БАРДОШТЕ АЗ ПАЁМ

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзи 26-уми декабри соли 2019 ироа гардид, ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи худ ва фаъолияти ҳукумати мамлакатро дар давоми як сол таҳлилу баррасӣ намуда, барои солҳои минбаъд якчанд вазифаи мушаххасе дар назди халқу ҳукумат гузошт.
     Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, дар соли 2019 низ чун дигар солҳои даврони соҳибистиқлолӣ тамоми фаъолияти ҳукумат ба хотири некуаҳволии мардум ва ободии ҷумҳурии азизамон равона карда шуда буд ва дар ин самт соли ҷорӣ корҳои зиёде низ анҷом ёфтаанд. Соли сипаришуда барои халқу давлати мо соли бобарор ва таърихӣ буд ва мо дар ин сол ба як қатор дастоварду муваффақиятҳо ноил гардидем. Сарвари мамлакат изҳори умедворӣ карданд, ки комёбиҳои пай дар пай ва давомдори соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат шаҳодат медиҳанд, ки мо батадриҷ ба ҳадафҳои стратегии дарпешгузоштаи худ наздик шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум рўз то рўз беҳтар мегардад.
      Мувофиқи таъкиди Пешвои миллат, афзоиши босуръати аҳолӣ тақозо менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат диққати аввалиндараҷа дода шавад. Барои беҳтар намудани некуаҳволии мардум обу заминро самаранок истифода бурда, истеҳсоли маводи ғизоиро зиёд бояд кард.
     Аз ҷониби Президенти мамлакат қайд гардид, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамасола маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ, инчунин, нафақа ва стипендия баланд бардошта мешавад. Аз ҷумла, дар соли 2020 маоши кормандони ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети давлат маблағгузорӣ карда мешаванд ва нафақаву стипендия то 15 фоиз баланд бардошта мешавад ва минбаъд низ ин иқдом идома хоҳад ёфт.
   Яке аз масъалаҳои асосие, ки мавриди таваҷҷуҳи Сарвари мамлакат қарор гирифт, масъалаи илму маориф буд. қайд гардид, ки ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа додан, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ислоҳот ҷорӣ даровардан ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф кардан тақозои замон мебошад. ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки ба зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем. Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ соли 2019 ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд, ки аз ин шумора 32 муассиса аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар бунёд гардидааст. Сарвари мамлакат таъкид намуданд, ки ин иқдом минбаъд низ идома ёфта, «то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад». Дар ҷавоби ин ғамхориҳо шахсони масъул ва кормандони соҳаҳои илму маорифро зарур аст, ки барои баланд бардоштан ва ба талаботи замони муосир ҷавобгў намудани сатҳу сифати таълиму тарбия саъю кўшиш намоянд.
     Таъкид гардид, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд. Сарвари мамлакат пешниҳод намуданд, ки олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳамасола дар ҳама зинаҳои таҳсилот баргузор гардида, ғолибон аз тарафи сохторҳои марбутаи давлатӣ ҳавасманд карда шаванд.
Масъалаи дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи Сарвари мамлакат қарор гирифт, масъалаи маърифатнокии ҷомеа ва ба китобхониву забондонӣ ҷалб намудани онҳо буд. Бо ин мақсад Пешвои миллат дастур доданд, ки ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” – ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб карда шаванд ва аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон чораҷӯӣ намоянд.
       Инчунин Сарвари мамлакат пешниҳод намуданд, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҳар сол баргузор карда шавад.
    Мувофиқи таъкиди Сарвари мамлакат китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок намудани ҷомеа мебошад ва ба ҳамин хотир лозим аст, ки чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
     Сарвари мамлакат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар давоми солҳои 2014-2019 қариб 8 миллион китоб ба нашр расидаанд, вале беш аз 2 миллион нусха китобҳо ба фурӯш нарафта, дар анбори нашриётҳо мондаанд. Барои рафъи ин мушкилот он кас супориш доданд, ки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намуда, китобҳои аз гардиш бозмондаро дастраси мардум гардонанд.
    Иқдоми дигаре, ки аз ҷониби Пешвои миллат роҳандозӣ гардид, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп кардан ва аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намудани китоби “Тоҷикон” – и Бобоҷон ғафуров буд, ки бешак дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандории мардум саҳмгузор хоҳад буд. Ба қавли Сарвари мамлакат, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Дар охир Сарвари мамлакат бори дигар таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии қонунҳои қабулкардаи парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон аст.
Барои ба ин мақсад расидан лозим аст, ки тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон якдилона меҳнат намоянд ва барои ояндагон мулки ободе ба мерос гузоранд.

Аҳмадов С. – н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик
Чиллаев С. – докторанти кафедраи адабиёти тоҷик