Боло бурдани огоҳии мардум – омили пешгирӣ аз шомилшавӣба гурўҳҳои иртиҷоӣ
Ҷаҳони муосир бо дигаргуниву тағйирпазириҳои худ ба мавҷудияти инсон дар рўи замин мушкилиҳои ҷиддиро рўз ба рўз ба бор оварда, аз тамоми мақомоту сохторҳои давлатӣва шахсони алоҳида тақозои масъулияти ҳифзи оромиву осудагӣва таҳкими ваҳдату дўстиро менамояд. Яке аз зуҳуроти ниҳоят хавфнок ба ҳаёти инсоният ташкилу фаъолияти гурўҳҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Терроризм ва экстремизм падидаҳои зиёновари ҷомеа буда, афроде, ки ба онҳо пайваст мешаванд, модар-ватан, таъриху фарҳанг, забон ва дигар муқаддасоти миллиро қадр намекунанд.
Имрўзҳо тамоми созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣбаҳри решакан намудани ин падидаи зиёновар тадбирҳо андешида, давлат ва кишварҳоро барои мубориза бар зидди онҳо даъват карда истодаанд. Дар робита ба ин, дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон аз 26-уми декабри соли 2019 чунин таъкид шудааст: «Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад». Имрўзҳо ҷиҳати рушду тавсеи ҳамкориҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ робита ва ҳамкориро бо тамоми вазорату кумитаҳо ба роҳ монда, дар пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла шомилшавӣба гурўҳҳои иртиҷоӣ барномаҳои вижаро амалӣ намуда истодаанд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, яке аз роҳҳои пайвастани сокинон, хоса ҷавонон ба гурўҳҳои иртиҷоӣтариқи технологияҳои информатсионӣ, махсусан телефонҳои мобилӣмебошад. Солҳои охир роҳбарону созмондиҳандагони ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бошанд тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ҳадафҳои худро амалӣ намуда истодаанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣхеле ба маврид дар ин хусус зикр карданд: «Созмонҳои терриристӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣдар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд». Ҳар фарди ҷомеа, ки бевосита дар ҷараёни фаъолияту зиндагӣаз технологияҳои иттилоотӣ, хоса телефони мобилӣвасеъ истифода мебаранд, ҳушдор дода мешавад, ки фарҳангу маданияти истифодаи онро дуруст дарк намоянд. Ба ҳар гуна сомонаҳои иҷтимоие, ки ба мафкураву зеҳни онҳо таъсири бад мерасонад, ворид нашаванд.
Дар ин замина, волидону омўзгорон, шахсони рўзгордида ва аҳли ҷомеаро лозим аст, ки дар дуруст ба камол расонидани насли наврас, пешгирии шомилшавии сокинон ба гурўҳҳои ифротгаро масъулияти бештар эҳсос намуда, дар таъмини оромиву осудагӣсаҳмгузорӣнамоянд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ҷиҳати баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии устодону донишҷўён аз чунин падидаҳои номатлуб пайваста чорабиниҳои гуногун ташкил ва гузаронида мешаванд. Дарвоқеъ, гузаронидани суҳбату вохўриҳо дар ин хусус сатҳи донишу ҷаҳонбинии соҳибватанонро боло бурда, масъулияти онҳоро дар ҳифзи Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ бештар менамояд.

Шарифов Сангимурод, сардори бахши иттилоотӣ-таҳлилии ДДБ ба номи Носири Хусрав