КАЛИМАҲОИ ТУРКИВУ МУҒУЛӢ ДАР ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

 

Ба таркиби захираи луғавии забони тоҷикӣ аз забонҳои дигари олам калимаю вожаҳои зиёде ворид шуда, бо мурури замон моли халқи тоҷик гардидаанд. Ҳар як фарди тоҷик ба маънии ин қабил калимаҳои иқтибосии аз дигар забонҳо воридшуда ошноӣ дорад ва ё тавассути луғатҳои соҳавию фарҳангҳои тафсирӣ сарфаҳм меравад. Тавре ки медонем, ҳеҷ як аз забонҳои рўи олам дар танҳои рушд накарда, ҳатман аз ҳисоби калимаю ибораҳои дигар забонҳо захираи луғавии худро ғанитар мегардонд. Аз тарафи дигар пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир ин равандро метезонад.

Бо вуҷуди ин ҳар як фарди худшиносу худогоҳро лозим аст, ки то андозае иттилоъ дошта бошад, ки дар захираи луғавии забони тоҷикӣ чӣ миқдор калимаҳои иқтибосӣ мавҷуданд ва онҳо асосан аз кадом забонҳои олам ба забони тоҷикӣ-форсӣ ворид гардидаанд. Ана ҳамин масъала ин ҷонибро водор намуд, ки ба таҳқиқи калимаҳои иқтибосӣ машғул шавам. Хотиррасон менамоям, ки қаблан дар мақолаҳои ҷудогона дар бораи калимаҳои иқтибосии юнонӣ ва ҳиндӣ маълумот дода будам ва акнун тасмим гирифтам, ки ба таҳқиқи калимаҳои туркӣ ва туркию муғулӣ пардозам, ки онҳо чӣ гуна калимаҳоянд, чӣ хусусиятҳое доранд ва бештар ба кадом соҳаҳои ҳаёти халқ мансубанд ва чӣ маъноҳоеро фарогиранд.

Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки дар ин мавзўъ Ҳомид Маҷидов низ соли 2000-ум дар шумораи 1–2-юми маҷаллаи «Маърифат»  бо номи «Калимаҳои иқтибосии туркиву муғулӣ дар забони тоҷикӣ» мақолае навишта, дар бораи як қатор вожаҳои туркию муғулӣ, нишона ва мушаххасоти онҳо маълумоти арзанда дода буданд.

Мавсуф дар хусуси замони ба забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ бештар ворид шудани калимаҳои туркию муғулиро асосан дар нимаҳои дуюми асри XIX донистааст: «Воридшавии фаъоли калимаҳои туркию муғулӣ ба адабиёти бадеӣ аз забони зиндаи мардум фақат дар нимаҳои дуюми асри XIX шурўъ шудааст» («Маърифат», №1-2, 2000, саҳ. 16).

Ў сабабҳои ба забони тоҷикӣ воридшавии калимаҳои туркию муғулиро дар кўҳнашавии як гурўҳ калимаҳои тоҷикию арабӣ ва аз истеъмол баромадани онҳо, инчунин аз тарафи маорифпарварони тоҷик бо мақсади сода кардани забони асарҳои худ ва аз калимаҳои душворфаҳми арабӣ даст кашидани онҳо вобаста донистааст.

Инчунин ў дар мақолаи хеш роҷеъ ба нишонаву аломатҳои лингвистӣ ва ба кадом соҳаҳо мансуб будани як қисм калимаю вожаҳои туркию муғулӣ маълумоти зарурӣ додааст.

Ҳомид Маҷидов калимаҳои иқтибосии туркию муғулиро дар забони тоҷикӣ ба ҳашт соҳа ҷудо намуда, доир ба ҳар як соҳа чанд калимаеро намуна меорад. Соҳаҳое, ки ў дар мақолааш нишон додааст, аз инҳо иборатанд: Истилоҳоти давлатдориву маъмурӣ, истилоҳоти ҳарбӣ, калимаҳои ифодагари мафҳуми чорводорӣ, номи хўрданиҳо, истилоҳи хешутаборӣ, калимаҳои ифодагари асбобу анҷоми рўзгор, номи парандаҳо ва номи наботот.

