Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2019

 

Мо ҳамасола шоҳиди Паёми Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардем. Имсол низ рӯзи 26.12.2019 бори дигар Паёми Сарвари давлатамон баргузор шуд, ки дар он зимни баёни масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, инчунин доир ба масъалаҳои тарбияи насли наврас, соҳаҳои илму маориф дар паём низ ироа гардиданд. Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ низ қайд намуданд, ки  дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд гардида, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст.

Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.

Тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад.

Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.

Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд, қайд намуданд Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 Он камбудиҳое, ки бахусус дар соҳаҳои илму маориф аз ҷониби Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаашон таҷдиди назар гадиданд, аз пайи ислоҳи онҳо мегардем, зеро ки дар амал татбиқ намудани гуфтаҳои Сарвари мамлакатамон вазифаи ҳар як устоди факултет мебошад. Дар навбати худ, ҳайъати профессорону омӯзгорони факултети иқтисодӣ низ нақша чорабиниҳои худро тартиб дода, аз рӯи онҳо иҷроиши аксарият масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврасро амалӣ хоҳем гардонид. Ин ғамхориву шароити мусоиде, ки барои соҳаҳои илму маориф фароҳам оварда шудааст, аз ҷониби кормандони соҳаи илм бояд қадр карда шавад.

 

Ҳамдамзода Хурсанд,

декани факултети иқтисодӣ