ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ САФОРАТИ ҲИНДУСТОН

5-уми феврали соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон бо садорати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.
Намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингх, корманди масъул оид ба масъалаҳои сиёсат хонум Манита Кумарӣ, корманди масъул оид ба масъалаҳои фарҳанг доктор Абдул Самиро ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ва дигар омӯзгорону донишҷӯён дар саҳни донишгоҳ бо гулу гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.
Баъди пазироии самимӣ дар ҳуҷраи кории ректори донишгоҳ мулоқоти меҳмонон бо садорати донишгоҳ доир гардид. Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Давлатзода Сайфиддин Хайриддин дар бораи ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илму маориф, санъату фарҳанг, истеҳсолоту тиҷорат мухтасар ёдрас шуда, дар оянда низ идома кардани ин ҳамкориҳоро зикр намуд.
Баъдан Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингх низ роҷеъ ба ташкили марказҳои илмию фарҳангӣ, забономӯзию ҳунармандӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон мухтасар гузориш дод. Мавсуф зикр намуд, ки барои дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ, ташкили марказҳои фарҳангӣ, илмӣ вағайра омода ҳастанд, ки кумак ва дасти ёрӣ расонанд. Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки барои ба таҷрибаомӯзӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон фиристодани устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ мусоидат мекунанд.
Дар анҷоми мулоқот ба меҳмонон аз ҷониби садорати донишгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд ва ҳамзамон меҳмонон низ ба донишгоҳ китобҳои илмию бадеиии худро ҳамчун армуѓон ҳадя карданд.
Баъдан меҳмонон ва устодону шогирдон дар кохи фарҳангии донишгоҳ барномаи ҳунарии омодакардаи маҳфили фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистонро тамошо карданд. Дар барномаи фарҳангии намоишдодашуда аксари суруду мусиқиҳо бо забонҳои тоҷикию ҳиндӣ садо доданд. Чунин ҳамкориҳо дар мустаҳкам гардидани робитаҳои байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ҳиндустон мусоидат хоҳанд кард.

 

Раҷабалӣ Худоёрзода,
сардори Маркази таҳлилӣ-
иттилоотии ДДБ ба номи
Носири Хусрав