Аминияти миллӣ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ
ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ВАЗИФАИ ҲАР ФАРДИ ҶОМЕА

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш: таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.
Терроризм ва экстремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарӣ буда, оқибат ба харобизорию вайронкорӣ меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон шумурда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт пайваста баромад мекунад. Имрўз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусияти ҷаҳонидошта мавқеъ пайдо кардааст. Ин «вабои аср» ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он барканор нест.
Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷинояти дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза бар зидди он ҳамкории пайваста ва мунтазами мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Гарчанде мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратӣ бошад ҳам, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ низ зарур аст.
Экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои онҳо сарҳади байнидавлатӣ, миллат, дин ва дигар муқаддасоти миллӣ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст.
Имрўз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чи гуна терроризми байналмилалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷўӣ ва таассуби динӣ амалӣ карда истодааст. Тоҷикистон нуқтаи назари онро, ки мубориза бар зидди терроризм, яке аз масъалаҳои муҳимтарин, ки имрўз инсоният дучори он гардидааст, дастгирӣ менамояд. Ҳамчунин терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зуҳуроташ маҳкум карда, зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ баромад менамояд.
Терроризм ва экстремизм ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ва ҷаҳон ташкил додани низоми ягонаи муосири мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад. Мубориза бо терроризм ва экстремизм ин фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар рў ба рў ин хатари байналмилалӣ тақазо менамояд.
Ҳамин тариқ, мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, вазифаи ҳудро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамояд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи давлат, инчунин вазифаи ҳар шахси ватандўст низ ба шумор меравад.

Муқаддас Рустамзода,
декани факултети забон ва
адабиёти руси Донишгоҳи давлатии
Бохтар ба номи Носири Хусрав