Дар таҳқиқи масъалаи мазкур мо асосан ба китоби муътабари «Фарҳанги забони тоҷикӣ» такя кардем. Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, аз байни 45 ҳазор калимаю ибораҳои дар ин китоб овардашуда, агар аз нисф зиёди онро калимаҳои арабӣ ташкил диҳанд, баъдан як ҳиссаи хурди онро калимаҳои туркӣ ва туркӣ-муғулӣ ташкил медиҳанд.

Хушбахтона, мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» баъди ҳар як  калимаи иқтибосиро овардан,  бо ҳарфҳои шартӣ ба кадом забон мансуб будани онҳоро низ муайян кардаанд. Мо низ аз рўи ҳамин нишона калимаҳои туркӣ, туркӣ-муғулиро, ки солиёни зиёде дохили забони тоҷикӣ-форсӣ гардидаанд, ҷамъоварӣ карда ҳисоб намудем.

Аз рўи ҳисобу китоби мо дар захираи луғавии забони тоҷикӣ зиёда аз 500 калимаи туркӣ ва зиёда аз 50 калимаи туркӣ-муғулӣ мавҷуданд, ки дар маҷмўъ зиёда аз 550 калима мебошад, ки ин 1 фоизи захираи луғавии забонамонро ташкил медиҳад. Аз натиҷаи ҳисоб маълум мегардад, ки калимаҳои туркӣ, туркӣ-муғулӣ аз як фоизи захираи луғавии забони тоҷикиро ташкил медодаанд.

«Яке аз таърихнигорони турки асри XI, ки номаш дар сарчашмаҳо зикр нашудааст, менависад: «Дар дунё се забони қавӣ вуҷуд дорад: арабӣ, форсӣ ва туркӣ. Забони арабӣ забони илм аст, забони форсӣ забони назм, забони туркӣ забони ҷанг» («Маърифати омўзгор», №9, 2019, саҳ. 36).

Мо вобаста ба мазмуну муҳтаво ва қаротату мансубияти калимаҳо вожаҳои туркӣ ва туркию муғулиро шартан ба ёздаҳ гурўҳ ҷудо намудем. Таҳқиқи масъала маълум намуд, ки калимаҳои туркӣ ва туркӣ муғулӣ бештар аз ҳама баёнгари номи асбобу анҷоми рўзгор, истилоҳоти мансуб ба ҳарбу зарб, вожаҳои ифодакунанди қишрҳои ҷомеа мафҳумҳои ҷуғрофӣ ва ҳудудҳои маъмурӣ ба шумор мерафтаанд. Дар поён  калимаҳои туркию муғулиро бо шарҳу тавзеҳашон дар гурўҳҳои ҷудогона нишон медиҳем:

