Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад.

                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

 

«ЗАНОН ВА РУШДИ ИЛМИ МУОСИР»

 

9 феврали соли равон дар кохи фарҳангии Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм конференсияи илмӣ тањти унвони «Занон ва рушди илми муосир» доир гардид. Конференсияи мазкур бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати кор бо занон ва оила баргузор гардид, ки дар он занони собиқадор, олимаҳо иштирок доштанд. Сараввал дар саҳни кохи фарҳангии донишгоҳ бахшида ба Соли рушди дењот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби донишљўёни факултетҳои донишгоҳ намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ ба маърази намоиш гузошта шуд.

Конференсияро ректори Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шодиён Муњаммад Султонзода бо сухани ифтитоҳӣ оѓоз бахшид. Ў таъкид намуд, ки солҳои пеш мардум ақидаи нодурусте – «Духтара чиву хонданаш чӣ?» бештар мављуд буд. Айни замон ин суханҳо кам гаштаанду духтарони деҳот метавонанд тавассути квотаи Президентӣ дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил намоянд. Чунки тарбияи фарзанд бар дўши модар асту пешравии ҷомеа низ ба солимии оила вобастагии зиёд дорад. Дар оѓози конференсия ӯ қайд кард, ки хуб мебуд агар бонувони соҳаи илм дар мақолаҳои хеш ба мавзӯъњои монеаи духтарон ба таҳсил, дур мондани ҷавондухтарон аз доираи одобу ахлоқи инсонӣ бештар таваҷҷуҳ мекарданд.

Ҳамзамон ректори донишгоҳ Шодиён М.С. зимни суханронӣ ба масъалањои одобу ахлоқи шарќиёнаи ҷавондухтарон, пўшидани сару либоси миллӣ  ва ѓайра арзишњои миллї ишорањо карда, изҳори нигаронӣ намуд, ки то њанўз дар ин самт баъзе камбудию норасоињо вуљуд доранд.

Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон, доктори илми фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар дар мавзӯи «Занон ва саҳми онҳо дар рушди илми муосир»  маърӯза карда, ќайд намуданд, ки масъалањои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон, рушди маърифату фарњанг ва равандҳои ҷамъиятӣ, баробарии гендерӣ ва боло бардоштани сатҳу сифати дониши донишҷӯёни муассиса ва омода намудани онҳо ҳамчун як нафар мутахаассис дар соҳаи илм бояд дар мадди назари њамагон ќарор дошта бошад.

Ў аз љумла илова кард: «Ягон давлат намехоҳад, ки ҳувияти худро аз даст бидиҳад. Имрӯз қувваҳои геопанитикӣ дар дасти занон аст, ки аз рӯи амали хеш метавонанд насли наврасро тарбия намоянд. Қувваҳое вуҷуд доранд, ки натанҳо ба воситаи ҳуҷуми сиёсату ҷанг, балки тавассути иттилоот, фарҳанг ва филмҳои бегона ақидаҳои гуногонро дар зењни мардуми мо талқин менамоянд. Ин пешбурди ҳамон ақоиди манфур аст. Ба ин гуна корҳо ҳамонҳое даст мезананд, ки аз қишрҳои иҷтимоии ҷомеа дуранду аз илму дониш бехабар. Мо бояд кӯшиш намоем, ки аслиҳае барои ба даст овардани дигарон нашавем.

Кори конференсия дар панҷ бахш идома ёфт.

  1. Роњбарии бахши филология ба зиммаи Табассум Тағоева – доктори илмҳои филология, мудири кафедраи назария ва типологияи забони англисии ДДБ ба номи Носири Хусрав ва котибии бахшро К. Асоева – номзади илмҳои филологияи Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ;
  2. Бахши технологияи иттилоотї, тиббї ва табииро Каримова Хӯҷабӣ – дотсенти кафедраи методикаи таълими ибтидоии ДДБ ба номи Носири Хусрав ва котибии онро Кузибаева Н.К. – омӯзгори кафедраи терапевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон;
  3. Бахши иқтисодиро Мирзоева Кибриё – номзади илмҳои педагогии ДЭТ дар вилояти Хатлон, котибии онро Маҷнунова Мутаҳира – дотсенти кафедраи ДДБ ба номи Носири Хусрав;
  4. Бахши педагогика ва методикаи таълимро Иззатова М.И. – доктори илмњои педагогии Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї, котии онро Ѓафурова Д.Љ. – дотсенти кафедраи педагогитка-психологияи рушд ва раќбатшиносиии Донишгоњи давлатии Данѓара;
  5. Бахши панҷум таъриху сиёсатшиносиро Худойдодова Шарофат – номзади илмњои филологї, дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї ва котибии бахшро Рустамзода Муќаддас – номзади илмњои педагогї, дотсент, мудири кафедраи курси амалии забони русии ДДБ ба номи Ноисри Хусрав ба уњда доштанд.

Сипас кори конференсия дар бахшҳои номбаршуда идома кард. Бояд ќайд кард, ки дар кори конференсия занони донишманд аз тамоми шањру ноњияњои вилоят ва муассисањои оливу миёна ва миёнаи махсуси вилояти Хатлон бо маќолаву маърўзањои илмии худ ширкат варзиданд.

Дар бахши филология 23 маќола, дар бахши технологияи иттилоотї, тиббї ва табиї 19 маќола, дар бахши иќтисодї 20 маќола, дар бахши педагогика ва методикаи таълим 39 маќола ва дар бахши таъриху сиёсатшиносї 20 маќола шунида шуда, инчунин мавриди тањлил ва баррасии иштирокчиёни конференсия ќарор гирифт.

 

ба мавзӯъҳои мухталиф Президент Эмомалӣ Раҳмон воқеан Пешвои миллат-адолат ва воқеияти таърих,  нақши занон дар ҷомеа, зани тоҷик зани озоду созанда, хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд, ниҳоди сарварии занон дар ҷомеа, маърифати экологии ҷавонон, мавҷеи зан дар сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи захираҳои обӣ ва ҳамбастагии он дар соҳаи кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои мубрам, мавриди баҳсу муҳокима қарор гирифтанд.   Дар ҷамъбасти кори конфронс пас аз баррасии маърӯзаҳо дар бахшҳо, беҳтарин маърӯзаҳо дар панҷ бахши фаъолиятдошта, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раёсати кор бо занон ва оила бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Озодамоҳи Рауф “Фурӯғ