ҲИСОБОТИ
                                             бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ
                                                ба номи Носири Хусрав дар соли 2019

     Бахши Маркази таҳлилӣ иттилотии ДДБ ба номи Носири Хусрав дар давоми соли 2019 тибқи нақшаи корӣ як қатор корҳоро ба анҷом расид.
    Аз ҷумла, кормандони бахши Маркази таҳлилӣ-иттилотии ДДБ ба номи Носири Хусрав дар ин муддат рўйхати хатмкардагони соли 2017, ки донишгоҳро бо ихтисосҳои педагогӣ ва технологияи компютерӣ ба итмом расонидаанд, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, 20-уми сентябри соли 2019 сомонаи донишгоҳ btsu.tj низ бо суроғаи http://www.gts-center.tj        ҳамроҳ гардида, эълони масъалаи мазкур дар гўшаи эълон ва рекламаҳои сомонаи донишгоҳ ҷойгир карда шуд.
    Бар замми ин дар сомонаи донишгоҳ дар баробари гўшаҳои мавҷуда, инчунин рубрикаҳои нав бо номҳои «Хабар ва навигариҳо», «Эълон ва рекламаҳо», «Мақола ва китобҳои тозанашр», «Мо зидди ифротгароӣ» ташкил гардиданд ва сомонаи донишгоҳ Ҳамарўза бо маводи нав ба нав таъмин карда мешавад.
    Бахши Маркази таҳлилӣ иттилотии ДДБ ба номи Носири Хусрав тибқи дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.11.2019, №05/1-1022 ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзўр намудани фаъолият дар самти ошкорсозии моҳияти фаъолияти ТТЭ ҲНИТ ва муқовимат бо нерўҳои дигари зиддиконститутсионӣ аз 20.02.2018 як қатор тадбирҳо андешид.
Чунончи, дар донишгоҳ таҳияи рисолаҳои бакалаврӣ, магистрӣ, номзадӣ ва докторӣ дар мавзўъҳои моҳияти ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ ба роҳ монда шуда, алҳол 3 нафар устодони донишгоҳ: Саидов Алихон – мудири кафедраи фалсафа ва сиёсашиносӣ дар мавзўи «Фаъолияти институти перзидентӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва мадании Тоҷикистон (солҳои 1991– 2016) (рисолаи доктории худро соли 2019 бомуваффақият дифоъ намуд), Мадвалиев Ҷамолиддин – омўзгори кафедраи фалсафа ва сиёсашиносӣ дар мавзўи «Терроризм ҳамчун таҳдид ба суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ашўрзода Ҷамшеди Хуршед – омўзгори кафедраи равандҳои сиёсии Тоҷикистон дар мавзўи «Экстремизми динӣ ва хусусиятҳои он дар солҳои истиқлолият (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» ба корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ машғуланд.
     Ҳамчунин, омўзгорони донишгоҳ дар соатҳои тарбиявӣ, чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавии факултетию донишгоҳӣ моҳияти ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ ва дигар ташкилотҳои манъшударо ба донишҷўён мунтазам мефаҳмонанд.
Масалан, рўзи 10.01.2019 дар толори бинои асосии донишгоҳ бо иштироки намояндагони Вазорати корҲои дохилӣ ва гурўҳи «Пешоҳанг» (Авангард)-и донишгоҳ конференсия доир гардид. Дар кори конференсия доир ба масъалаҳои муҳими рўз, аз қабили нагаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, мавқеъ ва нақши ҷавонон дар ҷомеаи муосир маърўзаҳо қироат гардиданд. Дар ҷамъбасти конференсия аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба 50 нафар аъзои фаъоли ин гурўҳ барои тарғиб намудани ҷавонон ва пешгирии онҲо ба гурўҳҳои ифротӣ, ки ба якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар шуда, байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
    Инчунин рўзи 19.02.2019 дар кохи фарҳангии донишгоҳ бо ибтикори ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар робита бо ДДБ ба номи Носири Хусрав конференсия дар мавзўи «Саҳми Пешвои миллат дар пешгирии тероризми ҷаҳонӣ» доир гардид. Дар конференсия Мирзошоҳрух Асрорӣ – раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Рамазон Давлатзода – муовини Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Хидирзода Махфират – муовини раиси вилояти Хатлон ва Шомалангзода Саидқул –раиси Шўрои куҳансолони Ҳаракати миллӣ дар вилояти Хатлон иштирок доштанд. Чунин чорабиниҳо қариб ҳар моҳ аз тарафи устодон ва донишҷўёни донишгоҳ баргузор мегарданд.
       Устодону донишҷўёни донишгоҳ тавассути ВАО оид ба тарғиби тарзи ҳаёти дунявӣ дар телевизионҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ суханронӣ, мусоҲиба, гузоришҲо карда, ҳамзамон дар саҳифаҳои рўзномаҳои донишгоҳиву вилоятиву ҷумҳуриявӣ пайваста мақолаҳояшон интишор мегарданд.
     Чунончи, дар давоми соли 2019 мақолаҳои омўзгорони донишгоҳ: Ашўрзода Ҷ.Х. «Экстремизми динӣ: мафҳум, моҳият ва хусусиятҳои он» («Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», №2/10, 2017), «Экстремизми динию сиёсӣ ва хусусиятҳои муҳими он» («Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», №4, 2018), «Экстремизми динию сиёсӣ: омилҳои пайдоиш ва роҳу воситаҳои мубориза» («Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», №5, 2018), «Мафҳум ва моҳияти экстремизми динию сиёсӣ» (Конференсияи байналмилалии илмию амалии «Таҳсилот ва илм дар асри XXI: тамоюлоти муосир ва дурнамои рушд» бахшида ба 70-солагии ДМТ, 2018), «Омилҳои пайдоиш ва роҳҳои мубориза бо экстремизми динию сиёсӣ» («Фурўғ», №26, 2019); Таваров Д.С. «Ҷангҳои иттилоотӣ: моҳият, хусусият ва амалишавии онҳо» («Ахбори институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ», №2, 2017), Асоева Ш. «Хурофот махуфтарин омили ҷаҳонӣ» («Фурўғ», №20, 2019); «Аз падидаҳои номатлуб ҳазар бояд намуд» («Фурўғ», №2, 2019), «Зуҳуроти номатлубро пешгирӣ мебояд» («Фурўғ», №4, 2019); «ШабакаҲои интернетӣ хатари ифротӣ доранд» («Фурўғ», №21, 2019), «Муборизаи дастҷамъона бар зидди ифротгароӣ» (Фурўғ), №26, 2019); Файзуллозода Б. «Мубориза барои ҳифзи давлат ва арзишҳои миллӣ» («Фурўғ», №4, 2019); Қурбонов Д. «Ифротгароӣ: дар муқовимат алайҳи он набояд бетараф буд» («Фурўғ», №9, 2019); Самандари Раҷабалӣ «БаҲри ободии Ватан камари ҳиммат бандем» («Фурўғ», №10, 2019); Мамадаёзова М. «Хиёнат ба миллатро намебахшанд» («Фурўғ», №17, 2019); Сангимурод Шарипов. Шинохти гурўҲҲои иртиҷоӣ муҲим аст» («Фурўғ», №27. 5.12.2019); Собирҷони Боймурод «Бо падидаҳои номатлуб муборизаи дастҷамъона зарур аст» («Фурўғ», №28. 13.12.2019) ба шумор мераванд.
      Дар баробари устодон, инчунин донишҷўёнро низ мавзўи мазкур ба ташвиш оварда ва онҳо ҳам барои маҳкум намудани кирдори бадкорон мақолаҳо навиштаанд. Чунончи, Ёдгорова С. «Зуҳуроти ифротгароӣ ва зарурати пешгирии он» («Фурўғ», №2, 2019); Сафарзод Н. «Ба зуҳуроти хатарноки ҷомеа бо чашми ақл назар афканем» («Фурўғ», №21, 2019); Исроил Халилов «Терроризм ва ифротгароамну осоиштагиро аз байн мебарад» («Фурўғ», № 29, 20.12.2019) ва ғайра.
Рўзи 20.02.2019 дар факултети таърих ва ҳуқуқ чорабинии илмӣ-назарӣ дар мавзўи «Пешгирӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш декани факултет А. Саидмуминов ва устодону донишҷўён бо маърўзаҳо дар мавзўи «Омилҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои ифротӣ», «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ», «Рушди Тоҷикистон дар даврони истиқлолият» гузоришҳо доданд. Дар ҳамоиш зиёда аз 200 нафар донишҷўён иштирок доштанд.
     Инчунин рўзи 13.03.2019 дар факултети менеҷмент вохўрии донишҷўён бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон созандагони Ватан» доир гардид, ки дар он мудири шуъбаи кор бо ҷавони ҲХДТ дар шаҲри Бохтар Асадуллозода Ватани Давлатхўҷа ва дигар устодону донишҷўён иштирок доштанд. Меҳмонон дар рафти вохўрӣ бо донишҷўён оид ба мавзўъҳои пешгирию шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву ободкорӣ суҳбат намуданд.