  1. Калимаҳои баёнгари номи асбобу анҷоми рўзгор: аёғ/аёқ – пиёла, паймона, ҷоми шаробхўрӣ; айрӣ – чангак; ақча 1. – пули тило ва нуқраи сикказада; багмоз/бигмоз – 2. маҷ. пиёлаи шароб; байрам – навъе аз матои ресмонӣ, порчаи маҳинбофти ресмонӣ, матои нарм, сабук ва нафис; башмоқ/пашмоқ – кафш; бурғу – шохи дарунхолӣ, ки монанди буғ менавозанд, шайпур, буғ; буқ – олати устухонӣ ё филизӣ, ки дар он дамида овоз бароварда мешавад, шайпур; гизлик/кизлик – кордча, корди каҷтез; қаламтарош; инҷу – 1. марворид; қадоқ – чизе, ки ба кор намеояд, бекора; қазон/қозон – деги бузург; қайроқ – санги фасон, санге, ки бо он теғ, корд ва ғайраро тез мекунанд; қалпоқ – кулоҳ; қанор – ҷуволи калон; қапчуқ – ҳамён; қароқул – як навъ пўсти қиматбаҳо; қизил 2. маҷ. – тилло, зари сикказада; қоб 1. – зарф; табақ; қоб – 2. буҷул, устухони чоркунҷа, ки бо он қимор мебозанд; қоқма – матои аз пашм бофташуда; қолин/қолӣ– гилеми пашмини патнок; қумғон – чойҷўш; қуроқ – чизе, ки аз латапораҳо дўхта шудааст; қўқа – тугмаи кулоҳ, тугмаи гиребон, остин ва монанди инҳо; ов – шикор, сайд; тугма/тукма – пулаки устухонӣ, филизӣ ё аз ҷисмҳои дигар сохташуда, ки ба либос медўзанд; савғот/савқот – туҳфаи сафар, раҳовард; туҳфа, ҳадя; сағроқ – кўзаи ҷумакдори сафол ё чинӣ, умуман кўзаи шароб; сал/сол – амад; сачоқ – дастпоккун; соварӣ – туҳфа, ато, инъом, ҳадя; тумон/тўмон – 1. даҳ ҳазор; тухмоқ/туқмоқ/тутмок – болғаи чўбин, кулўхкўб; тўқум – полони хар; улбоқ – ҷомае, ки барои дафъи сармо сарпеч ҳам дорад; улоғ II – пайванд; дарбеҳ, ямоқ; улҷа/улҷо/улҷай/ўлҷа/ўлҷай – ғанимат, тороҷ, моле, ки аз душмани мағлуб ситонида мешавад; улҷомишӣ – итоат, байат; пешкаш кардан; ути – дарзмол; утоға – 1. коза, чайла; ошёна; утоқ – ҷой, манзил, хона; утоқа – 1. хайма; соябон, чатр; 2. пари кулоҳ, тоҷ, чиға, нимтоҷ; учоқ/уҷоқ – дегмон, оташдон; ўба – хаймаҳои истиқоматии кўчманчиён, юрт, бошишгоҳи кўчманчиён; ўчоқ – манқал; чавлӣ – чўлпӣ, асбоби махсус барои бардоштани тушбера аз дег, баракбардорак; чакма – мўза; чакман – ҷелаки пашмин; чалак – сатил; чахмоқ/чақмоқ – 1. чўб, таёқ, калтак. 2. оташзана, санги сахте, ки аз он оташ ҳосил мекунанд; чилим – қалён; чирагӣ – намад ё латае, ки ба пушти асп аз зери зин мегузоранд; чоруқ – пойафзор аз каллахом (пўсти каллаи гов), ки банд ва тасмаҳои дарози онро ба соқи по мепечонанд ва бештар онро чўпонон мепўшанд; чубуқ – муштуки тамокукашӣ; элак – асбобест, ки бо он орд мебезанд; парвизан, ордбез; юғ – олати махсуси деҳқонӣ, ки бар гардани ҷуфти гов мебанданд ва омоч (сипор), каша, чапар, чанаро ба он пайваста, корҳои гуногуни хоҷагиро иҷро мекунанд; юрт – бошишгоҳ, қароргоҳ, манзил, ҷои истиқомат; яғлоғу – зарфе, ки дар он равған доғ мекунанд ва хўрданиҳои дигар бирён мекунанд, тоба;  ялоқ – зарфе, ки дар он ба саг ва гурба хўрок медиҳанд; ямоқ – порчае, ки ба ҳар чизи даридава порашуда медўзанд, пина, васла;  
  2. Истилоҳоти мансуб ба ҳарбу зарб: босмачӣ – йигити дастаи ғоратгарон; булғок/булғоқ – фитна, шўр ва ғавғои бисёр; ёрғу – маҳкама, ҷойи пурсиши гунаҳкорон, қозихона; ёсомишӣ – оростагӣ, тартиб, интизом; илғор – ҳуҷум, ҳамла, тохтутоз; қабақ – ҳадаф, нишона, нишон; қайқоҷ – уреб; тирандозии ба ҳар тараф; қалочўр/қалочўрӣ – як навъ шамшери дарози обдор; қаровул 1.– посбон; қаровул – 2. муҳраи оҳане, ки ба лаби мили милтиқ буда, туфангӣ дар вакти сар додани тир ба он чашм дўхта нишон мегирад; қаровулбегӣ – сардори қаровулон; қурбошӣ – саркардаи лашкари босмачиён; қуланг – забонаки туфанг; қушун/қўшун – лашкар, сипоҳ; қўл – маркази лашкар, қалби лашкар; қўрҷӣ/қўрчӣ – аслиҳадор, силоҳдор, аскар; қўрхона – анбори аслиҳа; минқало(й) – фавҷи пешоҳанги лашкар; сочма – гулўлачаҳои қурғошимӣ ва ё сурбӣ, ки ба тири милтиқҳои шикорӣ пур мекунанд; тўп – яроқи артиллерӣ; урду – 1. лашкар. 2. лашкаргоҳ, қароргоҳи қушун; чандовул – қисми ақибгарди лашкар, гурўҳе, ки аз паси қувваҳои асосии лашкар ҳаракат мекунад; чолиш – 1. мубориза, ҷангу ҷидол, задухурд, ҳамлаву ҳуҷум; чопар – хабаррасон; шалтоқ/шилтоқ – ҷангу хархаша, ғавғо, низоъ; тааддӣ, зулм; эликбошӣ – саркардаи панҷоҳ аскар; юғ – 2. маҷ. асорат, зердастӣ, бандагӣ; юзбошӣ – саркардаи сад аскар; юриш/юруш – сафар барои ҷанг, ба ҷанг рафтан; ҳамла, ҳуҷум, тохтутоз; ярғу – 1. ситеза, хусумат, низоъ, муноқиша; яғлиғ – тири пайкондор; яғмо – 1. тороҷ, ғорат; ярғу – 2. ҳукм, фармон; ярлиғ – фармони подшоҳӣ; – лашкар, сипоҳ; ясав – қатор; ясал/ясол – 1. паҳлуи лашкар, фланги лашкар; 2. саф, қатор; ясовулбошӣ – сардори ясавулон; чумоқ – гурзи оҳанине, ки шаш парра дорад, шашпар; яроқ/яроғ – 1. аслиҳа, аслиҳаи ҷанг монанди шамшер, туфанг, тир, тўп ва ғайра; ярош – ҳуҷум, юриш;
  3. Исмҳои ҷуғрофӣ ва ҳудудҳои маъмурӣ: босқоқ – фармондор, ноиби подшоҳ дар ягон вилоят, ҳоким; булук – ноҳияе, ки дорои якчанд деҳа аст; гумрук – боҷхона, маркази назорати интиқоли қонунии мол; ёйлоғ/ёйлоқ,яйлоғ/яйлоқ – ҷойи сералафи хушобу ҳаво, ҷойи тобистонгузаронӣ; ёйлоқмишӣ – тобистонгузаронӣ; ём – 2. маҷ. ҷое ва маҳалле, ки аспҳои чопарҳоро иваз мекарданд; инҷу – 2. мулки зери дасти шоҳ, салтанат; 2. таър.вилояте, ки аз он даҳ ҳазор марди ҷангӣ мегирифтанд; 3. воҳиди маъмурии территориявӣ дар аморати Бухоро, ки аз якчанд деҳа иборат буд; ноҳия; кўл – ҷое, ки дар он оби бисёр ҷамъ шудааст, толоб; Қарокўл – номи мавзеест дар вилояти Бухоро; Қибчоқ/Қифчоқ – 1. номи даштест дар шимоли ғарбии баҳри Хазар; қишлоқ – деҳае, ки бодиянишинон ва деҳқонон аз дашт кўчида ба он ҷо зимистонро мегузарониданд; қор – барф; қочоқ – ворид кардан; қудуқ – чоҳ; қурғон – қалъа, ҳисор; қўш – манзили муваққатӣ; бошишгоҳ; ой – Моҳ, Қамар; тиюл/туюл – замину мулку обе, ки подшоҳон ба тобеони худ, махсусан ба мансабдорони ҳарбӣ, медоданд, ки аз даромади он фоида