Донишҷӯёни имконияти маҳдуддошта ба ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд

        

Дар заминаи роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 7-уми феврали соли 2020 мулоқоти ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» профессор, Давлатзода С.Х. бо донишҷӯёни имконияти маҳдуддошта сурат гирифт.

Дар мулоқот ректори донишгоҳ бо вазъи зиндагӣ ва таҳсили ин гурӯҳи донишҷӯён шинос шуда, онҳоро ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳанар тарғиб намуд.

 Донишҷӯёни имконияти маҳдуддошта ба ректори донишгоҳ ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар ободиву пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд. Дар охири мулоқот ба донишҷӯёни мавриди назар кӯмакпулиҳо расонида шуд.  

 

 

                                                                        

 

Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав