Дар партави Паёми Пешвои миллат

ПОЯИ ДАВЛАТ НАМОНАД БЕ МОРИФ УСТУВОР…

    Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26-уми декабри соли 2019 ироа гардид, ба мо – омӯзгорон рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Сарвари давлат дар ироаи хеш аз дастовардҳои соли 2019 дар муқоиса бо ҳафт соли охир, рушди иқтисодиёти кишварро ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмингардида ҳисобид. Роҳбари давлат дар Паёми имсолаи худ қариб тамоми соҳаҳои хоҷагии халки кишварро мавриди таҳлил қарор дода, аз бурду бохт ва тараққию таназзули онҳо сухан ронданд.
   Аз Паёми имсолаи Президенти мамлакат иттило ёфтем, ки аз ҷониби як соҳибкори ватанӣ Абдухалил Ғуломов соле пеш дар деҳаи Шаҳристони ноҳияи Рӯдакӣ бо харҷи 21 миллион сомонӣ бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда сохта ба истифода дода шуда, хамзамон аз ҷониби ӯ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо маблағи умумии 70 миллион сомонӣ сохтмони мактабҳо барои 4900 ҷойи нишаст бунёд гардида истодааст, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии кишварамон мавриди истифода қарор мегиранд.
    Чунин корҳои нек боиси муҳайё шудани шароити беҳтари таҳсил барои фарзандони миллат гардида, дар рушду такомули соҳа низ такони ҷиддӣ мебахшанд. Кошки соҳибкорони дигари кишварамон ҳам аз чунин фардони миллатдӯсту хайрхоҳ ибрат гиранду барои маърифатнок гардидани фарзандони миллати худ шароитҳои мусоид фароҳам оваранд.
     Президенти мамлакат дар Паёми хеш аз ҷумла иброз намуданд, ки “Дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”.
   Ёдовар мешавем, ки аксари оилаҳои тоҷикон серфарзанд мебошанд, бинобар ин қариб дар ҳар як деҳа, шаҳрак ва шаҳру ноҳияҳои кишварамон ҳамасола зарурати бунёи мактабҳои замонавӣ пеш меояд. Ин мушкилӣ ҳам аз мадди назари роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонда, дар соли 2020 сохтмони 181 мактаб бо маблағи 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.
   Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш ба роҳбарону кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла ба мо – омӯзгорон дастур доданд, ки сатҳу сифати таълимро дар тамоми зинаҳои таҳсилот баландтар бардорем, назорати дарсазхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонем, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои дарсӣ, бадеӣ, илмӣ, илмӣ-методӣ ҷалб намоем ва қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшем. Ҳамин буд, ки барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани таълим ва бобати тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби Сарвари давлат солҳои 2020–2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму муаориф” эълон карда шуд, ки ин пешниҳод на танҳо боиси хурсандии мо – омӯзгорон буд, балки он мояи шодмонии тамоми қишрҳои ҷомеа низ гардид.
  Ин амр мо – омӯзгоронро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбияи шогирдони хеш бепарвоӣ зоҳир накарда, барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбия ҷаҳду талош варзида, онҳоро ба олимпиадаҳои шаҳриву ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ омода намоем.
   Сарвари давлат ба омӯзиши забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, таъкид намуданд, ки “мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз намоем”. Зимнан иброз медорам, ки ҳар як фарди забономӯз бояд аввал забони модарии худро нек донад ва пасон дар муқоиса бо забони модарӣ ӯ метавонад дигар забонҳоро низ аз худ намояд.
    Шоир Саидаҳмадхоҷаи Аҷзӣ ҳам ба ин нукта ишора карда, барҳақ гуфтааст:

Агар сесад забон донӣ фузун нест,
Ҳама рӯзе ба кор ояд забун нест.
Надонӣ гар забони давлати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

    Масъалаи дигаре, ки солҳо боз мо – омӯзгоронро ба ташвиш овардааст, ин дур мондани ҷавонону наврасон аз мутолиаи китоб мебошад. Ҳамин нуктаро ба назар гирифта Пешвои миллат дастур доданд, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” ба роҳ монда шавад. Роҳандозӣ намудани озмуни мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ яке аз чораҳои муҳими рафъи бесаводӣ дар ҷомеа ба шумор меравад.
   Падидаи хушҳолкунандаи дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат садо дод, ин чоп гардидани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров буд. Сарвари давлат дастур доданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров чоп ва аз номи ӯ ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад. Интишор гардидани ин асари пурарзиш, дастрас ва мавриди мутолиа қарор гирифтани он дар худшиносиву худогоҳии миллии шаҳрвандони ҷумҳурӣ нақши боризе дорад.
Инчунин аз Паёми имсолаи хеш Сарвари давлат иттилоъ ёфтем, ки чанде пештар Конфронси генералии ЮНЕСКО дар бораи баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кардааст. Ҷашнгирии ин санаҳои бузурги таърихӣ дар миқёси байналмилалӣ бори дигар халқи тоҷикро ҳамчун миллати соҳибтамаддун муаррифӣ менамояд.
     Дар як мақола мо ба тамоми паҳлуҳои Паёми Пешвои миллат дахл накарда, мутолиаи ҷиддии онро ба хонандаи гиромӣ ҳавола месозем ва боварӣ дорем, ки Паёми мазкур дастури рӯимизии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Мо – кормандони соҳаи маориф дар амалисозии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат бояд доимо пешгоми ҷомеа ва дар фаҳмондану амалисозии нуктаҳои муҳими он ҳамеша саҳмгузор бошем. Ҳамчунин дар анҷоми мақолаи хеш гуфтаниям, ки рӯ ба мактабу маориф овардан ин роҳи халосии ҷомеа аз тамоми буҳронҳост. Шоире муҳиммияти маорифро барои пойдории давлат дарк намуда, барҳақ фармудааст:

Пояи давлат намонад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Раҷабалї Худоёрзода, дотсенти
кафедраи методикаи таълими
забон ва адабиёти тоҷики ДДБ
ба номи Носири Хусрав