баранд; иқтоъ; тумон/тўмон – 2. вилояте, ки аз он даҳ ҳазор марди ҷангӣ мегирифтанд; 3. воҳиди маъмурии территориявӣ дар аморати Бухоро, ки аз якчанд деҳа иборат буд; ноҳия; уғруқ – 1. хайма; уланг/ўланг – сабзазор, марғзор; улка/улко/ўлко – кишвар, сарзамин; утоға – 1. коза, чайла, ошёна; утрор – 1. алафзор, марғзор, чарогоҳ; Утрор – 2. номи шаҳри қадим наздики Туркистон (дар Қазоқистони ҳозира); ўрда – бошишгоҳи подшоҳ, амир; чахмоқ/чақмоқ – 3. барқ, раъду барқ; ҷулга – водӣ, водии сабзу хуррам; марғзор; Элоқ – 1 мавзее будааст байни Тошканд ва Туркистон; 2. номи шаҳре дар Кошғар; Яғмо – 2. номи ноҳияе дар Туркистон, ки хубрўёнаш машҳур будаанд;
  4. Калимаҳои ифодакунандаи номи наботот: ақча 2. маҷ. гулҳои шукуфта; кўкнор – афюн; қабақ – каду. 3. дарахти миёнхолӣ; қаряғоч – ғуҷум; мошоқ – хўша, сараки гандум; отёмӣ – ёми асп, хўроки асп; тох/туғ – дарахте, ки ҳезумаш дер месўзад; тутун – гиёҳи буттамонанд, ки баргҳои он ба истеҳсоли тамоку ба кор бурда мешавад; усма – як навъ рустание, ки оби аз барги он ҳосил шударо занон барои сиёҳ кардани абрувон ба кор мебаранд; чечак – гул; янтоқ – шутурхор; явшон – дармана; юнучқа – алафи бисёрсолаи боғишуда;
  5. Истилоҳоти ифодакунанди қишрҳои ҷомеа: ақтоҷӣ – саис, нигоҳубинкунандаи аспҳо; атобак – 1. падари бузургвор; мураббӣ, мураббии шоҳзодагон; 2. подшоҳе аз сулолаи Атобакон, ки дар асрҳои XII -XIII дар Эрон ҳукумат доштанд; барлос – номи яке аз қабилаҳои туркзабон; бегларбегӣ – беги бегон, бузурги шаҳр; баковул – сардори ошпазҳо, хонсолор; босқоқ – фармондор, ноиби подшоҳ дар ягон вилоят, ҳоким; бошлиқӣ – сардорӣ; вушоқ – ғуломбача, писарчаи хизматгор; канизак, каниз; 1. таър. касе ки подшоҳ ўро барои ягон хизматаш аз боҷу хироҷ озод мекард ва чӣ гуноҳе, ки мекард, аз он мегузашт; Ём – писари Нўҳи пайғмбар, ки дар тўфони ў ғарқ гаштааст; иноқ – яке аз рутбаҳои олӣ дар аморати Бухоро; қаловуз – роҳбалад, роҳбар, пешрави лашкар; қаровул – 1. посбон, дидбон; қаровулбегӣ – сардори қаровулҳо; яке аз мансабҳои сипоҳиёни Бухорои асрҳои охир; қизилбош – 1. сарбозе аз лашкари подшоҳи Эрон – Исмоили Сафавӣ (асри XVI), ки кулоҳи сурх дар сар доштанд; қизилпичоқ – кордкаш, бозорие, ки бо худ корд овехта мегардад; қимоз – 1. номи ғуломе; 2. каниз, ғулом; қунуқ – меҳмон; қўшбегӣ – олитарин мансабест дар сохти девонии аморати Бухоро, садри аъзам; мингбошӣ – саркардаи лашкар; оксақ(қ)ол – 1. мўйсафед; 2. калонтар, сардор, арбоб; ол – муҳри подшоҳӣ, сикка, имзо; олтунтамғо – муҳри зарнишони подшоҳони муғул-турк; отун – зане, ки духтаронро хондан ва дўхтан меомўзад; муаллима, бибихалифа; тамға/тамғо – муҳр, нишона; тамғочӣ – тамғочӣ – таър. боҷгиранда, касе ки дар дарвозаи шаҳр истода аз молҳои ворид боҷ мегирифтааст; Тархон – 2. номи яке аз сардорони лашкари подшоҳи Туркистон дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ; Туғрил/Тағрал/Туғрул – 2. номи