НАМОИШИ КИТОБӢ ХОНА ДАР ДОНИШГОҲ

4-уми сентябри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рўзи китоб намоиши китобӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур барои оммавигардонии хониши китоб асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рањмон, инчунин китобҳои тозанашри олимону устодони донишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Китобҳои ба намоиш гузошташуда бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дигар забонњо буданд. Намоиши китобӣ аз соати 700 субҳ оғоз гардида, то соати 1400 зуҳри ҳамон рўз идома кард. Устодону кормандон, инчунин донишҷўёни донишгои намоиши китобиро тамошо карда, тибқи дархости хеш адабиёти заруриро дастрас намуданд.
Ҳамасола фонди китобии китобхона аз ҳисоби китобњои таълифнамудаи устодони донишгоњ ва китобњои тозанашри нашрияҳои ҷумњурӣ афзун мешавад.
Мавриди зикр кардан аст, ки китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар баробари хизматрасонӣ ба устодону донишҷўёни донишгоҳ, инчунин ба кормандони идораву муассиса, корхонаву ташкилотҳои шаҳриву вилоятӣ низ хизмати фарҳангию маърифатӣ мерасонад. Ин иқдоми кормандони китобхона шоистаи таҳсин ва дастгирӣ мебошад.

Раҷабалӣ Худоёрзода,
роҳбари бахши Маркази
таҳлилӣ-иттилоотии донишгоҳ