне пеш аз ҳама ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ хидмати бузурги миллати тоҷик, сарони ин миллат ва баъдан дӯстони дуру наздики мо буд, ки воқеан мехостанд дар ин сарзамин оромӣ ҳукмрон бошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки тағйиротҳои гуногун дар ҳаёти мардум ба вуқӯъ пайваст, мардуми парешон сарҷамъ шуда, ба бунёди иншоотҳои бузург, корҳои ободонӣ ва дар маҷмӯъ муаррифӣ намудани имиҷи давлату миллати Тоҷикистон ба ваҷҳи некӯ дар миқёси байналмилалӣ камари ҳиммат бастанд. Тӯли ин солҳо навгониҳои зиёд, чорабиниҳои сатҳи гуногун ва базму тараби зиёд насиби мардуми шарифи Тоҷикистон гардид. Ҷаҳише ба вуҷуд омад, ки моро ба таври ҳамешагӣ аз муҳтоҷ будан ба дигарон ва гирифторӣ дар банду бало раҳоӣ бахшид.

Аз баракати сулҳу суботи устувор ва ваҳдати комили миллӣ имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз харобиҳои он даврони ноором осоре боқӣ намондааст ва дар натиҷаи заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстонаи мардум ва вусъат ёфтани созандагиву бунёдкорӣ Тоҷикистон сол то сол ободу зеботар мегардад. Маҳз оромӣ аст, ки мардум имрӯз ба бунёдкорӣ ва созандагӣ даст задаанд. Аз ин рў, љавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд.

Ҳар як тоҷик бояд худро шиносад, донад ки тоҷик кӣ буд ва дар оянда бояд дар кадом сатҳ қарор дошта бошад. Барои он ки мо худшинос шавем, бояд таърихи гузашта, фарҳангу тамаддуни пурбори худро омӯзем, ба умқи он сарфаҳм равем. Танҳо дар он маврид мо метавонем ба қадри сулҳу ваҳдат бирасем.