КАЛИМАҲОИ ИҚТИБОСИИ ЮНОНӢ ДАР ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

 

         Тавре ки медонем, бо мурури замон ба захираи луғавии забони тоҷикӣ аз дигар забонҳо анбўҳи зиёди калимаҳо ворид гардидаанд ва ин гуна калимаҳоро дар истилоҳи забоншиносӣ калимаҳои иқтибосӣ меноманд. Шояд дар рўи олам забонеро, ки холӣ аз калимаҳои иқтибосии аз дигар забонҳо қабулкарда бошад пайдо карда натавонем, зеро дар тўли таърих бисёр ҳодисаҳо ба вуқўъ пайвастаанд, ки баъзе калимаҳои як забон ба забони дигар гузаштаанд. Забони тоҷикӣ низ дар таърихи чандинҳазорсолаи мавҷудияти хеш бо забонҳои дигар омехта шуда, баъзе калимаҳояшро ба он забонҳо додаву баъзе вожаҳоро аз он забонҳо ба таркиби луғавии худ ҳамроҳ намудааст.

         Аз ҳамин хотир мо барои муайян кардани миқдори калимаҳои иқтибосӣ ба китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (иборат аз ду ҷилд, Москва, 1969) рў овардем. Дар натиҷаи таҳқиқ ва ҳисобу китоб маълум гардид, ки дар фарҳанги мазкур аз ҳама зиёд калимаҳои арабӣ мавҷуд будаанд.

Донишманди тоҷик Ҳомид Маҷидов калимаҳои иқтибосии арабии ба забонии тоҷикӣ дохилгардидаро дар давраҳои гуногуни таърихӣ мавриди таҳқиқ қарор дода, миқдори онҳоро тибқи гуфтаи олими эронӣ Маликушшуаро Баҳор чунин нишон додааст: «Ба қавли Маликушшуаро Баҳор (калимаҳои иқтибосии арабӣ, Р. Х.), дар охирҳои асри XI ба 10-15 % расидааст, дар асри XII он 22%-ро ташкил медиҳад. Калимаҳои иқтибосии арабӣ дар асрҳои XIII-XIV ба миқдори 70-80% афзоиш кардаанд. Ин миқдор дар забони тоҷикӣ-форсии ибтидои асри XX 60-70%-ро ташкил медод». Баъди ислоҳоту назоратҳои пайвастае, ки дар солҳои Ҳокимияти Шўравӣ нисбати чунин калимаҳо гузаронида мешуданд, миқдори онҳо як андоза паст рафтааст. Бо вуҷуди он имрўз ҳам дар услубҳои гуногуни нутқи мо тақрибан ба 40-50% калимаҳои мустаъмалро калимаҳои арабӣ ташкил медиҳанд» («Маърифат», 1999, № 7-8, саҳ. 2).

Аз иқтибоси дар боло овардашуда маълум мешавад, ки бо мурури замон калимаҳои арабӣ баъзан зиёд ва баъзан истеъмоли онҳо маҳдуд гардида будааст. Бо вуҷуди ин тахмин кардан мумкин аст, ки нисфи калимаю вожаҳои тоҷикиро калимаҳои арабӣ ташкил медодаанд.

Бояд хотиррасон намуд, ки дар шарҳи мухтасар (аннотатсия)-и китоб барои истифодабарандагони он чунин маълумоте дода шудааст: «Ин фарҳанги тафсирии забони классикии тоҷикист ва тақрибан 45 ҳазор калимаву ибораро дар бар гирифтааст. Эзоҳи калимаву ибораҳо бо мисолҳо бо мисолҳое, ки аз асарҳои адабиёти асрҳои Х то ибтидои асри ХХ гирифта шудаанд, таъйид ёфтаанд» (ФЗТ, саҳ. 4).

Ҳангоми таҳқиқ маълум гардид, ки дар баробари калимаҳои иқтибосии арабӣ, инчунин ба захираи луғавии забони тоҷикӣ калимаҳои иқтибосии туркӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, туркию муғулӣ, юнонии арабишуда, муғулӣ, арабии юнонишуда, муғулию туркӣ, ҳиндии юнонишуда, лотинии арабишуда ва ғайра низ ворид гардида, хазинаи бузурги ин забонро боз ҳам афзунтар намудаанд.

