Рӯзи 22 ноябри соли равон дар толори фарҳангии донишгоҳ бо ташаббуси садорати факултаи таърих бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони «Парчам – ифтихори ватандории мо» баргузор гардид, ки дар он Раёсат, деканҳои факултаҳо, намояндагони идораву шуъбаҳо ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабиниро бо сухани табрикотӣ ноиби ректор оид ба таълим профессор Қ. Абдураҳимов ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории ин миллати соҳибтамаддун аст. Парчам гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ифтихори ватандории ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон ба мерос монда, насли даврони Истиқлолиятро мебояд, ки онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ қадр намоянд ва ба он арҷ гузоранд.
Баъдан тибқи барнома Беҳруз Баҳодуров, омӯзгори факултаи таърих дар мавзӯи «Таърихи Парчами Тоҷикистон» бо маърӯза баромад намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ муаррифгари давлат дар арсаи ҷаҳонӣ буда, баробари садо додани Суруди миллӣ Парчам низ баланд афрохта мешавад. Боиси ифтихор аст, ки дар миёни Парчами садҳо давлати дунё Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони амнияти дастаҷамъӣ дар Аврупо ҷилванамоӣ менамояд. Барафрохтани Парчами миллӣ дар дохил ва ё дар пештоқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, парафшонии он рамзи иқболу саодат ва комёбиҳои миллату давлати мост.
Бояд ёдовар шавем, ки бо ташаббуси садорати факултаи таърих бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз оѓози соли таҳсил миёни иштирокчиёни маҳфили назди факулта “Дастони моҳир” озмун эълон гардида буд. Дар робита ба ин, дар толори донишгоҳ намунаи хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз қабили кашидадӯзӣ, тоқидӯзӣ ва дигар ҳунарҳо ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар идомаи чорабинӣ пас аз тамошои маҳсули дасти шогирдони маҳфил натиҷагирӣ гардида, ѓолибон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин дар ҳаҷми зиёда аз 80 саҳифа маводи таҳиянамудаи устодони факулта, ки ба таърихи Парчамдории тоҷикон бахшида шуда буд, ба иштирокчиёни чорабинӣ тақсим карда шуд.
Қисмати фарҳангии чорабиниро ҳунарнамоии овозхонони маъруфи вилояти Хатлон Ҳанифа Қурбонова, Насиба Ҷалилова ва намоиши сару либоси миллии тоҷикона идома бахшид.
Чорабинӣ дар сатҳи баланди маърифатию сиёсӣ баргузор гардида, иштирокдорон аз кишвари ободу осуда ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат шукргузорӣ намуданд.