КАЛИМАҲОИ ИҚТИБОСИИ ҲИНДӢ ДАР ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

 

 

Ҳомид Маҷидов дар мақолаи «Калимаҳои иқтибосии тоисломӣ дар забони тоҷикӣ» сабабҳои аз як забон ба забони дигар гузаштани калимаю вожаҳоро, ки дар илми забоншиносӣ онро калимаҳои иқтибосӣ меноманд, чунин баён намудааст: «Сабабҳои таърихии иқтибосшавии калимаҳо дар забонамон ниҳоят гуногун буда метавонанд. Ба ин ҷумла борҳо аз ҷониби аҷнабиён забт гардидани сарзамини азалии мардуми тоҷик – Осиёи Миёнаро номбар кардан мумкин аст. Чунончи, дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз ҷониби юнониён, арабҳо ва қабилаҳои мухталифи турку муғул истило шудани ин кишвар дар забонамон ҳам бетаъсир намондааст. Ҳамзистии бисёрасраи халқҳои гуногун низ боиси қабули калимаҳо аз як забон ба забони дигар мегардад» («Маърифат», №5-6, 1999, саҳ. 21).

Ҳамчунин В. А. Капранов дар мавриди муайян намудани роҳҳои интиқоли калимаҳои иқтибосии ҳиндии кўтвол, лок, шағол, чандан/чандал, коло, чатр ва монанди инҳо ба хулосае омадааст, ки «қабули онҳо ба форсии дарӣ хеле барвақт – ҳанўз то асри VIII шурўъ шуда, на танҳо бевосита аз худи он забон, ҳамчунин ба тавассути суғдӣ ворид шудаанд» (Капранов В.А. Таджикско-персидская лексикогарфия в Индии XVI –XIX вв. – Душанбе: «Дониш», 1987, с. 89).

Дар мақолаи мазкур ба як нуктаи муҳим ишора шудааст, ки «бештари калимаҳои сершумори аз забонҳои ҳиндӣ воридшуда ифодагари чунин ашё ва ҳодисаҳои ҳаёти воқеӣ мебошанд, ки барои мардуми мо бегона буданд. Баъзе аз чунин калимаҳо дар сарчашмаҳои ҷудогона дар шакли талаффузи аслиашон – бо ҳамсадоҳои комию ҳалқӣ (чунончи, чх, дх) ва баъзе унсурҳои дигари овозиашон оварда шудаанд: чҳап «чоп», чавкҳандӣ «шипанг, чайла», дҳалак «кўза», чандал «чўби сандал», саравара «шалвор», карпура «моддаи хушбўи сафед, кофур», ҷангала «бешаи тропикӣ», чатранг «шоҳмот» («Маърифат», №5-6, 1999, саҳ. 23).

Мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» калимаҳои иқтибосии ҳиндиро ба се навъ ҷудо намудаанд: аввал калимаҳои сирф ҳиндӣ (62-то), дуввум калимаҳои ҳиндии арабишуда (6-то) ва сеюм калимаҳои ҳиндии юнонишуда (2-то), ки дар маҷмўъ 70 калимаро ташкил медиҳад.

Вожаҳои ҳиндии ҳамчун калимаҳои иқтибосӣ ба захираи луғавии забони тоҷикӣ гузаштаро мо ба гурўҳҳои зерин ҷудо намудем:

Арзиши пулӣ: астир, чов; номи асбобҳои ҷангӣ ва тааллуқоти он: балорак, палорак, барча, барчак, паҳанд; моддаи нашъаовар: банг; мавсими боронгарӣ: барасот/барсот, барашкол/баршакол; номи ҳакими ҳиндӣ ва истилоҳи дини буддӣ: буд/будд, лакҳан, бараҳман/ барҳаман/бароҳима; номи дархту гиёҳ ва гул: норанг/норанҷ, пон, сандал, чандан/қаранфул, човала; шумора ва номи воҳидҳои ченаки вақт: лак, паҳр, унвон ва таҳти шоҳӣ: рой, чепол, мандал, полакӣ, сангосан, сифати занони нек ва асбобҳои ороишии занона: потар, сатӣ, бибӣ, сеҳра, пон; номи навъе аз бозӣ: чавпар, номи асбобҳои рўзгор: чавтара, чатр, гунӣ; номи матоъҳо: чит, шора, карбос/карпос; моддаи часпонандагӣ: лак/лок, номи асбоби мусиқӣ: мандал, рог/рок; номи ранги кабуди сиёҳча: понӣ.