Аз китоби муътабари «Фарҳанги забони тоҷикӣ» миқдори калимаҳои иқтибосиро мутаносибан мувофиқи теъдодашон чунин муайян намудем. Калимаҳои арабӣ 40-50 фоиз, туркӣ 354 калима, ҳиндӣ 60 калима, юнонӣ 58 калима, туркию муғулӣ 51 калима, юнонии арабишуда 33 калима, муғулӣ 24 калима, арабии юнонишуда 7 калима, муғулию туркӣ 3 калима, ҳиндии юнонишуда 1 калима, лотинии арабишуда 1 калимаро ташкил медиҳанд. Дар ихтсораҳои шартии муқаддимаи китоб дар қатори дигар калимаҳои иқтбосӣ аз забони суриёнӣ низ нишон дода шуда бошад ҳам, вале ҳеҷ як калимаи суриёнӣ ба назари мо нарасид, бинобар ин миқдори онро ҳам муайян карда натавонистем.

Агар вожаҳои юнонӣ (60), юнонии арабишуда (33), арабии юнонишуда (7) ва ҳиндии юнонишуда (2)-ро, ки дар забони тоҷикӣ ҳамчун калимаҳои иқтибосӣ дохил гардидаанд, ҷамъ намоем, зиёда аз 100 калимаро ташкил медиҳад.

Калимаҳои иқтибосии юноние, ки ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид гардидаанд, маъноҳои гуногунро ифода мекунанд. Мо онҳоро  вобаста ба мазмуну муҳтавояшон ба чанд гурўҳ ҷудо намудем:

номи шоҳон ва донишмандони қадим: Искандар, Уқлидус/Уқлидус; номи бемориҳо:  қуланҷ, молихулиё, мохулиё; номи наботот ва дигар маводи давоӣ: баласон/балисон, балила, сандал, истофил, афтимун, қуст, сақмуниё, тарёк, тарюк, тирёк, қаранфул, сақмуниё, тарёқ/тарюқ/тирёқ, қир, қор, мўмиё, мўмиёӣ, апюн, афюн, номи ҳайвоноти ваҳшӣ ва мутааллиқи онҳо: буқаламун далфин/дулфин, қақнус, сақанқур, истабл; номи ибодатхона ва рутбаҳои олии рўҳониёни христианӣ: калисо/калисиё/калисё, баториқа, битриқ, митрон, сакубо/сукубо, усқуф, уқнум, ҷосилиқ, номи илм ва китобҳо: лимиё, симиё, «Ангалюн», «Миҷастӣ»; номи санг ва дигар маъданҳо: булур/булўр, зумуррад, замуррад, зумруд, мақнотис/мағниётис/миқнотис, марворид, мармар; номи зарф ва дигар асбоби рўзгор: қандил/қиндил, пиёла, собун, фонўс, қаппон, қаппон, қустос/қистос; номи асбобҳои мусиқӣ: арған, арғанун, арғунун, барбат, конун, қонун; номи асбоби ситорашиносӣ ва дигар ҷирмҳои осмонӣ: ситирлоб/ сутурлоб, асир, устуқус/устуқуссот; воҳидҳои ченаки арзиш: дирам, дирҳам, пул; истилоҳоти фалсафӣ: суфастоӣ, файласуф, ҳаюло, истилоҳи ҷуғрофӣ: иқлим; номи узвҳои инсон ва мутаалиқи он: қулун, қифол, номўс; номи моддаи зардранг: сандарўс; номи тахт: арика; воҳидҳои ченаки вазн: қирот; номи матоҳои нафис: буқаламун, сақирлот, сақлотун.

         Калимаҳои иқтибосии юнонӣ ҳам мисли дигар забонҳо сермаъно буда, баъзеашон аз як то чаҳор маъноро ифода мекунанд.

Баъзе калимаҳои юнонӣ дар забони модарии мо чунон мавқеи устувор доранд, ки ба юнонӣ будани онҳо шубҳаи кас меояд. Масалан, маънои калимаҳои арғунун, барбат, булўр, далфин, дирам, иқлим, қандил, қаранфул, мўмиё, пиёла, пул, фонус ва ғайра барои хонандаи тоҷик бидуни шарҳу тафсир фаҳмову равшан аст.

