5-уми апрели соли 2019 дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки муаллимаҳо ва кормандони техникии таълимгоҳ «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст, мавриди баррасӣ ќарор гирифт.

Дар чорабинии мазкур ноиби ректор оид ба тарбия Раҷабов Давлат, сардори раёсати таълим Файзализода Баҳрулло ва раиси бонувони донишгоҳ Нурализода Наргис доир ба  нуктаҳои асосии дастурамали мазкур дар миёни бонувони донишгоҳ суханронӣ намуда, баъзе бандҳои онҳоро шарҳу тавзеҳ доданд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 140 нафар муаллима ва кормандони техникии донишгоҳ иштирок намуда, ба суолҳои хеш посухҳои сазовор гирифтанд.

Дар охир намояндагони маъмурияти донишгоҳ ҳамагонро баҳри амалишавии дастурамали мазкур ҳидоят намуданд.

Наргис Нурализода,

раиси бонувони Донишгоҳи давлатии 

Бохтар ба номи Носири Хусрав

 

ДАСТУРАМАЛИ ЛИБОСҲОИ ТАВСИЯВИИ  ХОНАНДАГОН  ДОНИШҶӮЁН ВА ОМУЗГОРОН ДАР МТ ҶТ