Аз 9-ум то 13-уми январи соли 2020 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 16-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз фанҳои матемактика, физика ва технология иттилоотӣ доир гашт.
Дар Олимпиадаи мазкур 82 даста аз 20 кишвари олам иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 3 даста аз литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, литсейи муштараки тоҷикӣ-руссии Ҳотам ва ПВ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иборат аз 21 нафар намояндагӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти озмун хонандагони тоҷик сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ, 2 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд.
Маврид ба ёдоварист, ки хонандагони тоҷик соли 2019 дар 31 олимпиадаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 251 ҷойҳои ифтихорӣ (65 медали тилло, 66 медали нуқра ва 118 медали биринҷӣ) гардидаанд.