Дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва ба истифода супоридани якумин агрегати иншооти бузурги аср, НБО «Роғун» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ Сафарбекзода Ҳ.С., мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ Ҳ. Азимов, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Т. Шамсов ва дигар устодону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Дар оғози чорабинї декани факултет ба сухан баромада, иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соли сеюм аст, ки санаи муҳими таърихӣ, 16-ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бояд ёддовар шуд, ки 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карда буданд. Қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.

Баъдан Ҳ. Азимов – мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ дар мавзӯи “16 -ноябр Рӯзи Президент” бо маърӯза баромад намуда, қайд намуд, ки таҷрибаи сулҳу ваҳдати Тоҷикистон мавриди омӯзиши бархе аз давлатҳои сайёра гардиааст, ки ин аз кору фаъолият ва сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳї медиҳад. Дар ин замина аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.

Дар кори мизи мудаввар дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет, аз ҷумла Э. Набиев дар мавзўи «Ташаббусҳои созандаи Пешво -омили муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ», Д. Қурбонов дар мавзўи «Роғун- равзанаи нур ба суйи фардои дурахшон», Ҳ. Нигмонова донишҷӯи курси сеюм, ихтисоси танзими ҳуқуқии соҳаҳои идораи давлатӣ дар мавзўи «Роғун ва истиқлолияти энергетикӣ», Ш. Ҳалимзода донишҷӯи курси дуюми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ дар мавзўи «Президенти мо- ифтихори мо» бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

Баромадкунандагон қайд доштанд, ки ҳамаи муваффаќиятњои кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки Президенти мо дар ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷомеа саҳми бузург дошта, ва маҳз ба ҳамин хотир маҳбуби мардум гардидааст, маҳз ба ҳамин сабаб ӯро одилона Президенти мардумӣ меноманд.

Дар идомаи чорабинї филми ҳуҷҷатӣ дар бораи хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи доскаи электронї ба намоиш гузошта шуд.

Эмомалӣ НАБИЕВ – раиси созмони ҷавонони факултети сиёсат ва идораи давлатӣ