Дар баробари ин баъзе калимаҳои иқтибосии юнонӣ бидуни шарҳу тафсир барои хонандаи тоҷик чандон фаҳмову равшан нестанд. Масалан, маънои калимаҳои буқаламун, ангалюн, афтимун, балисон, истабл, қапон, қуст ва ғайраро хонанда бидуни шарҳу тафсир фаҳмида наметавонад.

Ҳомид Маҷидов дар мақолаи бо номи «Калимаҳои иқтибосии тоисломӣ дар забони тоҷикӣ» навиштааш доир ба калимаҳои иқтибосии юнонии ба забони тоҷикӣ дохилгардида чунин ибрози назар намудааст: «Калимаҳои дар гузаштаи қадим аз юнонӣ воридшуда низ чандон зиёд нестанд. Дар қиёфаи овозии чунин калимаҳо низ аҳён-аҳён осори сохтори овозии забони асли қадимаро зоҳир кардан мумкин аст. Чунончи, дар охири як гурўҳ калимаҳои ифодакунандаи шайъҳо боқӣ мондани овози с нишона аз мансубияти онҳо ба исмҳо аст: фонус, номус, сандарус «як навъ моддаи зардранг», обнус «як навъ дарахти сиёҳранги чўбаш сахт» («Маърифат», 1999, № 5-6, саҳ. 24).

Дар ҳамон мақола Ҳомид Маҷидов баъзе калимаҳои тоҷикиро ба қатори калимаҳои иқтибосии юнонӣ дохил кардааст, ки шояд юнонӣ набошанд, зеро баъди ин қабил калимаҳо ҳарфи ю. (юнонӣ) наомадааст. Масалан, ў вожаҳои тоҷикии  «алмос», «арғанда», «дафтар», «динор», «ёқанд», «Кайвон», «кимиё», «колбад» «лаган», «наргис», «обнус», «осиё», «сим», «шоф»-ро беасос ба қатори калимаҳои иқтибосии юнонӣ дохил кардааст, ки ба юнонӣ будани онҳо боварии кас намеояд.  

Ба хонанди имрўз, махсусан ҷавонон, маънои аксар калимаю вожаҳои юнонӣ фаҳмо нестанд, бинобар ин мо дар поён овардани шарҳу тафсири калимаҳои иқтибосии юнониро зарур донистем. Ин амал агар аз як тараф ба донистани забони модарии хонандагон мусоидат намояд, аз тарафи дигар шавқи онҳоро ба омўхтани забонҳои дигар низ бедор месозад:

Ангалюн – 1. д. китоби Инҷил… 2. номи китоби Монии наққош.

Апюн/афюн – модаи заҳрдоре, ки аз шираи ғўзаи кўкнор ҳосил мешавад ва мастию беҳушӣ меоварад.

Арған/арғанун/арғунун – номи асбоби мусиқӣ.

Арика – тахт, тахти ороста.

Асир – 1. кураи оташест дар болои осмон; 2. офтоб; фурўғи асир равшании офтоб; 3.фалак, осмон; маҷ.баланд, олӣ.

Афтимун – гиёҳи сурхрангу талхмазаест, ки барои муолиҷаи баъзе касалиҳои рўҳӣ ба кор мерафт.

Баласон/ балисон – номи дарахтест, ки баргҳояш бўи хуш дошта, аз он равғаи эфир тайёр мекунанд.

Балила – донаи ҷавзмонанди зардранги монанд ба ҳалила, ки пўсти он дар тиб ба кор меравад; дарахти балила дар Ҳинд мерўяд.

Барбат – асбоби қадимии удмонанди мусиқӣ, ки ҳашт тор дорад.

Баториқа/битриқ – 1. падаршоҳ, патриарх, қоид ва пешвои дини исавӣ; 2. сардори фавҷе аз лашкари румиён.

Буқаламун//буқалмун – 1. навъе аз ҳайвоноти хазандаи сусмормонанди кишварҳои гарм, ки ранги пўсти худро назар ба муҳит дигар мекунад, ҳирбо… 2. маҷ. рангоранг. 3. маҷ. ноустувор, доимо тағйирёбанда. 4. номи навъе аз дебои румӣ, ки рангоранг метобад.

