Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола дар мамлакат 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин мувофиқи нақша чорабиниҳо санаи 15-уми ноябри соли равон дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 –солагии Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ба истифода дода шудани агрегати якуми иншооти аср, НБО «Роғун» ҷаласаи умумидонишгохӣ доир гардид. Дар ҷаласа ноибони ректор, деканону устодони факултетҳо ва донишљўёни донишгоњ иштирок доштанд.

Дастоварду комёбиҳои беназиру бебаҳои даврони соҳибистиқлолӣ далолат ба хидматҳои бузургу арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, – иброз дошт, зимни суханронї ноиби ректор оид ба илм, профессор Қ.С. Абдураҳимов. Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистон, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо бахшид, – таъкид гардид дар љаласа. Одилона бояд иқрор шуд, ки бунёди НБО-и “Роғун” ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқмандӣ дорад. Пас аз мавриди ба истифода дода шудан НБО-и “Роғун” метавонад то 3600 МВт неруи барқӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар истеҳсол кунад. Ин чарха барои минтақае, ки ба неруи барқ ниёзи шадид дорад, имкони беҳтарини рушди ҳама соҳаҳои кишварамон ба ҳисоб меравад.

Сафарзода Рустам мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик зимни маърўза иброз дошт, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва таҳкиму мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ машаққатҳои зиёд кашида, борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзулу маҳвшавӣ раҳо ёфта, сулҳ дар кишвар поянда бошад.

Сипас, Эмомалӣ Набиев – ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ дар мавзӯи “Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат – омили муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ” маърӯза ќироат намуд. Мавсуф қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соли сеюм аст, ки санаи муҳими таърихӣ, 16-ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Қонуни ЉТ «Дар бораи рӯзҳои ид» бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.

Дар рафти чорабинї маърўзачиён ва иштирокдорон бо эњсоси баланди худшиносию ватандорї ба хидматњои Асосгузори сулњу вањдат, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон арзи сипосу миннатдории хешро баён дошта, аз фазои сулњу суботи кишвар шукргузорї менамуданд.

Дар анҷоми ҷаласа баҳри болидарӯҳии аҳли толор аз ҷониби донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ суруду таронаҳо дар васфи Ватан, Пешвои миллат садо доданд.