ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – ДАСТУРИ КОРҲОИ ОЯНДА

 

          Дар таърихи 26.12.2019 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Олии ҶТ ва дар маҷмўъ мардуми Тоҷикистон ироа гардид. Тибқи анъана Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли сипаришуда ва ҳафтсоли пеш ҷамъбаст намуда, дастовардҳои давлат ва миллатро бо рақамҳо нишон доданд.

Дастовардҳо дар ҳамаи соҳаҳо назаррас мебошанд, аммо Пешвои миллат таъкид карданд, ки ин басанда нест ва мо бояд тамоми кўшиш ва талошро ба харҷ диҳем, то ки сатҳи зиндагии мардумро аз ин ҳам баландтар бардорем. Ҷаноби Олӣ таъкид карданд, ки мо бояд дар самти рақамисозии тамоми риштаҳои иқтисоди миллӣ саъйю талош варзем ва ҳаракат кунем, ки ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ бошем.

Сарвари давлат, ба неруҳои қудратӣ муроҷиат карда талаб намуданд, ки санҷиш ва тафтишҳои нолозимро дар соҳаҳои соҳибкорӣ камтар намоянд ва аз тамоми дастандаркорон талаб карданд, ки барои рушду нумўи соҳибкорӣ тамоми чораҳои лозимаро андешида заминаҳоро муҳайё кунанд ва корро тавре ба роҳ монанд, ки ин қишри ҷомеа тараққӣ намояд. Инчунин номбурда таъкид карданд, ки дар соли 2020 маҷмўи маҳсулоти умумии кишвар 87,4 млрд сомонӣ ва маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 26 млрд сомониро ташкил хоҳад дод.

         Номбурда ин дафъа ҳам мисли маротибаҳои пешин соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати давлат ва ҳукумати Тоҷикистон эълон намуда, изҳор намуданд, ки соҳаи маориф дар иқтисоди миллии кишвар соҳаи калидӣ мебошад ва изҳор намуданд, ки пешрафти тамоми кишварҳои мутамаддин ба соҳаи маориф вобаста мебошад. Дар ин занҷир нақши омўзгор хеле баланд аст. Роҳбари давлат, таъкид карданд, ки ҳамаи мо дар ин сол ин нишастагиҳоро омўзгор тарбият кардааст ва мо бар асари тарбияти омўзгор ба ин мартаба расидаем. Дар идомаи суханони хеш ў ба як нуктаи ҷолиб таъкид карданд, яъне ба эҷодкорӣ.

Барои ҳамин ҳам солҳои 2020 ва 2040-ро бист соли рушду нумўи фанҳои табиӣ-риёзӣ эълон намуда, ишора намуданд, ки мо бояд тамоми кўшиш ва талошро ба харҷ дода соҳаи илмҳои дақиқро тараққӣ диҳем.

Чун ҳар вақта маоши омўзгорон 15 % баланд бардошта шуда, талаб карданд, ки ба масъалаи китобхонӣ таваҷҷуҳ ҷиддӣ зоҳир намуда, фармон доданд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон новобаста аз синну сол ва мақому манзалаташ дар як сол то панҷ адад асари бадеиро мутолиа намояд. Нуктаи хеле ҷолиби паёми Пешвои миллат ин пешниҳоди ў ҷиҳати бунёд намудани китобхонаҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва ѓайритаълимӣ ва дар ин маконҳо гирд овардани адабиёти бадеӣ ва илмӣ ба забони тоҷикӣ ва тарҷумаи беҳтарини осори нависандагон ва олимони машҳурӣ дунё мебошад. Ҷаноби Олӣ хеле хуб қайд карданд, ки шахси босавод барои беҳтар кардани зиндагии шахсии худ талош хоҳад кард. Инчунин туҳфаи арзишноки Ҷаноби Олӣ ба марудми Тоҷикистон ин аз ҳисоби фонди Президент чоп кардани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ѓафуров барои ҳар як оилаи тоҷикистонӣ мебошад.

         Ҳамин тариқ, баромади се соатаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми риштаҳои иқтисоди миллиро фаро гирифта, барои тамоми мардуми Тоҷикистон дастури кор барои солҳои минбаъдаи наздик мебошад.

                                                                                                                                                   Шукурзод Ҷ. А.,

                                                                                                                                                      декани факултети

 педагогика ва варзиши

                                                                                                                                                                     ДДБ ба номи Носири Хусрав