Роғун ба мисоли мактаби илму фан аст

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ зина ба зина мавқеи худро дар олами сиёсати ҷаҳонӣ устувор намуда, тавассути фарҳанги волои давлатдории миллӣ, алаккай мақоми шоиста пайдо кардааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми сайёра кишвари моро узви ҷудонашавандаи хеш дониста, дар маъракаҳои муҳими сиёсии давлатҳои мутараққӣ намояндаи воломақоми кишвари моро даъват мекунанд.

Ин худ гувоҳи он аст, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бевосита халқи сулҳовар ба муқаррароти ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор аст. Шароити бархурди тамаддунҳо ва авҷ гирифтани хатарҳои замони муосир аз ҷумла терроризму экстремизм, шиддат ва вусъати бемайлони бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ давлатҳои сайёраро водор менамояд, ки барои амният ва суботи сиёсии давлат ва мардум чораҳои муассир рўи кор оранд.

Имрӯз мавзӯи бунёд ва ба истифода додани Кохи нури Тоҷикистон бо шиори рӯз табдил ёфтаааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину ойин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими ватан таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гӯфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони ормонӣ маводњои ҷолиберо ба мардум пешкаш менамоянд ва ин боиси он мегардад, ки мардуми заҳматкаш ва тамаддунофари Тоҷикистон барои боз ҳам ҳарчӣ наздиктар ба истифода додани ин иншооти дақиқан ва ҳаётан муҳим корҳои азимеро ба анҷом расонанд.

Нерӯи зеҳнӣ ва заковати Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми таҳаммулгар ва шикастнопазири ин сарзамин мисли шамси тобон мунаввар гашта, фазои бедории афкори оммаро равшан намуд. Халқ воҷиб будани Роғунро хеле хуб дарк карда, ҳамраъйии худро нисбати Ҳукумат бо ҳамовозии аниқ нишон дод. Иштироки фаъолонаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар харидории саҳмияҳои Роғун далелу исботи ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандории ҳар сокини бо нангу номуси кишвар аст.

Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар чӣ бештар инкишоф додани вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодии хеш ва аз мушкилоти таъминоти барқ раҳо гардонидани сокинони ин марзу буми беназир бо роҳбарии хирадмандонаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муҳиммияту зарурияти бунёди Неругоҳи барқи обии Роғунро ба миён гузошт.

Муроҷиатномаи Президент аз ҷониби мардуми сулҳофари Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуд, зеро бе рушди энергетика расидан ба ормонҳои миллӣ ғайри имкон аст. Тоҷикистон наметавонад бо чунин имконоти Худодод ба сўи дигар кишварҳо дасти ниёз дароз намояд. Моҳият ва ҷавҳари асосии иқдоми оқилонаи Сарвари давлат ба манфиати халқи мо воҷибияти ин иншооти дар ҳақиқат бузург ва тавлидкунандаи нурро дастаҷамона сохта ва ба истифода додан ва ҳамзамон аз ин дида пурнуртар ва рӯшантар гардонидани диёри азизамонро ифода мекунад. Ниёзи мардумро ба инобат гирифта, Ҳукумат ба қароре омад, ки дар кӯтоҳтарин фурсат Роғунро бисозад ва чароғи ватани маҳбубамонро боз ҳам фурӯзонтар гардонад. Боиси сарфарозї ва комёбии мардуми хирадманди Тоҷикистон аст, ки бо дастаҷамъӣ ҷиҳати харидории Саҳмияҳои Роғун тадбирҳои мушаххас андешида, бо охирин пасандозҳои хеш ба ободии Ватан ҳиссагузорї карданд.

Ободии Ватан қарзи шаҳрвандии мост. Тоҷикистон бо ғурури рустамонаи фарзандонаш Кохи нури Роғунро бунёд карда, тоҷи заррини рӯшноиро дар кутоҳтарин муддат истиқбол хоҳад гирифт, дилу дидаи Ватанро нури Роғун боз ҳам мунавартар мекунад.

Самандар АСОЕВ-ассистенти кафедраи

ҳуқуқ ва идораи давлатӣ