Ҳамчунин рўзи 15-уми сентябри соли равон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи прокуратураи шаҳри Левакант дар ҳамбастагӣ бо гурўҳи «Авангард»-и РВКД дар вилояти Хатлон бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ ва ҷалби онҳо ба ободонӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолити миллӣ, мулоқот бо аҳли ҷомеа доир гардид. Дар вохўрии навбатӣ раиси созмони ҷавонони донишгоҳ Раҳимзода Меҳроҷ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Алихон Саидов, омўзгорои факултети таърих ва Ҳуқуқ Раҷабалзода Самандар иштирок ва суханронӣ намуданд.
      29.04.2019, №57А-фа дар донишгоҳ гурўҳи таҳлилӣ-иттилоотӣ дар ҳайати 19 нафар таъсис гардид ва фаъолияти гурўҳ хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби аъзои ин гурўҲ дар мавзўи ошкорсозии фаъолияти экстремистию террористии ҲНИТ ва дигар гурўҳҳои ифротию тундрав дар матбуоти даврӣ мунтазам мақолаҳо ба нашр мерасанд. Мақолаҳои Худоёров Р.С. «Қатлу куштор мусулмонӣ нест» («Омўзгор», №41, 2019), «Мутахассисони касбӣ заруранд» («Омўзгор», №46, 2019), «Мутахассисони касбӣ барои Ватан заруранд» («Фурўғ», №24, 2019); Ҳамдамзода Х.А. «Тундгароӣ ва роҲҲои мубориза бо он» («Фурўғ», №22, 2019); Рустамзода М. «Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм – вазифаи ҳар фарди ҷомеа» («Фурўғ», №25, 2019); МаҲмадалиева М. «Тоҷикистон ва хатарҳои идеологӣ» («Фурўғ», №3, 2019); Наимов Н. «Бозии эҳсосоти мазҳабӣ кай поён меёбад?» («Фурўғ», №3, 2019) ва ғайра ба он мисол шуда метавонанд.
     Инчунин Маркази таҳлилӣ-иттилоотии донишгоҳ тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.02.2019, №01/2-87 бо ҷалби олимону коршиносони маъруф, шахсиятҳои суханашон таъсиргузор ва омўзгорону донишҷўёни лаёқатманд дар мавзўи ошкорсозии фаъолияти экстремистию террористии ҲНИТ ва дигар гурўҳҳои ифротию тундрав мақолаҳо таҳия намуда, ба таври муттасил онҳоро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
МоҲи 20 октябр ва 23-юми декабри соли 2019 дар толори китобхонаи Раёсати Вазорати корҲои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз рўи повести устод Садриддин Айнӣ «Марги судхўр» ва романи «Восеъ»-и устод Сотим Улуғзода дар байни кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва ҷузъу томҳои он озмун баргузор гардид. Дар озмунҳои мазкур дар қатори дигар доварон сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии донишгоҳ ДДБ ба номи Носири Хусрав Раҷабалӣ Худоёрзода низ иштирок карда, донишу маҲорати ширкаткунандагони чорабиниро доварӣ намуд.
       Дар давраи ҳисоботӣ бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ бо кормандони нашрияҳои донишгоҳ ҳамкорӣ ва назоратро хуб ба роҳ монда, чанд шумораи рўзномаи «Фурўғ» мавриди омўзиш ватаҳлил қарор гирифт ва дар натиҷа баҳри рафъи нуқсонҳои дар маводи интишоргардидаи рўзнома ҷойдошта ба садорати донишгоҳ пешниҳодҳо манзур гардонида шуд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ моҳҳои октябр ва ноябр ҳамарўза масолили сиёсии дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба нашр расидаро мавриди омўзишу таҳлил қаррор дода, муҳимтарин хабарҳоро ба садорати донишгоҳ ба таври хаттӣ пешниҳод намудааст.
         Кормандони бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии донишгоҳ рўзи 26-уми декабри соли 2019 дар қатори дигар кормандони ДДБ ба номи Носири Хусрав Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карда, аз роҳбарони факултетҳои донишгоҳ натиҷаи омўзиши нуктаҳои дар Паём зикргардидаро ҷамъоварӣ намуданд. Ҳамон рўз аз 13 факултети донишгоҳ маводи вокунишӣ ҷиҳати дастгирӣ ва амалӣ намудани нуктаҳои дар Паём зикршуда дар шакли хаттӣ ва электронӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пешниҳод гардиданд.

                                       Сардори бахши Маркази
                                       таҳлилӣ-иттилоотии
                                        ДДБ ба номи Носири Хусрав                     Худоёров Р.С.