Шояд имрўз,маънои ин гуна калимаю вожаҳои ҳиндӣ барои баъзеҳо фаҳмо набошанд, бинобар ин мо дар поён шарҳу тавзеҳи онҳоро меоварем. Тавре, ки медонем, ин амал ҳам дар забондонии онҳо мусоидат намуда, ҳам дар омўзиши забонҳои хориҷӣ ба онҳо кумак хоҳад расонд:

Астир – миқдорест баробар ба шашу ним дирам, яъне чору ним мисқол; чов – пули коғазӣ; балорак – шамшери ҳиндӣ, ки аз пўлоди асл сохта мешавад; шамшери кўтоҳи ҷангӣ; палорак – 1. шамшер, теғи ҷавҳардор; 2. ҷавҳари шамшер, ҷавҳари теғ; барча – гулбанди (муҳраи) дастаи найза ва ё шамшер; барчак – жупин, найзаи кўтоҳ, найзача; як навъ тири оҳанӣ; қалъабон, дижбон, маъмури муҳофизаи қалъа; паҳанд – доми шикори оҳу, тала, хаппак, қапқон, банг – моддаи сабзрангест, ки аз барги канаб ҳосил мешавад ва нашъдиҳанда аст.

Барасот/барсот – мавсими борон дар Ҳиндустон, барашкол/ баршакол – мавсими борон дар Ҳиндустон. Буд/буддноми пешвои мазҳаби буддизм, Буддо; лакҳан – рўза, рўзадорӣ, рўзаи ҳиндуён ва бутпарастон; бараҳман/ барҳаман/бароҳима – 1. ҳаким ва донишманди ҳиндӣ; пир ва муршиди бутпарастон.

Норанг/норанҷ – як меваи мамлакатҳои гарм, ки навъе аз афлесун буда, гирд ва турш аст, пўсташ ғафс ва зард буда, чуқурчаҳо дорад; пон – барги як навъ дарахтест аз зоти филфил (мурч) дар Ҳиндустон, ки онро барои сурх кардани лабҳо мехоянд; сандал – дарахти ҳамешасабзе, ки дар минтақаҳои гарм мерўяд; чўби он хушбўст ва хосияти давоӣ дорад. Чандан/чандал – дарахти ҳамешасабзе, ки дар минтақаҳои гарм мерўяд; чўби он хушбўст ва хосияти давоӣ дорад.

Қаранфул – меваи гиёҳест хушбўй, ки духтарон ба гардан мисли марҷон меовезанд; фаранҷмушк, ки онро мехак низ гўянд ва онро барои хўриш ҳам ба кор мебаранд, ки хўрокро тунд мекунад; човала – навъе аз гули садбарги сурхи хушранг. Лак – сад ҳазор; паҳр – як ҳисса аз чор ҳиссаи рўз ва ё шаб, ҳаштяки шабонарўз, се соат.

Рой – лақаби пошоҳони Ҳинд, роҷа; чепол – подшоҳи Лоҳур; подшоҳ (бештар доир баҲинд ва Чин); мандал – яке аз подшоҳони Ҳиндустон, ки баъдҳо лақаби умумии феодалҳои калони он ҷо шудааст; баъзан ба подшоҳони Зангбор низ нисбат дода мешавад.

Полакӣ – тахти равон, як навъ қаҷовае, ки дар Ҳиндустон барои савории одамони олидараҷа маъмул будааст; сангосан. Потар – зани хушовоз; сатӣ – зане, ки аз рўйи одати ҳиндӣ худро ҳамроҳи ҷасади шавҳараш месўзонад; бибӣ – зани некў ва муътабар, хотун, хонум, соҳибаи хона; сеҳра – тоҷе аз тилло ва ҷавоҳирот, ки дар ҷашни арўсӣ (дар Ҳиндустон) ба сари арўсу домод мегузоранд; пон – барги як навъ дарахтест аз зоти филфил (мурч) дар Ҳиндустон, ки онро барои сурх кардани лабҳо мехоянд.

Чавпар – навъе аз бозӣ дар Ҳинд аз қабили нард бо муҳраҳои рангоранг. Чавтара – ду суфачаи яккасаи рў ба рў дар паҳлуи дарвоза; чатр – соябон; шамсия, махсусан соябоне, ки бар болои сари подшоҳон афрохта мешуд; гунӣ – линча, халта, қанор, ҷувол.

Чит – як навъ газвори гулдори ресмонӣ, митқол; шора – 1. дастори бузурги нафис ва мунаққаши ҳиндӣ. 2. чодире, ки занони ҳиндӣ ба таври махсус мепўшанд, сорӣ; карбос/ карпос – матои сафедм дурушти нахӣ. Лак/ локмоддаи часпандае, ки бо он буни кордро бо даста ё нигинро ба ангуштарин ва ғайра мечаспонанд, рог/рок – мус.номи навое аз мусиқӣ, понӣ – об, мандал – 1. хатти доиравие, ки афсунгарон ва азоимхонон дар гирди худ мекашанд ва ба даруни он нишаста дуо мехонанд. 2. номи созе, ки навъе аз дуҳул аст.

 

 

Раҷабалӣ Худоёрзода,

номзади илмҳои филологӣ