Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣбо Ассотсиатсияи мададгор ба рушди ташкилотҳои сайёҳӣ (ТАТО) таҳтисарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон РустамиЭмомалӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсадиҷалби сайёҳони Ҷумҳурии Мисри Араб ва омӯзишу мубодилаи таҷриба дар бахши сайёҳӣ ҳамоиш доир гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур пайдо намудан ва азхудкунии хатсайрҳои нави ҷаҳонии сайёҳӣ, аз ҷумла дар ҳудуди Ҷумҳурии Мисри Араб, омӯзиш ва мубодилаи иттилооту таҷриба миёни ин ду кишвар дар самти сайёҳӣ мебошад.

Зимни чорабинии мазкур Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ба намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Мисри Араб самтҳои сайёҳии кишварро бо шумули сайёҳии экологӣ, сайругаштӣ, табобатию солимгардонӣ, куҳнавардию лижаронӣ, шикор ва ислоҳоту дастовардҳо дар ин самт муаррифӣ намуд.

Н. Абдуғаффорзода аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ ёдрас шуда, зикр намуд, ки роҳи осону соддакардашудаи ба даст овардани раводиди электронӣ ба сайёҳон имкон медиҳад, то бемамониат ба Тоҷикистон ташриф биёранд. “Дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро дар самти рушди сайёҳӣ доро мебошад. Сиёсати дарҳои кушод имкон медиҳад, то дилхоҳ сайёҳи хоричӣ ба кишвари мо ташриф оварда, дар чунин кишвари сарсабзу хуррам, дорои тамаддуни бойи қадимӣ ва аз лиҳози бехатарӣ амну ором сайругашт намояд”, — афзуд Нуъмон Абдуғаффорзода.

Ёдовар мешавем, ки чун 93 дарсади замини Тоҷикистон кӯҳсор аст, ин беҳтарин имконро ҷиҳати рушди сайёҳии шикор, экологию табобатӣ ва куҳнавардӣ фароҳам меорад.

Дар доираи ҳамоиши мазкур ба имкониятҳои ифтитоҳи хатсайри ҳавопаймоии Шармул-шайх-Душанбе-Шармул-шайх низ таваҷҷуҳ карда шуд. Зикр гардид, ки ин самти парвоз барои ташрифи бемамонеаи сокинони Мисри Араб ба Тоҷикистон шароит фароҳам оварда, аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ роҳандозӣ мегардад.

Роҳбари ширкати сайёҳии “Тревел Дейс Компани”-и Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Немр аз имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ошноӣ пайдо намуда, ба имконияту захираҳои сайёҳии мамлакат баҳои баланд дод. Таъкид гардид, ки имконияту захираҳо ҷиҳати мубодилаи сайёҳон байни ду кишвар ва ҷалби бештари сайёҳони Ҷумҳурии Мисри Араб зиёд буда, дар ин самт гузаронидани форумҳои якҷояи ширкатҳои сайёҳӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мисри Араб аз соли 1993 муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, то имрӯз дар натиҷаи ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои мухталиф ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.