ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РАҲНАМОИ МО

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар марҳилае гузашта истодааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон шукргузорӣ аз сулҳу суббот, тинҷию оромии кишвар намуда, дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ мегардад, сармашқи кори худ  намуда, барои ободонии рушду нумуи Тоҷикистони азизамон сахмгузор мебошанд.

Дар Паёми имрўза якчанд масъалаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд, ки яке аз ин масъалаҳо масъалаи азхудкунии забонҳо буд, ки Пешвои миллат қайд карданд, ки мо бояд забони шево ва шоиронаи  тоҷикиро мисли модар ва Ватани худро дўст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиямон ҳифз кунем. Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин ба омўзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Мо омўзиш ва аз худ кардани забонҳоро на танҳо барои худнамон, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем. Аз ин рў, ҳар як фарди бедордил барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омўхтани забонҳои хориҷӣ кўшиш кунад ва ба мутолиаи китобҳои бадеӣ диққати аввалиндараҷа диҳад, ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.  Яъне мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.  

Масъалаи дигаре,ки Пешвои муаззами миллат диққати махсус дод, ин масъалаи баланд бардоштани музди мехнати маорифчиён ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа буд. Ба ҳамагон маълум аст, ки зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурўтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рў, аз оғози таърих то имрўз мардуми мо ба маърифатнокии зан аҳамияти хоса дода, кўшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кўдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Нақши зан-модар махсусан дар тарбия, омўхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста мебошад. Умед аст, ки дар амалӣ намудани паёму қонунҳои мазкур духтарон ва бонувони мо ҳамчун шахсиятҳои арзандаи халқу Ватан амал хоҳанд намуд.

 

Рустамзода Муқаддас,

декани факултети забони русӣ