Булур/ булўр – санги софу шаффои шишамонанд.

Далфин/дулфин – як навъ ҳайвони ширхори баҳрӣ аз ҷинси ҳайвоноти наҳангмонанд.

Дирам/ дирҳам – 1. танга, сиккаи нуқрагӣ, пули нуқра; 2. пул; 3. воҳиди вазн, барбари 3, 12 г.

Зумуррад/зумурруд зумуруд – санги гаронбаҳои сабзранг.

Иқлим – кишвар, мамлакат, вилоят; минтақае аз кураи Замин.

Искандар – 1. сир, саримсоқ; 2.номи яке аз подшоҳони Юнони қадим, Искандари Мақдунӣ, яъне Искандари Зулқарнайн.

Истабл – ҷойи бошиши аспон, тавила, аспхона, оғилхона,  саисхона; ҷойи бастани чорпоён.

Истофил – ангур.

Калисё/калисиё/калисо – ибодатхонаи исавиён, ибодатхонаи аҳли насоро.

Каппон – тарозуи якпалла калон.

Конун/қонун – асбоби мусиқӣ ба шакли тахтаи паҳн бо торҳои бисёр.

Қақнус – номи як мурғи афсонавии хушовоз, ки гўё минқори он сесаду шаст сўрох доштааст.

Қандил/қиндил – чилчароғ, шамъдони калон, чироғи овезон.

Қаранфул – меваи гиёҳест хушбўй, ки духтарон ба гардан мисли марҷон меовезанд; фаранҷмушк, ки онро мехак низ гўянд ва онро барои хўриш ҳам ба кор мебаранд, ки хўрокро тунд мекунад.

Қир – 1. моддаи равғанмонанди сиёҳ ва часпак, ки аз нафт ҳосил мешавад ва онро барои муолиҷаи ҷароҳати шутурҳо кор мефармоянд, инчунин ба дарзи киштӣ мемоланд, то ки ба киштӣ об надарояд; 2. маҷ. ранги сиёҳ.

Қирот – ченаки вазн, ки баробари тахминан 200 миллиграм аст ва махсусан дар санҷиши ҷавоҳирот кор фармуда мешавад.

Қистос – тарозу, тарозуе, ки хеле дуруст бармекашад, тарозуи ҳассос.

         Қифол – тиб. раги даст, ки аз он хун мегиранд.

         Қор – 1. моддаи равғанмонанди сиёҳ ва часпак, ки аз нафт ҳосил мешавад ва онро барои муолиҷаи ҷароҳати шутурҳо кор мефармоянд, инчунин ба дарзи киштӣ мемоланд, то ки ба киштӣ об надарояд; 2. маҷ. ранги сиёҳ.

         Қуланҷ/қулунҷ – тиб. як навъ бемории рўдаҳо, хала.

Қулун – номи рўдае.

Қуст – бехи гиёҳе шабеҳ ба меҳргиёҳ, ба соқаи хазанда, дорои баргҳои калон, дар тиб ба кор меравад.

Қустос – тарозу, тарозуе, ки хеле дуруст бармекашад, тарозуи ҳассос.

Қутос – гови кўҳӣ, дорои пашм ва ёли дароз; думи вайро бар сари байрақ мебанданд.

Лимиё – яке аз илмҳои асримиёнагӣ, ки доир ба риёзиёт будааст.

Мағниётис/ мағнотис/миқнотис – оҳанрабо, як навъ сангоҳан, ки хосияти оҳанрабоӣ дорад.

Марворид – 1. донаи хурд ва дурахшон, сафед ё сафеди сурхтоб, ки дар даруни садаф ба вуҷуд мешавад.

Мармар – аз ҷинси сангҳое, ки аз ҷузъҳои булўришудаи оҳакӣ ба вуҷуд омада, ба воситаи тарош ва соидан ҷилодор мешавад.

Митрон – яке аз унвонҳои олии рўҳониёни христиёнӣ, митрополит.

«Миҷастӣ» – номи китобест доир ба илми риёзӣ ва ҳандаса аз таълифоти ҳакими юнонӣ Батлимус.