яке аз подшоҳони салҷуқӣ; туюл – иқтоъ, мулке, ки ҳоким ба тобеони худ мебахшид; тўқсоба – яке аз мансабҳои сипоҳиёни Бухоро дар асрҳои охир; уғруқ – 2. ҷомеа, қабила; уймоқ – қабила, уруғ, эл; улус – қабила ва сарзамини ў; ўзбак/узбак – номи халқе аз гурўҳи туркизабонон, ки дар узбекистон сукунат доранд; ўртоқ/уртоқ – рафиқ, дўст ушоқ – дастёр, ходим, хидматгори ҷавон; хон – подшоҳи муғул, Туркистон ва ё Осиёи Миёна; хоқон – подшоҳ; човуш – 1. пешрави корвон ё зиёратчиён; 2. сарҳанг ва нақиби лашкар; чопар/чопор – қосиди тезрав, ки дар ҳар манзил аспро иваз мекунад; шамхол – раис; эл – халқ; элчӣ – намояндаи як давлат дар давлати дигар; фиристода, сафир; эшикбошӣ – вазири дарбор дар аморати Бухоро; юзбошӣ – мансаби ҳарбӣ дар Бухорои амирӣ, сардори сад нафар лашкариён; ялвуҷ – пешвои дин; ясовул – саворе, ки дар рикоби амирон ва сардорон меравад; хидматгоре, ки асои тилло ё нуқра ба даст гирифта пешопеши амирон меравад; хидматгори дарбор; ясовулбошӣ – сардори ясовулон;
  6. Истилоҳоти мансуб ба амалу ҳаракат: ёроқ – омода, тайёр, лоиқ ва сазовори кор; кенгош/кенгоҷ; кеҷомишӣ – ҷидду ҷаҳд нишон додан; кингош/кингоҷ – машварат, маҷлиси машварат; қистав – шитоб, шитобкорӣ; қоқ – хушк, хушкшуда; қулай – боб, соз, мусоид; олиш – иваз, бадал; суроғ – ҷустуҷў, кофтуков; 2. интизор, мунтазир. 3. нишон, асар, аломат; дарак, хабар; чук/чўк – ба сари ду зону нишастан, дузону нишастан; ятоқ – посбонӣ, муҳофизат; явош – оҳиста, ором, бо муолимат; ярға/ярғо – тезрав, роҳвор, йурға.
  7. Истилоҳоти ифодакунандаи иду маросим ва қоидаву қонунҳо: байрақ – алам, парчам; байрам – ид, ҷашн, сур, тўй; ёса – 1. расм, оин, қоида, қонун; ёсо – 1. фармон, ҳукм ва ё қонунномаи подшоҳони муғул; ёсоқ – 1. қонунномаи муғулҳо. 2. ҷазо; сиёсат, ҷазои қатл; ёсомишӣ – оростагӣ, тартиб, интизом; тўғ/тўқ – мўи думи асп, ки ба байрақ мебастанд; байрақ, алам, парчам;тўй – ҷашн, ид, маросими хурсандӣ, ки ба муносибати арўсӣ ва ғайра барпо мешавад; тўра – расму одат, қонун, махсусан қонуни Чингиз; юсун – маросим, одоб, одати муғулҳо, қоида ва қонуни муғулҳо; ясоқ – қоида, қонун, тартиб.
  8. Истилоҳоти мансуби хешутаборӣ: ака – бародари калонӣ, ақдиш/иқдиш – 1. омехта, имтизоҷёфта. 2. омехтаи ду хун, дурага, нафси инсонист, ки аз лоҳутӣ – раҳмонӣ ва носутӣ – инсонӣ имтизоҷ (таркиб) ёфтааст. ақдиш/иқдиш – 5. маҳбуб; маҳбуба; апа – хоҳари калонӣ; ачи – бародари калон; кўкалтош, яке аз ду бачае ки шири як зани бегонаро хўрдаанд, ҳамшир, ширхўра; бикка – зани калон, одатан зани аввали марди серзан; қариндош – хешу табор; оғо/оқо – калимае, ки барои эҳтиром ва бузургдошт ба аввал ё охири номҳо илова карда мешавад; ҷаноб; соҳиб; уртоқ/ўртоқ – рафиқ, дўст; уруқ/уруғ – қавм, қабила; эл – 2. қавм, қабила, тоифа; эл – 1. дўст, ёр.
