ҚАТЛУ КУШТОР МУСУЛМОНӢ НЕСТ!

«Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст»

                                                                                                                                                                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

 

         Воқеан ҳам имрўзҳо дар расонаҳои хабарӣ терроризм ва экстремизм яке аз мавзўъҳои меҳварию доғи рўз ба ҳисоб рафта, ҳеҷ як шаҳрванди асили сайёраро бетараф гузошта наметавонад. Тоҷикистони азизи мо низ ҳамчун узви созмонҳои байналмилалӣ ба ин зуҳуроти номатлуб ва ба ин «вабои аср» бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри маҳкум  намудани он ҳамеша талош меварзад.

Ҳамин буд, ки 17 майи соли равон дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе  бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва дигар шарикони байналмилалӣ конференсия дар мавзўи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 500 ҳайат аз 50 давлати дунё, 28 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти масъули мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.

         Дар конференсияи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд. Ў ба ин зуҳуроти номатлуб оштинопазир будани Тоҷикистон ва шаҳрвандони онро изҳор намуда, аз ҷумла гуфта буданд: «Террорист ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кумак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».

         Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аз оқибати мудҳиши чунин сиёсатбозиҳою муноқишаҳои гурўҳӣ нек бохабар аст, бинобар ин ба гурўҳҳои тундраву хатарзо нафрат дошта, амалҳои террористию экстремистии онҳоро маҳкум карда, тарафдори ҳарчи зудтар амалисозии «Нақшаи муштараки татбиқи Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза ба зидди терроризм дар Осиёи Марказӣ» ва «Нақшаи амалиёти Дабири кулли СММ оид ба огоҳсозии экстремизми зўровар» мебошад.

         Тибқи таҳлили сиёсатмадорону коршиносони соҳа «маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастовардашуда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявиии терроризм мебошад».

         Аз ҳама аҷибтар он аст, ки аксарияти аъзои гурўҳҳои террористиву экстремистиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва маҳз ҳамин қишри ҷомеа ба ҳизбҳои тундраву хатарзо шомил мешаванд.

         Баъзе шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна барои таъмини рўзгори худу наздикони худ аввал ба Федератсияи Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, баъдан фирефтаи тарғибу ташвиқи шабакаҳои интернетии гурўҳҳои тундрав шуда, бо мақсади дарёфти маблағи ҳангуфт озими «Давлати исломӣ» мешаванд. Аз ин мебарояд, ки як сабаби дигари майл кардани ҷавонон ба ин гурўҳҳо ҷанбаи иҷтимоӣ низ доштааст. Онҳо хуб медонанд, ки бо шомил шудан ба гурўҳҳои террористиву экстремистӣ номи худашонро доғдор, падару модар ва хешу ақрабояшонро дар ғаму мусибат гирифтор мекунанд, вале бо вуҷуди ин ҳама бадномиҳо баъзеи онҳо аз роҳи интихобкардаи худ пас намегарданд. Чаро? Ба андешаи мо боз ҳам ҳамон омили иҷтимоӣ пеши назар меояд, ки «гушна ба шер мезанад».

         Ин зумра ҷавонон ё аз набудани ҷойи кори муносиб ва ё хоҳиши бо меҳнати ҳалол кор карда ризқу рўзӣ пайдо карданро нахостан, ноилоҷ ин роҳи хатарнокро интихоб мекунанд.

         Омили сеюме, ки сабабгори шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои террористиву экстремистӣ гардад, ин аз рўи ҳавову ҳавас пуштибонӣ кардани онҳо аз дини мубини ислом мебошад.  Ҳол он ки аз дини мубини ислом пуштибонӣ кардан на бо қатлу куштор, балки бо омўзиши амиқи илмҳои динӣ, иҷрои бекамукости аҳкому аркони шариати ислом, парҳезгору ҳалолкор будан ва бо гуфтаҳои Худову Расули он содиқона амал кардан ва инчунин бо меҳнати ҳалол ризқу рўзӣ ба даст овардан сурат мегирад.

         Акнун ба гуфтаи Пайғамбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) рў меорем, ки дар хусуси ҷангу куштори байни мусулмонон чӣ гуфтааст: «Изо тақал муслимони би сайфуҳумо, фақатала аҳадуҳу соҳибаҳу, ал-қотилу вал-мақтулу фӣ-н-нори» (Ҳар гоҳе, ки ду мусулмон бо шамшерҳояшон рў ба рў мешаванд, яке дигареро мекушад, кушандаву кушташуда ҳар ду дар оташи дўзаханд).

         Аз Пайғамбари ислом пурсиданд, ки чаро ҳардуи онҳо дар дўзаханд? Охир ин қотил мусулмонеро кушт, оё ў шаҳид нашуд?

         Пайғамбари Худо ҷавоб додааст, ки мусулмони кушташуда ҳам нияти баде дошт, яъне ў низ қасди куштани ин мусулмонро дар дил мепарварид. Модоме, ки мусулмон бародари мусулмон бошад, пас чаро мо душмани ҷони ҳамдигар бошем?

         Ҳоҷӣ Саидалӣ Камолии Дезфулӣ пас аз мутолиаи китобҳои нависандаи хушсалиқаву нозукбаёни эронӣ Муҳаммади Ҳиҷозӣ суханони ҳакимонаву пандомези ўро ҷамъоварӣ карда, бо номи «Ҳазор сухан» интишор намудааст, ки бояд он китоби рўимизии ҳар як инсони солимақл ва махсусан ҷавонону наврасони мо бошад.

         Дар ин ҷо вобаста ба мавзўи боло аз китоби «Ҳазор сухан» иқтибос овардани чанд фиқрае ба нафъи кор мебошад. Шояд ҷавонону наврасони мо низ аз он фиқраҳои ҳакимонаи адиб хулосаҳои даркорӣ бароварда, дар ҳаёти хеш он гуфтаҳоро амалӣ намоянд:

         Он ки теғу тапонча ба атфол медиҳад, хуни бегуноҳонро ба гардан мегирад. Табиат низ, ки ин ҳама асбоби ҷангу куштор дар дасти мо кўдакони ақл мегузорад, масъули ин ҳама мусибати мо аст.

                                                * * *

Сулҳ боиси равнақи кори мардум ва касодии бозори ҳодисаҷўён аст.

                                                * * *

Ранҷу гирифтории ҳар кас ба андозаи ҷаҳлу бетадбирии ўст.

                                                * * *

Он ки ранҷида ва озурда тарки ватан мекунад, рўҳи носозгори худро ҳамроҳ мебарад.

                                                * * *

Агар ростӣ аз хатар метарсем, бархезем ва коре бикунем, вагарна тарси беамал моро кучаку хатарро бузург мекунад.

                                                * * *

Ранҷе, ки аз тасаввури хатар мебарем, ҳамеша аз хатар бузургтар аст.

                                                * * *

Мардуми дунё ҳамчу девонагоне кўру кар ба ҷони ҳам меафтанд ва якдигарро надидаю нашинохта медаранд ва бар ин девонагӣ номи ҷанг ва ифтихор мегузоранд.

Дар хотимаи мақолаи хеш хонандаи азизро ба худшиносиву худогоҳӣ даъват карда, боварии комил дорам, ки ҷавонони замони мо барои дар Ватани азизамон сулҳу ваҳдат пойдор будан ва тинҷу амон мондани он ҳамеша ҷаҳду талош меварзанд.

 

 

Раҷабалӣ Худоёрзода,

сардори бахши Маркази

таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ

 ба номи Носири Хусрав