Ҷонибдории омӯзгорони  факултети молия ва низоми гумрук аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  26-уми декабри соли 2019 ироа гардид

 

Дар ин рӯз коллективи омӯзгорони факултети молия ва низоми гумрук ба толори маҷлиси донишгоҳ омада, бо диққат Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гўш намуданд.

Президенти мамлакат оид ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2019 маълумот пешниҳод намуда, қайд карданд, ки вазъи иқтисодии мамлакат, аз он ҷумла қисми даромади буҷети давлат, маҷмўи маҳсулоти дохилаи мамлакат дар давоми ин солҳо ба таври наззаррас зиёд гардидаанд. Ин аз сиёсати иқтисодии оқилона ба роҳ мондашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Имрӯз сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ нигаронида шудааст. Чунки мувофиқи яке аз принсипҳои назарияи иқтисод сатҳи зиндагии мардум дар ҳамон мамлакате баланд мегардад, ки дар он ҷо имконияти истеҳсоли молҳо ва хизматрасониҳо мавҷуд аст. Президенти мамлакат иброз доштанд, ки дар давоми солҳои охир ба соҳибкорон сабукиҳои зиёд аз тарафи давлат, аз он ҷумла кам гардидани шумораи тафтишҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ бо мақсади халал нарасонидан ба фаъолияти онҳо, паст кардани меъёри ситонидани андозҳо ва аз боҷи гумрукӣ озод намудани таҷҳизоти аз хориҷи кишвар воридшаванда барои соҳибкории истеҳсолӣ фароҳам оварда шуд. Дар самти дастгирии молиявии соҳибкорӣ ва махсусан соҳибкории истеҳсолӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки бонки алоҳида барои пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон ташкил намоянд. Албатта ин ҳама ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо аст.

Аз баромади Пешвои миллат дақиқ гардид, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар айни замон нисбат ба соли 2013 ба маротиб кам гардидааст, ки ин аз зиёд гардидани ҷойҳои корӣ дар дохили мамлакат шаҳодат медиҳад. Ҳоло шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Президенти мамлакат дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа гузоштанд, ки бо мақсади амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ҳамаи шароити зарурӣ барои рушди соҳибкорӣ муҳайё карда шавад ва ҳар сол садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ бунёд карда шавад.

Президенти мамлакат дар баробари мавриди таҳлил қарор додани вазъи иқтисодии мамлакат ба масъалаҳои илму маориф, тандурустию варзиш ва вазъи иҷтимоии мардуми кишвар таваҷҷуҳи хоса доданд. Дар назди кормандони соҳаи маориф асосан вазифаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим гузошта шуд ва бо мақсади таҳким бахшидани омӯзиши фанҳои техникӣ, риёзӣ ва табиӣ солҳои 2020-2040 20-солаи омӯзиши фанҳои техникӣ, риёзӣ ва табиӣ аз тарафи Пешвои миллат эълон гардид. Ин кормандони соҳаи маориф ва илмро водор месозад, ки дар ин самт корҳои таълимӣ ва илмиро тақвият бахшида, ба натиҷаҳои амалӣ дар шаклҳои ихтирооти нави техникӣ ноил гарданд. Беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ва барои ин муҳайё сохтани шароити зарурӣ яке аз самҳои муҳими сиёсати имрӯзаи давлат арзёбӣ гардид. Инчунин дар маҳалҳои зисти аҳолӣ ташкили иншоотҳои варзишӣ бо мақсади солим гардонидани  насли наврас ва калонсолон амри зарурӣ хонда шуд. Дасти ёрӣ расонидан ба маъюбон ва зиёд намудани нафақаи онҳо, инчунин ба миқдори 15% зиёд гардидани стипедия, маоши кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои буҷетӣ ғамхории навбатии Президенти мамлакат ба ин қишри аҳолӣ мебошад.

Ин ҳама дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кормандони факултети молия ва низоми гумрукро водор месозад, ки сиёсати Президенти мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои иҷрои саривақтии амру супоришҳояшон камари ҳиммат бандем.

 

 

Рањматулло Аминов,

декани факултети  молия

 ва низоми гумруки ДДБ

ба номи Носири Хусрав