ПАЁМ РОҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТИ МОСТ

 

         Дар баробари дигар намояндагони ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ ҳайати профессорону устодон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, хоса устодони факултети филологияи тоҷики донишгоҳ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хушнудӣ пазируфта, онро дастуру роҳнамои фаъолияти худ донистаанд. Бояд қайд кард, ки Паёми Пешвои миллат ҷиҳати рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминагузор буда, амалӣ намудани ҳар нуктаи он ба беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои меҳнатӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи маориф ва илми кишвар мусоидат мекунад.

Тазаккур бояд дод, ки дар ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ дастовардҳои кишвар ба таври васеъ таҷассум ёфта, фарогири ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа мебошад, ки он ифодагари рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Миллати сулҳпарвару тамаддунофари тоҷик дарк кард, ки ягона васила ва омил барои саодатмандӣ ин оромиву осоиштагӣ мебошад, ки ҳифзи он дар Паём низ ишора шуд.

Дар Паёми Пешвои миллат ва сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва илм мақоми аввалиндараҷа дорад. Ҳамин аст, ки ҳамасола барои рушди ин соҳа аз буҷаи давлат маблаѓҳои зиёд ҷудо мегардад. Шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ зина ба зина беҳтар гардида, муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин гашта истодаанд. Ин ҳама ѓамхориҳо ба рушди соҳа ва зиёд шудани нишондиҳандаҳо мусоидат менамоянд. Дар соли 2020 низ як қатор тадбирҳои муҳим барои рушду густариши соҳаи маориф ва илми кишвар андешида шудаанд, ки онҳо марҳила ба марҳила амалӣ хоҳанд гашт. Аз омўзгорону кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар тақозо мешавад, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро дар муассисаҳо дуруст ба роҳ монда, насли созандаву бунёдкор ва дорои ахлоқу дониши баландро ба камол расонанд. Маҳз бо ин мақсад, дар факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав дар асоси Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, дар ин самт корҳои амалӣ татбиқ шуда истодаанд.

Қайд намудан зарур аст, ки аз Паём то Паём дар факултети филологияи донишгоҳ навгониҳои зиёде ба вуқўъ пайвастанд, ки гувоҳ аз амалӣ гардидани нуктаҳои ин ҳуҷҷати роҳнамосоз мебошад. Дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатӣ ироа шуданд, устодону кормандони факултетро вазифадор менамояд, ки дар омода намудани кадрҳои баландихтисос, худшиносу худогоҳ ва ватандўсту меҳанпараст саҳми шоиста гузоранд. Ҳамчунин дар шинохт ва таҳкими Истиқлолияту ваҳдати миллӣ, таъмини зиндагии шоиста барои ҳар сокини кишвар, ки ҳадаф ва мақсадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, чораҳои зарурӣ андешанд.

Умуман, ба роҳ мондани фаъолият дар асоси нуктаҳои дар Паёми Пешвои миллат зикргардида дар тамоми ҷабҳаҳо ба бештар гардидани нишондодҳои меҳнатӣ замина мегузорад.

 

 

Илҳом Қодирӣ,

декани факултети

филологияи тоҷики ДДБ

 ба номи Носири Хусрав