23.02.2019 мудири кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Қодирова Дилафрӯз Толибовна таҳти роҳбарии Раҳимов Фарҳод Қодирович – доктори илмҳои физика- математика, профессор, академики АИ ҶТ, рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Татбиқи технологияи компютерӣ ҳангоми омӯзиши физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – назария ва методикаи омӯзишу парвариш (методикаи таълими физика) барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои педагогӣ бомуваффақият ҳимоя намуд. Ҳимоя дар базаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.