Шарҳи калимаҳои иқтибосӣ дар забони тоҷикӣ

 

АЗ «ГУЛИ ПАТУНӢ»-И ПОРТУГАЛӢ

 ТО «МЎЙӢ-МЎЙӢ»-И ГУРҶӢ

 

Ҳанўз аз айёми бачагиам (солҳои 70-ум) ба ибораи «гули патунӣ» тавассути дубайтиҳои халқӣ ошноӣ доштам ва онро ҳифз карда будам, ки чунин буд:

Ало, боғбон, ба боғат кор дорам,

Гуле чида бидеҳ, бемор дорам.

Гуле чида бидеҳ, гули патунӣ,     

Ки монанди гулат як ёр дорам.

 

Ибораи «гули патунӣ»-ро аввалин маротиба дар миёни дубайтиҳои китоби «Намунаҳои фолклори халқҳои Афғонистон» дарёфта, дар тўю маъракаҳо қатори дигар дубайтиҳои халқӣ месурудам, вале ба чигунагии он гул, чи хел рангу намуд доштан ва дар куҷо рўидани он маълумоти зарурие надоштам. Дар луғатҳо ҳам шарҳи калимаи «патунӣ»-ро пайдо накарда будам.

Чанде пеш шавқу ҳавас ва кунҷқовиям нисбат ба гули патунӣ боло гирифту барои маълумоти бештар ҳосил кардан ба ҷустуҷўи он пардохтам.

Дар «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» дар шарҳи гули патунӣ чунин маълумот дода шудааст: «Гули патунӣ (Petunia hubrida; petun) дар забони португалӣ ба маънии тамоку аст», навъи рустании бисёрсола; гули маъруф. Дар натиҷаи гардолудонии навъҳои Р. exillаris ва P. violacea рўёнида шудааст. Пояаш рост (20-80 см қад мекашад), сершох, мўякдор. Баргаш серпашмаки махмалин, сафед, гулобӣ, сурх, арғавонӣ, бунафш (қурташ 5-12 см). Самараш гўзаи дуқабата. Тухмаш майдаи дорчинӣ (вазни 7500 донааш 1 г). Аз моҳи июн то октябр гул карда, тухм мебандад. Гули патунӣ аслан аз Амрикои Ҷанубист. Аввалҳои асри 20 онро ба Аврупо бурданд. Ҳама анвои мазрўи гули патунӣ ба ду гурўҳи калон тақсим карда мешаванд: кўтоҳпояи резагул (Р.h. multiflora) ва дарозрўяи калонгул (Р. h. grandiflora). Солҳои охир бештар дурагаҳои ҳерерозисии гули патунӣ, ки сергул буда, бармаҳал мешукуфанд, парвариш меёбанд. Гули патунӣ дар Тоҷикистон барои сабзкории боғу гулгаштҳо ва кўчаву хиёбонҳо истифода мешавад. Бештар анвои бунафш («Кабуд»), кабуд («Шапараки кабуд»), сурх («Команш», «Ҷашни тилоӣ»), сафед («Абри сафед» ва гулобӣ («Ҷавоҳирот», «Маркткнёнингин»)-и онро мекоранд. Гули патуниро дар тубакҳо низ мепарваранд. Аз тухму қаламча афзоиш меёбад. Тухмиро моҳҳои март – апрел ва охирҳои тирамоҳ, қаламчаро аввал дар қутӣ, сипас, баъди 3-4 ҳафта, дар замини кушод мешинонанд. Дар замини ҳосилхез беҳтар нашъунамо меёбад. Гули патунӣ рустании рўшноидўст буда, ба камобӣ тобовар аст. Аз ширинча, тосаки хокистарӣ, решатосак, доғзанӣ ва касалиҳои вирусӣ осеб мебинад» («Энсиклопедияи Миллии Тоҷик», ҷилди 4. – Душанбе, 2015, саҳ. 533).

