“Об барои рушди устувор”

Конференсияи илмӣ – амалӣ оид ба масоили Об

Дар толори фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав рӯзи 20-уми ноябри соли ҷорӣ конференсияи илмӣ – амалӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар мавзӯи “Об – омили асосии рушди устувор” баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, омӯзгорону донишҷӯёни факултети химия ва биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав иштирок доштанд.

Сараввал муовини раиси кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Заррина доир ба масъалањои ҳифзи муҳити зист суханронӣ намуд. Иброз гардид, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори дунё масъалаи об ба мавзӯи мубрами рӯз мубаддал гаштааст. Мо, ки дар саргаҳи об қарор дорем, бояд онро ҳифз намоему тоза нигаҳ дорем. Бо вуҷуди ин, ҳастанд ноҳияҳои дурдасте, ки аз норасоии оби нўшокӣ танқисӣ мекашанд.

Баъдан, сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукуров дар мавзӯи “Механизмҳои назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об дар ҶТ” бо маърўза баромад намуд. Таъкид гардид, ки манбаҳои ифлоскунии захираҳои об ин партовҳои кишоварзӣ, саноат ва хоҷагиҳои коммуналӣ ба ҳисоб мераванд. Бинобар фарсудашавии қисми зиёди асбобу таҷҳизотҳои канализатсионии корхонаҳо партовҳои обӣ пурра тоза нашуда, ба заҳбуру канал, сою дарёҳо ва дигар манбаъҳои таббиӣ равона карда мешавад, ки бояд тибқи Ќонуни ҶТ дар бораи ҳифзи муҳити зист аз ифлосшавӣ, вайроншавӣ, осеб дидан, камшавӣ, харобшавӣ ва дигар таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳифз карда шаванд.

Расулзода Ҳомидҷон директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои оби дарёи Панҷ” маърӯза намуд. Ҳамзамон таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки боришоти атмосферӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ на танҳо аз баландӣ, балки он аз самти ҷойгиршавии кӯҳҳо, дараҷаи муҳофизати қисмҳои алоҳидаи онҳо, аз бодҳои намнок вобастагӣ доранд. Зимистони соли дарпешомада нисбати соли равон хунуктар ба назар гирифта шудааст. Бо вуҷуди ин, гармшавии ҳарорати фасли баҳор дар кӯҳсор ба обшавии барф таъсири бузург мерасонад. Ҳамин тариқ дар сатҳи баланди ҳавзаи дарёи Панҷ, асосан ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар моҳи май тақрибан ба ҳарорати миёнаи моҳона дар моҳи сентябр баробар аст. Маърӯзачї Ҷумъа Бердиев, дотсенти кафедраи экологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носир Хусрав дар мавзӯи “Тоҷикистон дар пешбурди ҳаллу фасли проблемаҳои глобалии марбут бо об”, инчунин ташаббусҳои глобалии соҳаи об ва системаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки вобаста ба баъзе далелҳои воқеї оид ба мушкилоти об дар ҷаҳон чунин натиҷагирӣ шудааст. Аз ҷумла тибқи арзёбии Институтҳои Созмони Миллали Мутаҳид ҳудуди 900 млн-нафар аҳолии сайёра аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Қариб 3 млрд-нафар аҳолии сайёра ба беҳдошти замони муосир дастрасӣ надоранд. Ҳамзамон аз сабаби нарасидани об зиёда аз 1,4 млрд одамон дар сатҳи камбизоатӣ зиндагӣ менамоянд, вобаста ба сатҳи иҷтимоии мардум аз 6,1 ҳиссаи аҳолии ҷаҳон ба маҳсулти ғизои дастрасии кофӣ надоранд.

Пас аз шунидани маърўзањо тавассути доскаи электронї муњимтарин масоили марбут ба об ба саҳми иштирокдорон расонида шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба раёсати факултети химия ва биология ва ба иштирокчиёни фаъол сипосномаи Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Озодаи Рауфӣ “Фурӯғ”