КОНФЕРЕНСИЯИ АПРЕЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ

            19–20-уми апрели соли 2019 дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 22-солагии Ваҳдати миллӣ ва 27-солагии Иҷлоисяи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ баргузор гардид.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав Шодиён Муҳаммад Султонзода оғоз намуда, иштирокдорони чорабиниро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, онҳоро бо тартиби гузаронидани конференсия ошно кард.

Баъдан муовини раиси вилояти Хатлон, доктори илмҳои фалсафа Хидирзода Махфират Умар иштирокчиёни конференсияро низ табрик намуда, дар мавзӯи «Нақши омилҳои фарҳангӣ дар таъмини амнияти миллӣ» маърӯза кард.

Ҳамчунин профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик Абдукибор Гадозода дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ – дастоварди бузурги таърихӣ», доктори илмҳои филологӣ, профессор Рустам Тағоймуродов дар мавзӯи «Таснифи табақабандии анвои адабӣ ба ҷинсу жанрҳо», номзади илмҳои иқтисодӣ, саромӯзгори кафедраи фаъолияти бонкӣ Ҳамдамзода Хурсанд Акбар дар мавзӯи «Туризм ҳамчун ҷабҳаи пешбарандаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ маърӯзаҳо карданд.

Кумитаи тадорукотии конференсия дар ҳайати 19 нафар ва кумитаи барномавии чорабинии мазкур дар ҳайати 11 нафар интихоб гардида буданд.

Ҷаласаҳои конференсия дар 42 бахш идома карда, маърӯзаҳои омӯзгорон мавриди муҳокимаву баррасии иштирокдорони чорабинӣ қарор гирифтанд.

Раҷабалӣ Худоёрзода