Аз иқтибоси дар боло оварда маълум мегардад, ки калимаи «патунӣ» португалӣ буда, шояд дар асрҳои XIX – XX тавассути забонҳои пашту, урду, ҳиндӣ, англисӣ ва ғайра ба забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ гузашта бошад. Ба ҳар ҳол ин калима дар адабиёти классикии форсу тоҷик мавҷуд нест, чунки мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» шарҳи онро дар китоб наовардаанд.

Ба ҷуз ин ба забони тоҷикӣ-форсӣ аз забонҳои арабӣ, юнонӣ, туркӣ, туркӣ-муғулӣ, ҳиндӣ, суриёнӣ, лотинӣ, русӣ ва русӣ-интернатсионалӣ калимаҳои зиёде ворид шуда, захираи луғавии онро боз ҳам ғанӣ гардонидаанд.

Ба забони тоҷикӣ натанҳо аз забонҳои дар боло зикршуда, инчунин аз забонҳои мардуми Қафқоз, аз ҷумла забонҳои гурҷӣ, арманӣ, озарӣ ҳам калимаю вожаҳо дохил шудаанд ва адибони форсу тоҷик он гуна калимаҳоро дар осори хеш баъзан истифода кардаанд. Агар мо ин гуна калимаҳоро барои насли имрўз шарҳ надиҳем, шояд хонандаи ноогоҳ ҳангоми мутолиаи осори адибони гузаштаву муосири форсу тоҷик ба ин қабил калимаҳои иқтибосӣ рў ба рў шуда, дар фаҳмидани онҳо оҷиз монад.

Дар ин хусус марҳум Абдулманнони Насриддин ҳам дар китоби «Матншиносии осори адабӣ» чунин таъкид намудааст: «Таваҷҷуҳ зоҳир накардан ба калимаю ибораҳои гурҷӣ, арманӣ, курдӣ, туркӣ, ҳиндӣ ва луғоти нодири арабию калимаю таъбирҳои маҳаллӣ низ боиси сар задани иштибоҳот гаштаанд. Ба мутуни хаттию чопии асрҳои XIX-XX ва давраҳои минбаъда (-и форсӣ-тоҷикӣ, Р.Х.) калимаҳои англисӣ, франсавӣ, русӣ низ ворид шуданд, ки онҳо низ аз таҳиягарони матн диққати бештарро тақозо мекунанд» (Абдулманнони Насриддин. Матншиносии осори адабӣ, Душанбе: «Пайванд», 2011, саҳ. 115).

Баъдан ў дар китоби хеш рубоии зерини Хоқонии Шарвониро мисол меорад, ки таҳиягарони девони шоир калимаи «гурҷисанамо»-и мисраи якумро нафаҳмида, онро дар куллиёти шоир дар шакли «гарчи санамо» овардаанд:

 

Гарчи (?) санамо, ҳамдами Исост дамат,

Рўҳулқудсӣ, чӣ гуна хонам санамат.

Чун мўй шудам зи баски бурдам ситамат,

Мўйӣ-мўйӣ, ки мўйи мўям зи ғамат.

            (Куллиёт, Теҳрон, 1373, саҳ. 708).

 

         Абдулманнони Насриддин баъдан худ шакли дурусти рубоиро дар китоб нишон дода, ба хонанда таркиби «мўйӣ-мўйӣ»-ро чунин шарҳ медиҳад: «Аҳли таҳқиқ маълум кардаанд, ки таркиби «мўйӣ-мўйӣ» дар мисраи чорум аз забони гурҷист ва маънояш биё-биё аст» (Абдулманнони Насриддин. Матншиносии осори адабӣ, саҳ. 115).

         Бино ба гуфтаи Абдулманнони Насриддин шакли саҳеҳи байти боло чунин аст:

 

Гарҷисанамо, ҳамдами Исост дамат,

Рўҳулқудсӣ, чӣ гуна хонам санамат.

Чун мўй шудам зи баски бурдам ситамат,

Мўйӣ-мўйӣ, ки мўйи мўям зи ғамат.

 

 

Раҷабалӣ Худоёрзода,

номзади илмҳои филологӣ