Молихулиё/мохулиё – 1. бемории димоғӣ, ки боиси хаёлоти воҳимангез мешавад, савдоӣ, хаёлӣ будан; 2. маҷ. суханҳои сафсатаи парешон ва дардисаровар.

Мўмиё/мўмиёӣ – 1. моддаи сиёҳранги қирмонанде, ки дар баъзе ғорҳо аз дарзҳои санг таровида мебарояд ва хўрдани он барои зуд пайванд ёфтан ва сиҳат шудани устухони шикаста нофеъ аст. 2. ҷасади ба таври махсус бо доруҳо хушконидашуда, ки дер меистад.

Номўс – 1. обрў, шараф, қадру иззат; исмат. 2. овоза шўҳрат.

Пиёла – қадаҳ, ҷоми май, косаи хурди шаробхўрӣ; зарфи худ, ки бо он моддаи моеъро мехўранд.

Пул – зару нуқра ва фулузоти дигари сикказадашуда, ки дар тиҷорат, харидуфурўш ва додугирифт андозаи арзишро ифода мекунад.

Сакубо/сукубо – рўҳонии олимартаба дар дини христианӣ, асқуф, епископ.

Сандал – дарахти ҳамешасабзе, ки дар минтақаҳои гарм мерўяд; чўби он хушбўст ва хосияти давоӣ дорад.

Сандарўс – 1. навъе аз моддаи шилиммонанди зардранги шабеҳ ба каҳрабо, ки аз дарахт ҳосил мешавад.2. киноя. аз зард; зарди моил ба сурхӣ.

Сақанқур – ҷонвари сусмормонанди обӣ ва хушкӣ.

Сақирлот/сақлотун – матои нафисе, ки бештар ба ранги сурх ё кабуд будааст; як навъ матои зардўзӣ, ки дар қадим онро дар Бағдод мебофтаанд.

Сақмуниё – шираи решаи гиёҳест, ки дар кўҳҳо ва заминҳои санглох мерўяд, барои муолиҷаи баъзе бемориҳои меъда ҳамчун дафъи киҷҷа ва ғ. ба кор меравад ва талхмазза буда, исҳоли сафро меорад.

Симиё – яке аз илмҳои хурофии асримиёнагӣ – илми ттилисм, илми сеҳру ҷоду ва муҷассам сохтани чизҳои хаёлӣ ва мавҳум, илми найрангу шуъбада.

Ситирлоб/сутурлоб/ устурлоб – нуҷ. асбобе, кибо воситаи он дар расадхонаҳо гардиши ситораҳоро мушоҳида мекунанд ва меомўзанд.

Собун – он чӣ аз чарбу ё равғанҳои наботӣ бо омехтани сода ва ишқор сохта мешавад ва барои шустушўи бадан ва либос ба кор меравад.

Суфастоӣ – ҷараёни фалсафӣ дар Юнони қадим, ки олам ва мавҷудотро хаёлӣ ва мавҳум медонистанд.

Тарёқ/тирёқ/тарюқ – давои зидди таъсири заҳр, доруи зидди заҳр, позаҳр.

Усқуф – кашиши калони исавиён, епископ.

Устуқус/устуқуссот – 1. унсур, моддаи аввалия. 2 фалак.

Уқлидис/Уқлидус – Эвклид, номи яке аз донишмандони Юнони қадим (асри III пеш аз милод), ки муаллифи китоби машҳури илми ҳандаса мебошад.

Уқнум – 1. асл, зот; 2. дар ақидаи насрониён яке аз се намуди асосии тазоҳури Худованд, ки падар, писар, рўҳулқудс (рўҳи мутлақ) аст.

Файласуф – дўстдори илму ҳикмат, ҳаким ва донишманд.

Фонус – чизи қуттимонанди филизии дастадор, ки атрофаш бо шиша, коғаз ва ғ. гирифта шудааст ва дар он чироғ ё шамъи фурўзон мегузоранд ва шабона бо худ мебаранд, ё ки дар ҷое овезон карда мемонанд.

Ҳаюло – модда, моддаи аслӣ, моҳияти ҳар чиз, гавҳар, материя.

Ҷосилиқ – пешвои рўҳонии христианҳои католик, ки аз усқуф болотар меистад.

 

 

Раҷабалӣ Худоёрзода,

номзади илмҳои филологӣ