  9. Калимаҳои ифодакунандаи номи ҳайвоноту парандагон: ағир – улоғи захмдор; арсалон/арслон – 1. шер. 2. маҷ. далер шуҷоъ; байтал – аспи мода, модиён; буққа – гови нар; бургут – уқоби ниҳоят калон; бурдоқӣ – чорвои фарбеҳ; ғуч – гўсфанди нари шохдори ҷангӣ, қучқори ҷангӣ, тагали ҷангӣ; ём – 1. аспе, ки дар чопархонаҳо барои иваз кардан бо аспи дигар нигоҳ дошта мешуд, аспи барид; қалғоч – парасту; қарасунқур/қаросунқур – 1. номи мурғи шикориест сиёҳранг; қашқалдоқ/қасқилдоқ – як навъ парандаи ботлоқӣ; қарчиғай – уқоби хурд; қизилаёқ – 2. навъе аз гўсфанд; қотир – астар, хачир; қоз – навъе аз мурғи обии калони сафед ё хокистарранг, ғоз; қундуз – 1. як навъ ҳайвони санҷобмонанди аз саг хурдтар, ки пўсташ сиёҳнўг ва қиматбаҳо буда, аз он лабаки пўстин ва телпак мекунанд, бедастар; қуч/қўч – гўсфанди ҷангии шохдор; қучқор – гўсфанди нар; қуш – мурғи шикоркунанда, боз; лочин – шоҳини шикорӣ; оқсунқур – бози сафед; совлиқ – гўсфанд; сунғур/сунқур – мурғи шикорӣ аз ҷинси чарғ, ки бисёр тезпар аст ва мурғи шикории подшоҳон будааст; туғрил/тағрал/туғрул – 1. навъе аз боз, шоҳин; тайлоқ – бачаи шутур, шутурбача; гўсолаи яксола; улав/улоғ – улав, ҳайвони саворӣ, махсусан хар; улоқ – бузе, ки кўбкорӣ мекунанд, буз ё гўсолаи дар буз кашидашуда; урдак/ўрдак – мурғобӣ; чол – аспе, ки мўи сурху сафеди омехта дорад; чумчуқ – гунҷишк; шунқор – навъе аз мурғони шикорӣ, монанди чарғ.
  10. Истилоҳоти ифодакунандаи номи хўроквориҳо: айрон – дўғ; атмак/этмак – нон, багмоз/бигмоз – 1. шароб, май; бағро/буғро –1. номи таомест, ки орд, нахўд, об, гўшт ва кашкро омехта мепазанд; бўза – нўшокии аз шираи марҷумак; дўлма – кабоби токӣ; қавурдоқ – як навъ гўшти бирён; қазӣ – ҳасиб аз гўшти асп; қайла – ғушти қимаи болои хўрок; қаймоқ – саршир, бастаи рўи шир; қатиқ – 1. хўриш; 2. ҷурғот, мост; қатлама – нони варақин ва равғанин, ки дар дег пухта шудааст; қима – гўшти кўфта; қотурма – нони дар қўри оташ пухташуда; қуймоқ – чалпак, хамираҳои дар равған доғкардашуда; озуқ/озуқа – хўрокворӣ, хўрок; очор – хўриш, ҳар чизи иштиҳоовар; суюқ – обакӣ, моеӣ; оши суюқ оши равон; талқон – тути куфта; тутмоҷ – угро; шўрбои угро, оши угро; улба – хўроке, ки дар офтоб пухта мешавад; улбо – таомест, ки аз дилу ҷигари бирён иборат аст, қалияпутӣ, ҳасратулмулук; юндӣ – обе, ки пас аз шустани дегу табақ мемонад; юндуқ – сарқут; явғон – хўроки сероби бемаза;
  11. Калимаҳои ифодакунандаи узвҳои бадан ва ҳолати рўҳии инсон: асав – пир, сустшуда, нотавон; айғоқ/айқоқ – беодоб, чапан; шўрбахт, авбош; арсалон/арслон – 2. маҷ. далер шуҷоъ; бўзбала – ҷавонмард; бўйдоқ – муҷаррад; ёроқ – омода, тайёр, лоиқ ва сазовори кор; ёса – 2. хоҳиш орзу, таманно; инҷиқ – ноздори дилтанг, аз ҳад зиёд ҳассос ва зудранҷ; қалмош/қулмош – беҳудагўӣ, бемаънигўӣ, ҳарзагўӣ; қашшоқ – бечиз, нодор, мискин, камбағал; қизилаёқ – 1. киноя аз пойлуч, авбош; қоб – 1. устухони оринҷ ва пошнаи пой; чоқ – болида, болон, хуш, бардам.
  12. Истилоҳоти гуногунсоҳа:

а) баёнгари дину мазҳаб: қизилбош – 2. киноя аз аҳли мазҳаби шиа; ялавоҷ/ялавуҷ – пайғамбар.

б) воҳидҳои ченак: болиш – миқдори муайяне аз тилло (баробари 8 мисқолу ду донг) дар даври салтанати подшоҳони муғул; тумон/тўмон – 1. даҳ ҳазор; тўғрӣ – рост, дуруст аниқ; узун – дароз; улуғ – калон, бузург.

в) номи бемориҳо: қизилча – сурхча, ки дар бадаи кўдак ба шакли доначаи сурх медамад; чечак – 2. маҷ.обила, нағзак (бемории пўсти бачаҳо).

г) номи ранг ва хатҳо: қизил – 1. сурх; қонӣ – хунӣ, ба ранги хун, сурхи баланд; қормаҷ. бисёр сафед; туғро – 1. таър. гулхате, ки аз ҳарфҳои аввали ном ва лақаби шоҳ дар сари фармонҳои шоҳон навишта мешуд; маҷ. фармони шоҳ. 2. навъе аз хати насх.

д) номи шабу рўз: қарасунқур/қаросунқур – 2. маҷ. шаб; қобу – фурсат, фурсати муносиб, мавқеи қулай; оқсунқур – 2. киноя аз рўз.

 

 

Раҷабалӣ Худоёрзода,

номзади илмҳои филологӣ